АРВОҲИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД КУНЕМ

Маълум, ки шахсиятҳои барҷастаи адабу фарҳанги мо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ ва Ҳоҷӣ Муин дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Пайрав ва ҳаммаслакони зиёд доштанд ин маорифпарварон, шуълаи маърифат бо шарофати чароғдориву чароғбонии эшон дар Сайқали рӯйи замин ба қалби умум ҳарорат мебахшид, фикрҳоро равшан мекард. Боз як нафар зиёии тоҷик Мирзо Қӯқандбой Абдухолиқзода дар он даври ноором ба сар бурда, дар пайроҳаи эҷод қадам зада, аз худ осори назмию насрӣ боқӣ гузоштааст. Вале номаш на ба ҳама маълум. Бинобар ҳамин ӯро дар радифи адибони гумном мешуморанд. Барои шиносонданаш ба омма бошад, ҳаракатҳо сар шудаанд. 
Ба наздикӣ нашриёти «Ёш авлод матбаа» китоби муҳаққиқ ва шоири маъруф Ҷаъфар Холмӯъминовро бо унвони «Рӯзгор ва осори ду адиби гумном» ба табъ расонд. Очеркҳои таърихӣ-ҳуҷҷатӣ доир ба зиндагӣ ва мероси адабии ду адиби гумноми садаи бистуми тоҷик – нависанда ва мутарҷими бомаҳорат Мирзо Қӯқандбой Абдухолиқзодаи Самарқандӣ (1969-1948) ва шоири зуллисонайн Ороми Понғозӣ (1910-1997) буда, муҳаққиқ ва мураттиб баробари оиди зиндагинома ва фаъолияти эҷодии ин ду адиб ҳарф задан ба бозкушоии баъзе паҳлуҳои ноаёни адабиёти ибтидои асри бистум муваффақ гардидааст.
Бармеояд  Мирзо Қӯқандбой чун адиб ду роман бо номҳои «Намоз» ва «Духтари кӯҳистон» навиштааст. Ҳамчунин асарҳо доштааст бо унвони «Шӯриши Диззах» ва «Хотирот». «Аз нӯги тозиёна хун мечакад» ва «Истадҷон» ном қиссаҳо ва як қатор ҳикоёт дар мавзуъоти гуногун эҷод карда, луғатҳо тартиб дода ва чанде китобҳои дарсиро низ баргардонда будааст.  Дастхатҳо аз бойгонии шахсии нависанда ёфт шудаанд, ки бо се забон – форсӣ-тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таълиф ёфтаанд. 
Соли 1868 русҳо Самарқандро ишғол мекунанд. Падару модари адиб ба ҷои осудатар – Қӯқанд кӯч мебанданд. Баъди як сол Қӯқандбой  (1869)  ба дунё меояд. Вале дар шиносномааш зодгоҳи ӯ на Қӯқанд, балки Самарқанд сабт шудааст. Соли 1969 дар Самарқанд дар оилаи косиб таваллуд шуданашро баъдтар худи ӯ низ зикр карда гузаштааст.
Соли 1865 русҳо Қӯқандро истило карданд. Хонадони Абдухолиқзода дубора ба ватан (Самарқанд) баргашт. Падари Қӯқандбой аз мавзеи Қӯшҳавз ҳавлӣ харид. Писари ӯ дар яке аз мадрасаҳои ба Қӯшҳавз наздик таҳсили илм кард. Дар муддати тақрибан се соли таҳсил сарфу наҳви забони арабӣ, Қуръон ва улуми исломиро фаро гирифт. Аз 19-солагӣ ба омӯхтани забони русӣ низ шурӯъ  ва ба корҳои давлатӣ кашида шуд. Дар уезди Самарқанд муншӣ-мутарҷимӣ намуд. 
Мирзо Қӯқандбой бо даъвати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – пешвои ҷадидони Самарқанд дар таъсиси китобхона ва мактабҳои усули ҷадидӣ саҳм гирифт. Баъди инқилоби Октябр вай дар ҳукумати нав ба фаъолият пардохт, муддате дар идораи адлия муфаттишӣ намуд. Соли 1924 аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва дар он ҷо то соли 1927 ҳамчун муфаттиш ифои вазифа намуд. Соли 1927 сарвари маорифпарварони Тошканд Мунавварқорӣ Абдурашидхонов ба Самарқанд омад. Мирзо Қӯқандбой, ки нав ба шаҳри падарӣ баргашта буд, ӯро меҳмон кард. М. Абдурашидхонов чанд рӯз дар хонаи ӯ истиқомат кард. Баъдтар Чӯлпон аз марҳамати Мирзо Қӯқандбой баҳраманд гашт, муддате дар хонадони вай зист. 
Назар ба таҳқиқи академик Наим Каримов, дар таъсису чопи маҷаллаи «Оина» низ Мирзо Қӯқандбой ҳисса гузоштааст.
Баъди чанд соли хидмат дар идораҳои адлия Мирзо Қӯқандбой ба Сталинобод роҳ пеш гирифт, вале соли 1930 ба туҳмат дучор ва 49 рӯз ҳабс гардид. Январи соли 1931 аз нав ба болои сараш абрҳои сиёҳ лангар андохтанд. То бегуноҳии худ исбот кард, хеле шиканҷаи ҷисмонию рӯҳӣ кашид.
Бахши дувуми «Рӯзгор ва осори ду адиби гумном» ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ороми Понғозӣ бахшида шуда, «Рӯзгор ва осори Ороми Понғозӣ» ном дорад. Тавре зикр ёфта, номи аслии адиб Исомиддин Шарофиддинов буда, вай бо тахаллуси Ороми Понғозӣ бо тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеърҳо навиштааст. Соли 1910 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт (Тоҷикистон) дар оилаи косиби мӯзадӯз чашм ба дунё кушодааст. Ду бародар дошт – Нарзиддин ва Саҳобиддин. Падар ҳар се фарзандро хононд ва аз илми куҳан хабардор сохт. Бародарон бо ҳидояти ӯ баробари азёд кардани сураҳои Қуръон  ғазалиёти Ҳофизу Бедилро азбар месохтанд.
Вале ҳаёти осудаи хонадонро табаддулоти октябрӣ, ҳаракати босмачигарӣ ва дигар рӯйдодҳои номатлуб халалдор сохт.  Дастаи ғоратгар бо роҳбарии Раҳимқул-қурбошӣ деҳаи Ошобаро, ки дар назди Понғоз воқеъ аст, ишғол намуд, таҷовуз авҷ гирифт. Вале дар ҳамон давраҳои душвор ҳам Исомиддину бародаронаш аз таҳсил бознамонданд. Онҳо акнун дар мактаби ибтидоӣ, ки шӯравиҳо ташкил карда буданд, мехонданд. 
Исомиддин аз навҷавонӣ ба муаллимӣ дил баст. Дониши хуб, ки дошт, як муддат дар мактабҳои Понғоз, Бародархон ва Регар муаллимӣ кард. Соли 1937 ба Тошканд омад, то соли 1938 дар факултаи таъриху ҷуғрофиёи Дорулфунуни Осиёи Миёна (САГУ) таҳсил намуд.Ба зодгоҳ баргашт, омӯзгориро давом дод. То соли 1972 дар мактаби деҳа директорӣ кард. Дар ин байн ба эҷоди бадеӣ ҷиддан камар баст. Ғазал ва маснавиҳои зиёд навишт. Ғайр аз шеърнависӣ ба китобат машғул мегашт, хушнависиаш ҳаваси касонро меовард.
Назар ба таъкиди писари шоир Фарҳод Исомиддинов (номзади илмҳои филологӣ,устоди Донишгоҳи омӯзгории Фарғона) Ороми Понғозӣ бо шоирони маъруфи давр Мирзо Турсунзода ва Чустӣ (Набихон Хӯҷаев) наздикӣ ва ҳамкорӣ доштааст.
Мероси адабии Ороми Понғозӣ, тавре дар китоб қайд шудааст, дар ду дафтар, ки ҳар кадом 192 саҳифагӣ мебошанд, фароҳам омадааст. Забон ва сабки баёни вай бисёр содда ва равон буда, дар онҳо печидагӯйӣ дида намешавад. 
Зинда кардани номи шоирони гумном, эҳтиром гузоштан ба онҳо, фикр мекунем, кори савоб аст.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: