АРМУҒОНИ ШОИР барои бачагон

Адабиёти бачагона реша дар умқи таърих дорад.

Аммо  ин бахши адабиёт дар асрҳои гузашта мавриди таҳқиқ қарор нагирифта буд. Бе ҳеҷ истиҳола метавон гуфт, ки ба шеъри бачагона ҳанӯз беш аз ҳазор сол муқаддам Одамушшуаро Рӯдакӣ поягузор буд. Мисолан, мегӯяд:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Ин шеър, ҳарчанд махсуси адабиёти бачагона нест, ҳам тасвиру ташбеҳҳои зебо дорад ва ҳам забони ниҳоят фасеҳу сода. Оҳангаш низ фораму гуворост.
Дар адабиёти навини тоҷик устодони сухан Айниву Лоҳутӣ адабиёти бачагонаи тоҷикро мувофиқи забону шароити давр такмилу ривоҷ доданд, шеъру ҳикояҳои бачагона офариданд. Минбаъд ин ҷараён идома ёфт, дар майдони адаб нафароне омаданд, ки ба сифати шоири бачагон шинохта шудаанд. Воқеан, давр тақозо мекунад, ки онҳо бештар бо муҳити ба бачагон шинос сарукор гиранд ва мушоҳидаҳояшонро бар ин асос рӯйи коғаз оваранд. 
Шеъри бачагонаи тоҷик пас аз истиқлолият дар Ӯзбекистон чун шохаи алоҳидаи назм шакл мегирад, аммо хеле камранг аст. Сабаб дар он ки ба он аз ҷониби шоирони касбӣ камтар таваҷуҳ шудааст. Аммо намунаҳои чашмрасро ҳам гоҳе аз ин ё он шоир метавон пайдо кард, ки бар ғановати ин навъи шеър хоҳад афзуд. 
Шоири боистеъдод Паймон ин ҳолатро ба хубӣ дарк намуда, барои бартараф кардани халое, ки иборат аз норасоии шеърҳои мувофиқи рӯҳияи бачагон аст, ҳиммат гуморидааст. 
Ба наздикӣ маҷмӯаи нави ашъори мавсуф бо номи «Даҳ пурсишу даҳ посух» ба нашр расид, ки ба он профессор Ҷумъақул Ҳамроҳ пешгуфторе мухтасар нигоштаасту  ношир Асадуллоҳ Исмоилзода мебошад. 
Маҷмӯа аз маснавии «Даҳ пурсишу даҳ посух» ва дигар шеърҳои  бачагонаи Паймон фароҳам омадааст. Фарқи ин маҷмӯа аз китобҳои пешини шоир дар он аст, ки дастоварди эҷодии мазкур  маҳз, ба наврасони синни поёни мактабӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, армуғони муаллиф ба хонандагони хурдсоли ӯст. 
Маснавии  «Даҳ пурсишу даҳ посух» аз оғоз, даҳ боб ва анҷом иборат аст. Дар он оид ба ҳаёт ва фаъолияти даҳ шоири беҳтарини адабиёти форсу тоҷик ба тариқи саволу ҷавоб маълумот дода шудааст. Он дар пайравии устодони назми адабиёти кӯдаконаи мо навишта шуда бошад ҳам, навовариҳои шоир эҳсос мешаванд. Ба ақидаи адабиёт шинос Ҷ. Ҳамроҳ маснавии зикршуда ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам муҳтаво ҷолиби диққат мебошад. Як ҷиҳати хуби асар дар он аст, ки ба тариқи саволу ҷавоб навишта шудааст ва ин чиз таваҷҷуҳи хонандагонро нисбати ҳаёт ва фаъолияти ин ё он шоир ё адиб бештар хоҳад кард.
Чунонки муаллиф дар оғози маснавӣ зикр мекунад, ин «бозии дониш» аст, «бозии фазли доим ва ақли солим» ба ҳисоб меравад. Пурсишҳо аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз шуда, бо Айнӣ хатм мешаванд. Муаллиф ба ин восита ҳалқаи адабиёти классикиро ба адабиёти муосир пайванд додааст.
Дар маҷмӯа шеърҳои дигар низ ҷой гирифтаанд, ки дар бораи Ватан, муаллим, китоб, модар ва мавзӯъҳои дигар супруда шудаанд.  
Дар бобати қоидаи роҳ, ки донистан ва риоя ба он, аз ҷумла, барои кӯдакон хеле муҳим аст, низ шеър сурудани шоир далели он аст, ки аз олами бачагон ва муаммои баҳсталаби онҳо огоҳии кофӣ дорад. Масалан, шоир мегӯяд:
Дар раҳу пайроҳаҳо
Аз тарафи рост рав.
Зираку ҳушёр бош,
Бесабаб асло мадав.
Чунин пандгунаҳо аз тариқи назм зуд дар хотир нақш мебанданд ва фаромӯш нахоҳанд шуд.
Сабаби ба шеъри бачагона муроҷиат кардани шоир, аз як тараф эҳтиёҷи маънавии ҷомеаро қонеъ кардан бошад, аз ҷониби дигар инъикос намудани таҷрибаҳои педагогӣ дар қолаби назм аст. Зеро устод  Паймон бар замми шоир ва журналисти тавоно будан таҷрибаи кофии омӯзгорӣ низ дорад. Ҳамин ҷиҳат бар ӯ имкон додааст, ки олами ботиниии  бачагонро амиқ омӯзад.  Умед аст, ки маҷмӯаи  «Даҳ пурсишу даҳ посух» барои самаранок гузаронидани дарсҳои адабиёт, ташкил кардани бозиҳои гуногуни адабӣ ёвари  омӯзгорони мактаб мегардад.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: