Ривоят мекунанд, ки дар биҳишт қасри зебову муҳташаме барои хушдомани мушфиқу меҳрубон, дилсӯзу ғамхор ва нарму ширинсухан бино шуда, то ба имрӯз соҳиби худро наёфтааст.
Яъне хушдомане ёфт нашудааст, ки дорои ин хислатҳои ҳамида бошад ва сазовори ин қаср. Чаро? Ҳадафи мо аз ин ривоят он аст, ки муомилаю муоширати байни хушдоману арӯси ҷавон то ҳол мувофиқи талаби ҷомеа нест. Баъзе хушдоманҳои мо нисбат ба арӯси хона ноадолатӣ зоҳир мекунанд. Ба тамоми кору рафтори келин эрод мегиранд. Хӯроки пухтаи келин шӯр, хонаи рӯфтааш нотоза, чойи дамкардааш ноҷӯшида... Ҳатто хушдоманҳое ёфт мешаванд, ки келинро лоиқи ба сухан ҳамроҳ шудану ба ӯ маслиҳат кардан намедонанд. Бо духтарони худ сухани ширин мегӯянд, чун навбати арӯс расид, якбора тарҳи рӯй ва оҳанги овозашон дигар мешавад.
Вақтҳои охир ба ҷиҳоз дил бастани хушдоманҳои асри бисту якум моро бисёр ба ташвиш оварда истодааст. Чаро як бор пеши худ андеша намекунем, ки оё мебелу курсӣ ва газвору зарфҳои қиматбаҳо барои фарзандамон бахт меоваранд? Чаро аз Худованд барои фарзанди хеш ва завҷаи ҷавонаш бахти сафед нахоста, ҳар рӯз келинро назди шавҳараш бадгӯӣ мекунем? Боз чандин чаро-чароҳои дигар?
Оқибати ин беандешагиҳо ба ҷудо шудани навхонадорон оварда мерасонад. Кӯдакони маъсум аз меҳри волидайнашон маҳрум мешаванд. Чӣ кор бояд кард? Ин мавзӯъ алҳол ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Миқдори ҷудошавӣ дар байни оилаҳои ҷавон меафзояд. Мо — модарон бояд ба ин масъала бетараф набошем. Кӯшиш кунем, ки лоиқи он қасри биҳиштӣ шавем. Ба арӯсон роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳем. Пеш аз ҳама меҳрамонро аз келини худ дареғ надорем. Чунки мо – модарон омӯзгорони арӯсони худ ҳастем. Пас, биёед, ба ин мавзӯи доғи рӯз аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Ба ҷавонҳо имконият диҳем, ки зиндагиро дӯст доранд. Кӯшиш кунем, ки арӯс аз хонаи падаршавҳар меҳри зиёд бинад. Дар он сурат ӯ кӯшиш мекунад, ки бо тамоми маҳорат хидмати хонаи шавҳарро кунад ва лоиқи боварии онҳо шавад. Зеро келин ба умед ба дари хонаи шавҳар қадам мегузорад. Баду хуб шудани келин, бисёр вақт ба мову шумо – хушдоманҳо вобаста аст. Мо метавонем бо як сухани зишт арӯсро ба хоки сиёҳ яксон кунем ё бо як сухани хуш онҳоро хушбахт намоем. Ба келинҳо устодона рафтор намуда, кореро, ки наметавонанд, ёд додан лозим. Агар бо сухани дурушт ӯро ранҷонед: дар хонаи падарат чӣ кор кардӣ, модарат як хӯрокпазиро ҳам ёд надодааст, – гуфта сарзаниш кунед, дигар вай аз пурсидани маслиҳат ҳам худдорӣ мекунад. Медонад, ки агар ягон маслиҳат пурсад, ҷавоби хуб намегирад. Сипас рӯз аз рӯз муносибати келину хушдоман бад шудан мегирад. Дар байни арӯсу хушдоман фосилаи бузург пайдо мешавад. Дигар келин сирашро ба хушдоман намегӯяд. Хушдоман фикр мекунад, ки вай аз худ рафтааст. Нисбат ба ӯ хушунат пайдо мекунад. Дар назди дигар аҳли хонавода арӯсро бад мекунад, ки ин сабаби парокандашавии оилаи ҷавон мегардад.
Аз ин рӯ, бояд ба хулосаи дуруст омада, рафтори худро тағйир диҳем, онро хуб кунем. Бояд фаромӯш накунем, ки келин ҳоло ҷавон аст, ӯ ба маслиҳати мову шумо ниёз дорад. Ва тавре ки Абушукури Балхӣ мегӯяд:
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон боз натвонадаш,
Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.