Артиши миллии мо ба қисми ҷудонопазири ҷамъият, ба қувваи пешбари ояндаи кишвар табдил гардида, барои дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва хидматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкамкунии мавқеи фаъоли ҳаётии онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулнокии шаҳрвандон хидмат менамояд.
Ҳифзи Ватан новобаста ба синну сол, касб ва фаъолият вазифаи шарафноки ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳар сол дар мамлакатамон 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан васеъ ҷашн гирифта мешавад. Чорабиниҳои дар арафаи ин иди умумихалқӣ баргузоршуда, меҳру муҳаббати насли наврасро нисбат ба Модар-Ватан афзуда, ба тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ғояҳои истиқлол омили муҳим мегарданд.
Ҷамъомади навбатие, ки Шӯрои ҳарбӣ-ватанпарварии назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, дар ҳамин рӯҳия гузашт. Дар ҷамъомад намояндагони Вазорати мудофиа, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, устодон ва курсантҳои Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон иштирок карданд.
– Ба муносибати 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муносиб пешвоз гирифтани Рӯзи муҳофизони кишвар дар мамлакат аз 15 декабри соли 2018 то 15 январи соли 2019 моҳонаи ватанпарварӣ эълон гардида, таҳти ғояи «Ватан – муқаддас, ҳифзи он вазифаи ифтихорӣ!» чорабиниҳо гузаронда мешаванд, – иброз дошт раиси Шӯрои ҳарбӣ-ватанпарварии назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Алиҷон Сафаров. – Дар давоми моҳонаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ чандин боздидҳо роҳандозӣ гардида, дар байни хонандагону ҷавонон озмунҳои «Ман ҳам аскар мешавам!», «Донандаи тузукоти Темурӣ», «Беҳтарин клуби ҷасорат», «Беҳтарин маҳалла» ва ғайра гузаронида шуданд.
Артиши миллиамон сол аз сол такмил ёфта, дараҷаи тайёрии қӯшунҳои он ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати тактикӣ баланд мегардад. Имрӯз хидмат дар сафи Артиши миллӣ орзуву омоли ҳар як ҷавонмарди Ватан мебошад.
Солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани салоҳияти ҷанговаронии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Сарвари давлат зиёда аз даҳ қарору фармонҳо имзо шудаанд. Барои баланд бардоштани нуфузи хидмати ҳарбӣ масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии аъзоёни оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорон ҳаллу фасл мешаванд.
Дар ҷамъомад собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ, подполковник, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Искандар Раҳмон доир ба хидмати ҳарбии худ дар даврони шӯроҳо, бартарияту афзалиятҳои хидмату фаъолияти ҳарбиёни имрӯза, ислоҳоте, ки солҳои охир таҳти сарварии Президент Ш.Мирзиёев дар соҳа ва Артиши миллӣ амалӣ машаванд, мақсаду моҳияти қарору фармонҳои сарвари кишвар вобаста ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зад. Мавсуф ҳамчунин доир ба Ватан, даврони аскарӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, Ӯзбекистон ва ғайра шеърҳои тозаэҷоди худро қироат кард. Искандар Раҳмон дар анҷоми ҷамъомад ба курсантдухтароне, ки бо шиори «Мо ҳам ба Ҳифзи Ватан камарбастаем» саф зада буданд, китоби тозанашраш «Савганд ба Ватан»-ро ҳамчун туҳфаи идона тақдим намуд.
Г. КАБИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».