АРМУҒОНЕ БА ҶАШН

Китоби навбатии шоир ва рӯзноманигор Нормурод Каримзода «Субҳ ба хайр» ном дорад, ки дар арафаи ҷашни 70-солагии зодрӯзи ӯ аз тарафи хонаи табъу нашри «Янги китоб» рӯйи чопро дидааст.

Китоби навбатии шоир ва рӯзноманигор Нормурод Каримзода «Субҳ ба хайр» ном дорад, ки дар арафаи ҷашни 70-солагии зодрӯзи ӯ аз тарафи хонаи табъу нашри «Янги китоб» рӯйи чопро дидааст. Аз он шеъру достон, рубоиву суханрезаҳои тозаи шоир ҷой гирифтаанд.
Нормурод Каримзода чун тараннумгари меҳани куҳан, модари мушфиқ ва меҳру муҳаббати одамӣ дар байни хонандагон маъруф гаштааст. Китоби мазкур низ бо шеъри ба мадҳи Ватан бахшидаи шоир, ки «Эҳсоси Ватан» ном дорад, оғоз мешавад:
...Ватанам, рӯҳу равон дар тани 
беҷони манӣ,
Нури имони манӣ, ҷӯши 
Зарафшони манӣ.
Чинам аз домани эҳсони 
баҳорат гулҳо, 
Дили дарёи манӣ, мояи
 туғёни манӣ.
Мушкилоти хурду калони асрамон шоирро намегузорад, ки осуда бошад. Ӯ аз ҷангу ҷидоли байни давлатҳо, офатҳои табиӣ, кинаву адоват ва беоқибатии мардум озурда гаштааст:
Дарди асри бистуяк бисёр шуд,
Гӯиё як асри пурозор шуд.
Як тараф хунрезиҳои беҳисоб,
Як тараф о(б)хезиҳои пуразоб...
Вазъи дунё мебарад ҳуш аз 
сарам,
Гӯй охир, то ба кай тоб оварам?
Шоир баъди тасвири «чархи гардун»-и имрӯза ва ҳолати худ, сари ҳалли чунин мушкилот меояд. Бино ба фикри ӯ хушрафтору хушгуфтории одамӣ ҳалли мушкилот аст:
Нест захме, ки надорад 
марҳаме,
Нест инсон, ки надорад 
маҳраме.
Олам обо(д) мешавад аз 
кори нек,
Одам озо(д) гашта аз 
пиндори нек.
Аз «Субҳ ба хайр» чанд достони муаллиф ҷой гирифтааст, ки  яке аз онҳо «Қобил ва Ҳобил» ном дорад. Ин ҳамон қиссаест, ки тафсираш дар Қуръони карим омадааст, ки мо борҳо хондему шунидаем. Шоир рафти воқеаҳоро аз нав ба риштаи назм кашидааст.
Ба гуфти шоир инсон офаридаи бузурги Худованд аст, ки бояд ҳамеша сазовори чунин мартабаву мақом бошад:
Дар олам зи инсон фузун банда 
кист?
Аз ӯ бартарин халқи поянда кист?
Шараф бар халойиқи  
фархундарой,
Дар ин саҳни гетӣ варо турфа ҷой.
Мо бар онем, ки китоби навбатии шоир низ бо достону мавашшаҳ, катибаю суханрезаҳояш ҷевони аз рафи китоби китобдӯстон ҷойи муносиб мегирад.

Н. НОДИРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: