Солҳои охир ба китобу китобхонӣ эътибори зиёд дода мешавад.
. Ба ҳамдигар туҳфа кардани ин хазинаи беназир бошад, ба ҳукми анъана даромад.
Боре як гурӯҳ дӯстон аз ҷумҳурии ҳамсоя ба диёри мо азми сафар намуданд ва қабл аз омадан дар гурӯҳи Whats-App навиштанд, ки бо дили соф мепурсем: «Барои Шумо ва аҳли байтатон чӣ туҳфа бо худ барем?»
– Аз роҳи дуру дароз меҳмонӣ омадани Шумо ин худ ҳадя аст, – гуфтам дар посух. – Модоме ки бо дили соф пурсидед, агар бори вазнин набошад, як-ду китоби хубу хонданӣ оваред, бас аст, – хоҳиш намудам аз онҳо.
«Айнан кадом китобҳо даркор аст?» – пурсиданд онҳо.
– Ягон намунаи беҳтарини насри муосир бошад... – гуфтам ман.
Китоби зиёд оварданд дӯстон. Ба мутолиаи онҳо пардохтаму ҳис кардам, ки вақтҳои охир аз китобхонӣ як андоза дур шудаам...
Ба наздикӣ иттифоқи касабаи идораи «Овози тоҷик» ба шаҳри бостонӣ ва ҳамеша ҷавон – Самарқанд сафари эҷодии кормандони рӯзномаро ташкил кард. Мо муҷассамаҳои бузургони сухан: Ҷаъфар Абӯабдуллоҳи Рӯ-дакӣ, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Мир Алишери Навоиро зиёрат карда, ба пояи онҳо гулҳо гузоштем.
Дар Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ аз ҳаёту эҷод ва паҳлӯҳои гуногуни зиндагии нависандаи маъруф маълумотҳои аҷибу ғариб гирифтем. Дар он ҷо янчанд нафар маърифатпарварони Самарқанд: аз нависандагони номӣ Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, ҳамчунин адибон Акбар Маҳмудов, Абдурасул Иброҳимзода, Тошқул Азимзода, Аслиддин Қамарзода, рӯзноманигорон Баҳодури Раҳмон, Собир Бурҳон, Шаҳло Аҳророва ҳузур доштанд ва аз суҳбатҳои самимии эшон баҳраманд шудем. Ба мо китобҳои «Шуълаи ҷовидон»-и Қурбоной Убайдуллоева (дар тарҷумаи Паймон), «Шаби ялдо»-и Фаридуни Фарҳодзод, «Йӯл кӯрсатувчӣ юлдуз»-и Акбар Усмонов, «Маро дарёб»-и Абдурасул Иброҳимзода, «Рубоиёт»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Наврӯзи Аҷам»-и Нормурод Каримзода ва Акбар Маҳмудов, «Бозгашт ба зиндагӣ»-и Зоҳир Ҳасанзода, “«Чӣ бояд кард»-и Бахтиёри Ҷумъа, «Отамнинг сабоқлари» («Пандҳои падарам»)-и Баҳодур Убайдуллоҳро туҳфа доданд. Бо соядасти муаллифон туҳфа шудани ин китобҳо боиси хурсандӣ буд. Ҳамин тавр аз Самарқанди бостон бо кӯлбори китобҳо ба хона баргаштем. Ба ҷевон ин китобҳои бадеиро як-як гузошта, дар дил аҳд кардам, ки дар вақти фориғ аз кору зиндагӣ, албатта ба мутолиаи онҳо машғул хоҳам шуд. Дигарбора ин сухани ҳикматомези бузургон ба ёд мерасад, ки гуфтаанд: «Як китоби хуб беҳ аз як хазинаи бузург».
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.