АРМУҒОНИ ИСТИҚЛОЛ БА МАКТАБИЁН

Ҷашни 28-солагии истиқлоли Ӯзбекистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил гардид.

Ба истиқболи ин ҷашни миллӣ дар ҷойҳо чандин иншооти бузург, биноҳои маишӣ-маданӣ, муассисаҳои таълимӣ сохта, ҳамчун тӯёна армуғон гардиданд.
Соли гузашта Раисҷумҳур ба ноҳияи Музработ ташриф фармуда, бо муаммоҳои мардуми ин ҷо, ки солиёни зиёд гӯё ба як гӯшаи фаромӯшӣ табдил ёфта буд, шинос гардида, пайи бартараф кардани онҳо мутасаддиёнро қатъӣ вазифадор карда буд. Ҳоло тӯли ду соли охир ноҳия ба худ симои нав гирифтааст. Соли сипаришуда аз рӯи барномаи “Обод қишлоқ” дар ҳудуди 3 маҳалла корҳои ободонӣ бурда шуд. Соли ҷорӣ бошад, дар ноҳия 4 маҳалла ба барномаи давлатии “Обод маҳалла” ва маркази ноҳия – маҳаллаи “Халқобод” ба барномаи давлатии “Обод марказ” дохил шуда, корҳои ободонӣ бо суръат давом доранд. Бинову хонаҳои истиқоматӣ, иншооти нав бунёд ёфта, кӯҳнаашон таъмир шуда истодаанд. Роҳҳоро васеъ намуда, мумфарш месозанд.
Дар арафаи иди истиқлол боз як муассисаи нави таълимӣ бунёд ёфта ба истифода дода шуд. Аз ин пеш фарзандони маҳаллаҳои “Дарбанд” ва “Орият”, ки дар мактаби рақами 39-уми ноҳия таълим мегирифтанд, аз дурии роҳ азият мекашиданд (ҳоло таълим дар ин мактаб бо ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дар ду баст бурда мешавад). Синфхонаҳо  намерасид. Талабу хоҳиши падару модарон ба инобат гирифта шуду дар ҳудуди маҳаллаи “Орият”, ки ба барномаи давлатии “Обод маҳалла” даромадааст, бинои нави замонавии мактаб бунёд ёфт. Он филиали мактаби мазкур ба ҳисоб меравад.
31 август маросими тантанавии кушодашавии мактаб баргузор шуда буд. 
Акнун дар соли нави хониши 2019-2020 фарзандони ин ду маҳалла аз дурии роҳ азият намекашанд. 120 нафар хонандагони синфҳои 1-7-ум дар ду баст, дар синфхонаҳои ҳама шарту шароиташ муҳайё таҳсил мегиранд. Синфхонаҳо бо асбобҳои аёнии замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Хонаи компутер, лабораторияи фанни физика, китобхона дар хизмати онҳо хоҳад буд. Дар мактаб камера ва радиоузел ҳам насб шудааст.
Он рӯз шодиву хурсандии мактабиён, алалхусус, хурдтаракони синфи якумро ҳадду канор набуд. Зеро онҳо қадами аввалро дар мактаби нав мегузоштанду бо туҳфаи Президент сарфароз мегардиданд.
Тазаккур бояд дод, ки мактабро корхонаи “Асадуллоев Фирдавс” бо роҳбарии Камол Ҷумъақулов хеле хушсифат сохта ба истифода дод, ки ба он 1 миллиарду 76 миллион сӯм маблағ масраф гардидааст. 

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: