АРЗАНДАВУ ЗЕБАНДАИ ПАЙКАРА АСТ РӮДАКӢ

Таърихи беш аз ҳазорсолаи адабиёти имрӯзаи тоҷик бо номи бунёдгузори он Устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст.

Таърихи беш аз ҳазорсолаи адабиёти имрӯзаи тоҷик бо номи бунёдгузори он Устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои  «Устоди шоирони ҷаҳон» (Кисоии Марвазӣ), «Зебандаи шоирони олам» (Рашидии Самарқандӣ), «Соҳибқирони шоирӣ» (Низомии Арӯзӣ), «Қофиласолори назми форсӣ», «Султони шоирон», «Одамушшуаро», «Маликушшуаро» ва монанди инҳо ёд кардаанд. Ин ҳамон эътирофи умум аст, ки имрӯз Рӯдакиро сардафтар ва асосгузори адабиёти тоҷику порс меномем.
Асосгузор ва сардафтари адабиёт будани Рӯдакӣ маънои онро надорад, ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад, зеро пеш аз ӯ ҳам шеъру адабиёт вуҷуд дошт. Пас, мақоми хосаи таърихии Рӯдакӣ чун асосгузори назми тоҷику форс, ҳунари шоирӣ ва сирри маҳбубияти ӯ дар чист?
Ҷавоб чунин бояд бошад: Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик аввалин шоирест, ки бо забони форсӣ-дарӣ ашъори ҳаҷман беқиёсро дар навъҳои ғиноӣ ва ҳамосӣ офарид. Агар Ҳаким Фирдавсӣ сарояндаи ҳамосаи миллии «Шоҳнома» бошад, Рӯдакӣ дар эҷоди шеъри маснавӣ рисолати шоирии Фирдавсиро пештар аз офариниши «Шоҳнома» иҷро карда буд. Вай маснавиҳои «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» – ду асарро аз ганҷинаи адабиёти бадеии ҷаҳон бо мақсади таҳким бахшидан ба бунёди маънавию ахлоқии давлатдории миллӣ бо забони форсӣ ба назм даровард.
Рӯдакӣ дар таърихи халқи тоҷик аввалин устоди сухан аст, ки таҷриба ва муваффақиятҳои гузаштагони худро дар соҳаи адабиёти тоҷик ҷамъбаст карда, нуқсону сустиҳои онро бартараф намуда, адабиёти халқи худро аз ҷиҳати мазмун, ғоя ва шакл ба низом даровард ва роҳи минбаъдаи онро муайян кард. Дар ин бора Рӯдакишиноси машҳури фаронсавӣ Дармстетер чунин гуфта буд: «Устод Рӯдакӣ шеъри форсӣ-дарии тоҷикиро аз ҷиҳати бузургӣ ба тахт нишонд ва роҳи тараққиёти онро муайян кард. Бо ин хидмати худ Рӯдакӣ нуфузи назми арабро дар давлати  Сомониён ба дараҷаи нестӣ расонда, истиқлоли адабии халқи худро амалӣ гардонд».
Рӯдакӣ на фақат шаклу навъҳои назми моро ба ҳадди камол расонд, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт. Сеҳри сухан, муҷазии тарзи баён, тозагии забони суфтаю пухта, мавзунӣ, соддаю оммафаҳмии он аз ҳар шеъраш ҳувайдост. Забони ашъори устод намунаи беҳтарини забони умумихалқии тоҷикист, ки дар давоми зиёда аз ҳазор сол бо дурахши муҷизавии худ хонандаю шунавандаро мафтун мекунад.
Тамоми ҷустуҷӯ ва тадқиқоти илмӣ оиди Рӯдакишиносии Ҳерман Этеи немис, Чарлз Шефери франсуз, Чарлз Пиккеринги англис, Вилямс Ҷексони амрикоӣ, Е. Бертелс, И. Брагинский, Саид Нафисӣ, Шиблии Нӯъмонӣ, Парвиз Хонларӣ, Садриддин Айнӣ ва даҳҳои дигарро таҳлил намуда, ба хулосае метавон омад, ки Рӯдакии бузург бо хидмат ва мақоми таърихии худ аз ҳудуди маданияти халқи тоҷик берун баромадааст. Вай на танҳо асоси адабиёти тоҷикиро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабононро устувор кард. Аз ин ҷиҳат ӯро эрониён, афғонистониҳо ва дигарон барҳақ поягузори адабиёти худ мешиносанд ва муҳтарам медоранд.
Рӯдакӣ ба сифати шоири ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва унвони фахрии «Устод»-ро гирифтани ӯ низ ба маънии маъмулӣ нест. Шуҳрати ҷаҳонӣ доштани Рӯдакӣ ба шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани давлати соҳибистиқлоли Сомониён тавъам афтодааст. «Воқеан ҳам дар замони Сомониён баробари илмҳои шаръӣ мустақиман улуми ақлӣ, аз ҷумла, илму адаб рушд намуда, арҷгузорӣ ба намояндагони ин соҳа тибқи меъёри шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани онҳо сурат мегирифт. Хонадони асили Сомониён дар симои давлатдории хеш, дар баробари хилофати араб, ҳувияти хоси эрониро дар миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мисли Чин ва Аврупои Шарқӣ намоиш дод. Шоҳони асил ва некрафтори Сомонӣ зимни додгарӣ ва диндории яктопарастӣ ва донишдӯстӣ ақида доштанд, ки илму адаб дар сояи озодии баҳс ва андеша ва таҳаммулпазирӣ пешрафт ва рушд мекунад. Дар офаридаҳои Рӯдакӣ симои Сомониён чун эҳёкунандаи тамаддуни бостонии Эрону Тӯрон ва наҷотдиҳандаи қавми эронинажод аз зулми истилогарони аҷнабӣ бозгӯ шудааст» (Субҳон Амирзода).
Бо омадани Рӯдакӣ дар аҳди Сомониён «олами назмро низоме пайдо шуда» (Амин Аҳмади Розӣ) ва «нахустин дари ганҷинаи шеъри форсиро Рӯдакӣ бо калиди забон кушодааст». Бузургӣ ва оламшумулии Рӯдакӣ дар он аст, ки дар осори гаронбаҳои вай зуҳури барҷастаи худшиносиву ифтихори миллиро метавон мушоҳида кард ва шоир бо офаридаҳои хеш кайҳо рисолати умумиҷаҳониву умумибашарии худро иҷро намудааст. Беҳуда нест, ки Авфии Бухороӣ «Рӯдакиро шоири нодири фалакӣ ва аз зумраи аном (халқ) ва аҷоиби айём» номидааст.
Дар эссеи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...»-и Султонмурод Олим («Овози тоҷик», 22.07.2020, №49) мавзӯъҳое ба маврид бардошта шудаанд. Дар навбати аввал, аз мақола як навъ самимияту эҳтиром нисбати забони модарӣ ба назар мерасад, ки муаллиф бо таассуф сабабҳои онро ба пуррагӣ ва бо нозукиҳояш фаро гирифта натавонистанашро баён месозад. Ӯ меафзояд: «Модарам мактаби миёнаву омӯзишгоҳи тоҷикиро хатм намуда, чанд сол дар мактаби тоҷикӣ дарс додааст… Аҷабо, модарам дар оила бо 9 нафар фарзандаш боре тоҷикӣ ҳарф назадааст». Дувум, «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...» бо муҳаббат ба шахсият ва ҷаззобияту сеҳрнокии шеъри Одамушшуаро иншо гаштааст. Муаллиф, хусусан, шеъри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро аз шеърҳои асил медонад, ки аз истеъдоди Худододаи шоир дарак медиҳад. Ва ин қасидаи дар оҳанги «Ушшоқ» сурудаи Рӯдакиро шоҳасари илоҳӣ баррасӣ мекунад, ки шоҳу гадоро ба сӯйи Ватан кашидааст. Бино бар нигоштаи С.Олим, мутаассифона, имрӯз Рӯдакишиносӣ ва арҷгузории мо ба ӯ на ба дараҷаест, ки бояд бошад ва ҳатто дар куҷо воқеъ будани Ҷӯйи Мӯлиёнро надонистани ворисон боиси забонкӯтоҳию сарпастист.
Оре, ҳақ аст муаллиф! Аз ин бонги изтироб ба хулосае бояд омад ва нагузошт, ки пояҳои маънавият дар ҷамъият, хусусан байни ҷавонон суст шаваду сабаб ба дурии онон аз руҳоният гашта, ба боди фано равад. Дар ин тур ранг нагирифтани масъала бештар аз ҳама модарон, бале, модарон бояд саҳмгир бошанд, зеро ирс аз падару забон аз модар аст! Агар решаҳои хунӣ ба туфайли падар мустаҳкам гардад, иқтидормандии модар бо муҳаббату забонаш аст. Аз ин ҷост, ки забонро модарӣ мегӯянд, на падарӣ! Набояд фаромӯш кард, ки забон ҳамеша воситаи иқтидормандӣ ва муҳташамии халқу миллат ва Ватан буду ҳаст ва мемонад. Ва дарозии умри забон бештар ба модарон вобаста аст. Пас, модарон бештар вазифадоранд, ки меҳру муҳаббат дар зеҳну замири фарзандони худ бикоранд, то эшон дар ҳар давру замон соҳиби ҳувияти баланди миллӣ бошанду аз забони модарӣ ва гузаштаи хеш ифтихору эҳсоси масъулиятшиносӣ дошта бошанд.
Рӯдакии Самарқандӣ нахустин вассофи Бухоро буд. Бухороро бе номи Рӯдакӣ ва Рӯдакиро бе Бухоро тасаввур наметавон кард. Ин ҳар ду дар назари ҷаҳониён якҷоя машҳур гардидаанд ва ин падида барҳақ обрӯю эътибори Ӯзбекистону аҳли ҷумҳурӣ ҳам ҳаст. Ба фикрам, ба хотири арҷгузорӣ  ба султони шоирон корҳои зеринро бояд анҷом дод:
– Ҷӯйи Мӯлиёнро, ки воқеъ дар Бухорост, ба хатсайри гардишгарон – сайёҳон дохил бояд кард;
– дар китобҳои дарсии макотиби миёна ва олӣ бояд маълумот, машқу матнҳо оиди Рӯдакӣ ва Ҷӯйи Мӯлиён бештар ворид гардад;
– месазад ва арзандаву зебанда аст, ки дар Бухоро пайкараи Рӯдакӣ гузошта шавад.
Ин ҷо бамаврид аст аз пайкараи сетоннагии биринҷии Рӯдакӣ, ки солҳои 90-ум бо саҳму талошҳои фаъолону хайрхоҳони Маркази фарҳанги тоҷикони Самарқанд дар майдони Регистони Самарқанд қад афрохта буд, ёдовар шавем. Соли 1987 дар рӯзномаи вилоятии «Ленинский путь» мақолаи фаъоли марказ Вафои Эшониён таҳти унвони «Быть памятник Рудаки в Самарканде!» эълон ва сабаб ба акси садоҳои зиёде гардид. Пас аз он муроҷиатҳои пайдарпай ба ҳукумати ҷумҳурӣ рухсат гирифта шуд, ки хурсандиро поён набуд.
Озмун барои тарҳи пайкара эълон гардид. Ғолибиятро саррассоми театри опера ва балети ба номи Ҳамид Олимҷон Даврон Сафозода (равоншод) ба даст даровард.
Хазинаи «Рӯдакӣ» таъсис дода шуд ва ба ҳайси раисии он профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев интихоб гардид.
Ба суратҳисоби хазина аз ҷониби ҳокимияти ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов, Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ)-и Тоҷикистон, ки раисиашро Лоиқ Шералӣ бар ӯҳда дошт, Алии Кофӣ– мудири Китобхонаи миллии Теҳрон ва хеле шахсиятҳои маъруфу гуногунтоифаи дохиливу хориҷӣ маблағ ворид шуданд.
Дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳр марафони якҳафтаина гузаронида шуд, ки мардум муташаккилона дар он иштирок намуданд. Маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ гардид. Билохира Шаҳриёр Мухторови тоҷикистонӣ, ки асолати самарқандӣ дорад, пайкараро сохт.
Соли 1992 пайкараи деринтизори барқади Рӯдакӣ дар майдони Регистон қад афрохт ва маросими бозшавии он пуршукӯҳ баргузор гардид. Сурур, ифтихор ва масъулиятшиносии мардуми худогоҳро ҳадду канор набуд. Бо иштироки меҳмонони хориҷиву дохилии кишвар 1150-солагии зодрӯзи абарустод дар пояи ҳамин пайкарааш гузаронида шуд.
Мутаассифона, пас аз соле, бо сабабҳои номаълум,  пайкара аз ҷониби ҳукуматдорон бардошта шуд ва муроҷиатҳои мардум то ин дам натиҷа намебахшад. Бояд таъкид кард, ки мардуми Самарқанд, чун худ саҳмгузор ҳастанд, пурра ҳуқуқи пурсидану даъвои ин пайкараро доранд ва хушбин ҳастанд, ки рӯзе садои онҳо ба гӯши сарвари оқилу дурбини кишвар мерасад ва адолат барқарор мешаваду пайкара ҷойи худро меёбад.  

Амина ШАРОФИДДИНОВА. 
САМАРҚАНД.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: