Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, нашри китобҳои тоҷикӣ сол аз сол зиёд мегардад.
Моҳи охири соли сипаришаванда яке аз рӯзноманигорони фаъоли “Овози тоҷик”, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва журналистони Тоҷикистон Саодат Бекназарова китоби аввалини худ “Армуғон”-ро, ки нашриёти «Ӯзбекистон файласуфлари жамияти»-и пойтахт ба дасти чоп додааст, ба алоқамандони каломи бадеъ армуғон кард. Метавон гуфт, ки он туҳфаи солинавии нависанда ба шефтагони адабиёту олами маънавият аст.
Маросими муаррифии китоб дар дукони “Олами китоб”-и Самарқанди бостонӣ, ки ҷамоаи рӯзномаи “Овози тоҷик” низ дар давоми сафари эҷодӣ онҷо ҳузур доштанд, баргузор шуд.
Ба фикрам, дар Самарқанд баргузор шудани муаррифии китоб тасодуфӣ набуд. Дар ин шаҳри куҳан давраи беҳтарини умр – ҷавонии муаллима гузаштааст, ки дар суҳбатҳо зуд-зуд аз ин даври тиллоӣ ёдовар мешуд.
Бегоҳии он рӯз барои иштирок дар чорабинӣ алоқамандони зиёди адабиёти тоҷик ҷамъ омаданд, ки байни онҳо нависанда Солеҳ Саид Мурод, котиби масъули рӯзномаи “Овози Самарқанд” Фаридуни Фарҳодзод, директори китобхонаи “Олами китоб”-и шаҳри Самарқанд Азиз Маҳмудов буданд.
Дар чорабинӣ муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзнома Абдулло Субҳон изҳор дошт, ки нашри матолиби публитсистӣ дар шакли китоб аҳамияти калон дорад. Ҳоло дар кишвари мо ба мисли «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Садои Сӯх» нашрияҳои зиёд чоп мешаванд. Фикр мекунам, журналистони ҷавоне, ки дар ин нашрияҳо фаъолият доранд, метавонанд аз чунин китобҳо гирумон омӯзанд.
Ҳикояҳои муаллиф, ки бо шеваи ба худ хос навишта шудаанд, аз зиндагии мардум, хоссатан дунёи занон, маншаъ мегирад.
Бале, аз он ки дар ҳикоя ва очеркҳо самимияти муаллиф бештар эҳсос мегардад, хонандагонро бефарқ намегузоранд.
Қаҳрамони асосии ҳикояҳо занону модаронанд, ки бештари онҳо бо муаллиф ё ҳамсолу дугона, ё хешу табор ва ё дар ин ё он ҷо бо онҳо вохӯрдааст... Дар нигоштаҳои ӯ зан ва модар рамзи меҳру муҳаббати беназиранд. Мисолан, дар ҳикояи “Дуои модар” модари Икром солҳои дароз дар талаби фарзанд буд, баъде, ки фарзанди нозпарвараш ба дунё омад, то ба воя расидани ӯ шабзиндадориҳо кард, мисли модарони дигар барои бахту камоли фарзанди ягонааш заҳматҳои зиёд кашид. Пас аз вафоти шавҳараш бошад, ӯро бо яккадастӣ ба воя расонд.
Аммо модар роҳати чунин заҳматҳоро надид. Икром бо исрору пофишориҳои ҳамсар модарашро ба хонаи пиронсолон мебарад. Модари бечора дар чунин рӯзҳои вазнин низ фақат писарашро дуои хайр мекунад, ки фазилатҳои дарёдиливу фарзанддӯстии хоси модарони моро ифода менамояд.
С. Бекназарова солҳои охир дар соҳаи тарҷума низ қаламашро месанҷад. Дар тарҷумаи ҳикояҳои “Ташнаи меҳр”, “Роҳи дарози армон”-и Г. Сотиболдиева, “Сарбанд”, “Лонаи лаклак”-и М. Тилабова, “Як қатра об”-и Саид Аҳмад, ки аз забони ӯзбекӣ тарҷума шудаанд, ибораву ифодаҳо тоҷикианд.
Мо дар бораи «Армуғон»-и ҳамкори заҳматписандамон метавонем бисёр чиз гӯем. Вале дар урфият мегӯянд: «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он аст, ки аттор бигӯяд». Фикр мекунам, маҳсули хомаи С. Бекназарова писанди хонандагони соҳибзавқ мегардад.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.