АРМУҒОНИ БОНУВОНИ БОЙСУН

Бойсун диёри ҷаннатмаконест, ки бо обу ҳавои софу беғубораш, чашмаҳои зулолаш касро мафтун мекунад.

Шояд ҳамин сабаб бошад, ки дар ин ҷо шоиру нависандагони забардаст, ҳунармандони моҳир арзи ҳастӣ кардаанду бо Ҷашнвораи байналхалқии «Баҳори Бойсун» шуҳрати ин диёр боз ҳам зиёда шуд. Санъати халқии бахшиён ҳам аз ҳамин гӯшаи диёрамон арзи ҳастӣ намуда, ба олам паҳн гардид. Алпомишу Барчинойҳо шӯру исён, ишқу муҳаббати қалбашонро тавассути ин санъати наҷиб изҳор намудаанд ва ин анъана минбаъд ҳам идома меёбад.
Модоме ки чунин аст, бойсуниён дар ин фестивал аз дигарон зиёдатар омодагӣ гирифта, кӯшишу талош доранд, ки ҳунари хешро ба оламиён бори дигар намоиш диҳанд. Хуллас, 20 нафар чевари моҳир аҳд намуданд, ки бо нури чашмону меҳнати дастон ва диди хоси занони Бойсун намунаи санъате офаранд, ки дар сӯзанидӯзӣ рекорд монанду дар китоби Гиннесс ҷой гиранд ва ба Наврӯзи оламафрӯз, фестивалҳои байналхалқии санъати бахшиёну «Баҳори Бойсун» туҳфаи арзандае шавад.
Зани соҳибкору ҳунарманд Малика Пошшоева бо шогирдонаш, духтарону ҳамсоязанҳояш ба ин кори хайр даст заданд, то ки ин кори бузургҳаҷм ба зудӣ анҷом ёбад. Рӯзу шаб нагуфта меҳнат карданд. Ба Маликабону хоҳарон Ҳаловат ва Санобар Ориповаҳо, духтараш Нилуфар, ҳамсоязанҳо Адолат Турсунова, Нигора Абдуназарова, Хосият Ҳамроева, Турсуной Орипова, Муҳаббат Болтаева, Дилрабо Юсупова, Барно Рӯзиқулова, Зиёда Бобоқулова, Раъно Ҳамидова аз наздик кӯмак намуданд. Вақте ки сӯзанӣ тайёр шуду онро дар майдони варзишии маҳаллаи «Мустақиллик» паҳн намуданд, аҷоиб манзарае пайдо шуд. Гӯиё дар доманаи кӯҳ як нақши нотакроре ба вуҷуд омад. Занҳо аз хурсандӣ меболиданду бинанда аз тамошояш сер намешуд.  
Чеварони моҳир аз матои сурхе, ки дарозиаш 25 метру бараш 6 метрро ташкил мекард, муддати 6 рӯз нақши сӯзанӣ, яъне гулҳои онро кашиданд. Дар кашидани нақш эътибор дода шуд, ки урфу одат, анъанаҳои миллӣ, мероси маънавии ғании халқамон бояд таҷассум ёбад. Чунин ҳам шуд. Барои дӯхтани сӯзанӣ 16 кг ришта сарф гардид ва он ба муддати 6 моҳ ба анҷом расонида шуд ва ҳоло вазни он 60 килограммро ташкил мекунад. Ба ин занҳои ҳунарманду саховатпеша дуо мекунем, ки дасташон ҳаргиз дардро набинаду ҳунарашон волову ҳамеша боқадр бошад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: