АРМУҒОН ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ба қарибӣ сафоратхонаи Тоҷикистон дар Тошканд бо ҳузури кормандони сафорат ва равшанфикрони тоҷики ӯзбекистонӣ ба муносибати иди Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки ҳар сол 27-уми июн таҷлил мешавад, нишасти ботантана доир гардид.

Ба қарибӣ сафоратхонаи Тоҷикистон дар Тошканд бо ҳузури кормандони сафорат ва равшанфикрони тоҷики ӯзбекистонӣ ба муносибати иди Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки ҳар сол 27-уми июн таҷлил мешавад, нишасти ботантана доир гардид. 
Сафири муҳтарами Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар хусуси Тоҷикистони имрӯз, пешрафтҳои он, саъю талоши ҳамешагӣ барои доштани ваҳдату ҳамгароӣ ва осоиши доим маърӯзаи муфассал намуд. Чанд тан аз ҳозирин бо изҳори табрику таҳният суханронӣ карданд.
Дар ин нишасти идона сафир якчанд зиёии тоҷики ӯзбекистониро бо ҷоизаҳо тақдир намуд. Аз ҷумла, собиқ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», донишманди закӣ, марҳум Муҳсин Умарзода (пас аз марг) ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд ва барояш унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон дода шуд. Рӯзноманигори варзида, устод Маъруф Отахонзода ба унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон сазовор гардид. Дар фазои мутантан ду нафар адиб – шоири шинохта Паймон ва нависандаи чирадаст Юнуси Имомназар низ ба гирифтани ҷоизаи «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шарафёб гардиданд. 
Бешак, тақдир шудани равшанфикрони мо бо ҷоизаҳо аз қадршиносии волои ҳаммиллатони азизи тоҷикистонӣ гувоҳӣ медиҳад. Ба хусус, ин ҳиммати воло дар остонаи иди Ваҳдати миллӣ, айёми баҳамойӣ ва ҳамбастагӣ ба фоли нек аст ва аз хислатҳои ҳамидаи мардуми нексиришти тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: