АРЗИШҲО

Ҳақи ҳамсоя

Модаркалонам ҳар рӯз пеш аз ба дастархон овардани таом ба янгаам, ки дар сари оташдон ҷунбуҷӯл дошт, мегуфтанд: «Аввал ба ҳамсоя бароред, баъд ба худамон мекашед». Кадом навъ хӯрок напазем, як рӯз ба хонаи ҳамсояи девордармиён Анорхонапаи солхӯрда, як рӯз ба манзили Санобарапаи бо парвариши кӯдакҳояш андармон, як рӯз ба ҳамсояҳои дигар табақи мо меҳмон мешуд. Агар ин риоя нашавад, баробари модаркалон аз гулӯи мо ҳам чизе намегузашт.
Дар навбати худ косаи фиристодаи мо холӣ барнамегашт. Як каф зардолу ё мавиз, қанди пӯпак ё ширинии дигарро, ки ҳамсоя роҳӣ кардааст, бо хоҳаронам талош карда мехӯрдем. Тавре ба назарамон менамуд, чизи ҳамсоя фиристода ширинтар аст. Ҳоло вазъият куллан дигар. Дар шаҳр, дар манзили бисёрошёна истиқомат дорем. Мешавад ҳатто ҳамсояҳои дарҳояшон ҳампаҳлӯ якдигарро нашиносанд. Субҳ ба кор рафта, шомгоҳ боз дар хона мешавем. Чӣ тавр гузаштани рӯзу ҳафта, моҳу солҳоро нафаҳмида мемонем. Ҳатто рӯзҳои арафа ё идҳои муборак барои бо як коса таом ёфтани дили ҳамсоя ҳавсала нест. Нашиносем якдигарро, чӣ тавр мебарам, гӯён андеша мекунем. Дар ҳамин гуна соатҳо панду насиҳатҳои модаркалон дар бораи ҳақи ҳамсоя паси гӯшам садо медиҳанд.

Панди модаркалон

Ҳамсояат тинҷ – ту тинҷ, мегуфтанд модаркалонам. Инсон бояд бо меҳру оқибат бошад. Чӣ дар рӯзҳои нек ва чӣ рӯзҳои бадат назар ба хешу табор,  ҳамсоя пештар даратро мекушояд. Ба ту ҳамдард ва маслиҳатгар мешавад. Барои ҳамин дар таоме, ки истеъмол мекунӣ, ҳақи ҳамсояат ҳам ҳаст. Инро асло фаромӯш нанамо.
Имрӯз тамоми психологҳои дунё ба омӯзиши муносибатҳо миёни одамон, шарикии онҳо ба тақдири якдигар овора мебошанд. Дар мо ҳамин гуна арзишҳо мавҷуд аст, ки онҳо ба инсонигарию халқпарварӣ талқин месозанд. Аз тифлӣ инро дидаву ҳис карда, беҳтарин фазилатҳои одамиро дар худ мушоҳида мекунем. Он чӣ дар хурдсолӣ мушоҳида кардаем, ба ибрат ва арзиши ҳақиқӣ табдил меёбад.
– Дар ҳақи ҳамсоя гап бисёр, – мегӯяд яке аз калонсолҳои маҳаллаамон Саодатапа Қобилова. – Ман ба ин садҳо бор гувоҳ ва амин гаштаам. Фарзанди дуюмам фасли зимистон таваллуд ёфт. Худам бинобар аз Қизилтеппа арӯс шуда омаданам аз хешовандон дурам. Бегоҳирӯзе тобам гурехт. Шавҳарам дар кор. Чӣ кор кардани худ намедонам. Ин асно як коса дами гарм бардошта, ҳамсоязан Алломаапа даромада омад. Вай чун фаришта тофт ба назарам. Дарҳол ба хонаи ҳамсояи мошиндор тохт, маро ба шифохона бурд. То аз касалхона баромаданам хабаргириро канда накард. Шахси наздикам шуда монд ҳамсоя. Бе маслиҳати ӯ кор намекардам. Фарзандонамон ҳам чун бародару хоҳар, акаву ука калон шуданд.

Таомули хабаргирӣ

Ин гуна тарбия молик ба чанд афзалияти психологист. Инро дар фан таомули хабардорӣ меноманд. Ҳамҷиҳатии ҳамсояҳо, ба якдигар лутфу меҳрубонии онҳо чунин ҷиҳатҳоро ташаккул мебахшад.
– Дар байни арзишҳои маънавиамон намунаҳои ба худ хоси маданияти ҳамсоядорӣ хеле зиёд,– таъкид месозад мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Нодира Долимова. – Ин арзиш дар тарбияи инсони комил, ба камол расонидани фарзандоне, ки ояндаи ҷамъиятанд, хеле муҳим. Дар даврае, ки техника бо шиддат ривоҷ меёбад, нигоҳ доштани анъанаи ҳамсоядорӣ аҳамияти долузарб касб менамояд. Хуб мешуд дар маҳаллаҳо ба ин масъала бефарқ набошанд. Шахсони калонсол ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳраманд дар мустаҳкам бастани риштаҳои меҳру оқибат, ба ҳамсоядил табдил додани ҳамсоядарҳо саҳми худ ҳамроҳ намоянд.

Анаъанаҳо намемиранд

Воқеан имрӯз дар манзилҳои бисёрошёна умр ба сар бурда, ҳамсоягариро аз хотир намебарорем? Бо ташвишҳои ҳамарӯза, бо тохтан аз пайи ризқу насиба эътибор ба ҳамсояро дувумдараҷа меҳисобем? Қадр кардани анъанаҳои хуби чандинасра, ба ҳамсояҳо меҳрубон ва баоқибат шуданро фарзандонамон аз мо наомӯзанд, аз кӣ меомӯзанд?
Вақте ба деҳа рафтам, меҳру оқибати ҳамсояҳоро дида, бо як коса таом аз ҳоли ҳам хабаргириашонро мушоҳида намуда, мамнун мегардам. Чи хел нағз, мегӯям ба худ табассумкунон. Аз ин мебарояд, анъанаҳои нек давом мекунанд. Канӣ, акнун дар шаҳрҳо низ ҳамсояҳо якдигарро хуб шинохта, оинҳои некро барқарор месохтанд. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ҳақи ҳамсоя ба ҳақи Худо баробар аст.

Муниса ШОДИЕВА,
журналист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: