АРТИШИ МИЛЛӢ МАКТАБИ ВАТАНПАРВАРӢ

Вақте ки Рӯзи муҳофизони Ватанро дар рӯзҳои аввали соли 2021 ва 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври васеъ ҷашн мегирем, мо эътимод ва муҳаббати баланди сарвари давлат, халқи мо ва оммаи васеи мардумро нисбат ба муҳофизони Ватан амиқан эҳсос мекунем.

Вақте ки Рӯзи муҳофизони Ватанро дар рӯзҳои аввали соли 2021 ва 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври васеъ ҷашн мегирем, мо эътимод ва муҳаббати баланди сарвари давлат, халқи мо ва оммаи васеи мардумро нисбат ба муҳофизони Ватан амиқан эҳсос мекунем. Охир ҳақиқате ҳаст, ки аз замонҳои қадим исбот шудааст, яъне ҷавонони донишманд, ҷасур ва фидокори кишвар ҳамеша аз халқ нерӯ гирифтаанд.
Дар рӯзҳои охири соли 2020, ки барои мардуми ҷаҳон пуртаҳлука омад, дар арафаи Соли нав ҳамаи мо Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Олий Маҷлис бо хушҳолӣ гӯш кардем. Роҳбари давлати мо хидмат ва заҳмати халқамон, алалхусус, фидоиёне, ки накӯиро шиори худ қарор додаанд, мутахассисоне, ки дар рӯзҳои душвор ба дарди мардум дармон шудаанд, ҳамватаноне, ки касби худро эъзоз намуда, дар рушди кишвари мо саҳм гузоштаанд ва мегузоранд, алоҳида эътироф намуд.
Муроҷиатнома аз он ҷиҳат муҳим буд, ки дар он самтҳои фаъолият дар соли 2021, ки ба ислоҳоти ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт нигаронида шудаанд, муайян карда шуданд. Супоришоту вазифаҳои муҳими дар Муроҷиатнома пешгузошташуда, ки дар қисмати соҳаҳо иҷрои нишондиҳандаҳои дақиқи вазифаҳои устувор инъикос ёфтаанд,  идомаи мантиқии корҳои соли гузаштаро таҷассум карданд.
Мувофиқи пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев ба мақсади идома додани корҳое, ки баҳри фатҳи марраҳои баланд дар соли 2020 амалӣ гардонда шудаанд ва ба сатҳи баландтар бардоштани он соли 2021 дар кишвари мо «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ»  эълон шуд. Ҳамин тавр, соли оғозёфта бо иҷрои ҳар як самти устувори дар Муроҷиатнома зикршуда соли рушди давлати мо, пойдории сулҳ ва осоиштагӣ буда,  дар таърихи кишварамон саҳифаи нав мекушояд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатнома ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон таваҷҷӯҳи хоса дод. Вай қайд кард, ки корҳое, ки дар соҳаи тайёрии ҷангӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таъминот, ҳифзи иҷтимоӣ дар қӯшунҳои артиши миллиамон оғоз шудааст, ки кафолати боэътимоди дахлнопазирии ҳудуди Ӯзбекистон ва зиндагии осоиштаи мардуми мост, идома хоҳад ёфт.
Дар воқеъ, соли гузашта дар артиш тағйирот ва ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омаданд. Аз ҷумла, дар самти рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, руҳи ҳушёрӣ бахшидан ба ҷамоаҳои ҳарбӣ, ҳалли мушкилоти дар тайёрии ҷангӣ, таъминот ва соҳаҳои дигар ғуншуда, хулоса, ба куллӣ тағйир додани симои артиш талошҳои ҷиддӣ ба харҷ дода шуданд. Таҳлили рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, навигариҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва мудофиа, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, корҳои амалӣ оид ба тайёрии ҳамаҷонибаи кадрҳои ҳарбӣ дар асоси ихтисоси онҳо натиҷа доданд. Дар ин раванд ҳама дар ҳавзаи ҳарбии мо, аз сарбоз сар карда то командир, аз хизматчии оддӣ то мутахассиси ботаҷриба фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа, мо ба дастовардҳои зиёд ноил гаштем. Дар шароити пандемия, хизматчиёни ҳарбии мо вазифа ва масъулияти худро софдилона иҷро намуда, ба савганди худ дар назди Ватан содиқ монданд.
Барои беҳтар кардани хидмати ҷангии қӯшунҳо инфрасохтори майдонҳои тамриноти саҳроӣ пурра аз нав дида баромада шуд. Биноҳои таълимӣ бо асбобҳо ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Кори тарбиявӣ дар шароити ҷангӣ барои баланд бардоштани шиддати рӯҳӣ ва устувории нерӯи ҷисмонии ҳар як мутахассис дар шароити душвор такмил дода шуд. Технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар амал татбиқ карда шуданд, то ки хизматчиёни ҳарбӣ, новобаста аз ҳолати корӣ, вазифаи таъиншударо ҳар вақт бемамониат иҷро кунанд.
Дар машғулоти омодагии ҷангӣ, озмун ва мусобиқаҳо таҳти шиори «Ман ғолиб шудам!», ки дар давоми сол гузаронда мешаванд, муносибати нав ба бо зеҳн ва тафаккури таҳлилӣ идоракунии нерӯҳо, истифодаи боэътимоди силоҳҳои технологӣ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда нақши муҳим доранд.
Ҷавобан ба эътимоди олии сарвари давлат ва халқи худ, мо дар соли 2021 мақсад дорем, ки тавассути роҳандозии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як қатор тадбирҳоро оид ба баланд бардоштани сифати идоракунии ҳарбӣ, корҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, маънавӣ ва маърифатӣ ба анҷом расонем.
Инсон ҳар қадаре ки худро шиносад, наслу насабашро амиқтар донад, дар қалбаш ҳисси муҳаббат ба Ватан реша давонда, меафзояд. Ин реша ҳар қадар амиқтар бошад, муҳаббат ба кишваре, ки дар он ҷо таваллуд ва ба воя расидааст, баландтар хоҳад буд. Ин ба ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар хоки Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, онро ватани худ медонанд, як хел дахлдор аст.
Халқи мо таърихи бой, фарҳанги баланд ва маънавияти бузург доранд. Зеро, ин ҳисси ҷасорати маънавӣ мебошад, ки дар замони пурташанниҷ ва таҳлуканоктарин ба миллати мо умед ва эътимод бахшид, онро ба мубориза бар зидди душманон раҳнамун намуд, гузаштагони моро ба кашфиётҳои илмӣ, пирӯзиҳои ҳарбӣ даъват кард, машъали маърифатро баланд бардошт ва бар зидди ҷаҳолат мубориза бурд.
Бо мақсади ба таври муназзам, тадриҷан ва самаранок ташкил кардани кори тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстии ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи ҳимоятгарони Ватан дар бозиҳо ва мусобиқаҳои гуногун,  ки дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо, ҳудудҳои дурдаст, қисмҳои ҳарбӣ баргузор мешавад, вохӯриҳои фармондеҳон ва ҷавонон, сабақи далерӣ, чорабиниҳои маънавию маърифатӣ хизматчиёни ҳарбии пешқадам, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи дорои таҷрибаи бойи ҳаётӣ, намояндагони насли наврас, ки дар мусобиқа ва озмунҳои гуногуни соҳаҳои илм, фарҳанг ва варзиш ғолиб омадаанд, иштирок мекунанд. Дар чорабиниҳои Рӯзи муҳофизони Ватан, ки дар ҳамоҳанги бо мазмуну моҳияти «Он кӣ бошад ба Ватан содиқ манам!» ҷашн гирифта мешаванд,  шӯроҳои ҳудудӣ ва маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла», Бунёди «Нуроний», Кумитаи занон ва бахшҳои ҳудудии онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Ҳақиқате, ки аз озмоиши таърих гузаштааст, ин аст, ки ҳар як низоми давлатие, ки ба ғояҳои наҷиб, мероси маънавӣ, анъанаҳо ва талаботи муосир асос наёфтааст, дур намеравад. Мегӯянд, ки дар ҷаҳон мушкилтарин вазифа тарбияи инсон, ташаккули шуури ӯст. Зеро, дар ин бобат танҳо суханони хушку холӣ ва ҳатто донишу таҷриба кофӣ нест. Дар ин робита, пеш аз ҳама, инсон бояд дурустӣ ва қонунӣ будани ҳадафро бо кори амалӣ ва кӯшишҳои наҷиб, фидокории худ исбот кунад.
Ҳадафи мо содда ва ҳаётист — дар қалб ва зеҳни хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ҷавонон ҷойгир кардани ҳисси инсонӣ, ноил гардидан ба афзалият доштани фазилатҳои олиҷанобӣ. Табиист, ки ин на танҳо баланд бардоштани сатҳи дониши фарзандони мо, балки дар қалби онҳо ҷойгир намудани тафаккури нав вобаста ба мустаҳкам намудани истиқлолиятамон, ташаккул додани ғояҳои нав, рағбатноксозии онҳо ба корҳои нек дар роҳи таъмини сулҳ, шукуфоӣ ва рушди кишварамон, дар шуури одамон инкишоф додани ҳисси дахлдорӣ ба ислоҳоти васеъмиқёси соҳаҳои гуногуни ҳаёт, бунёдкорӣ, эътимод ба оянда ва шукронагӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

З. САЙФУДИНОВ,
фармондеҳи қӯшунҳои округи ҳарбии Тошканд, полковник .

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: