Дар интихоботи навбатӣ, ки барои парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ гузаронида мешавад, мо вазифаи «Бунёди ҷамъияти фаровоне, ки ба давлати тавоно такя карда, қонунҳояш бо арзишҳои милливу умумиинсонӣ ҳамоҳанг ва қадри инсон баланд аст»-ро мақсади асосӣ ва ғояи «Тараққиёт дар асоси арзишҳо»-ро чун саршиори худ муқаррар намудем.
Барои мо шиори «Тараққиёт дар асоси арзишҳо» даъвати муттаҳидкунанда дар роҳи ба давлати соҳибқудрат табдил додани Ӯзбекистони ҷонаҷон ва фаровонии мардум дар ҳамоҳангӣ бо арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тараққиёти муосир мебошад.
Дар тамоми бахшҳои барномаи пешазинтихоботӣ мақсаду вазифаҳои мушаххас оид ба эҳёи арзишҳо ва рушди онҳо муайян гардида, самти дуюми барнома «Рушди маънавӣ ва ривоҷдиҳии фарҳанг» ном дорад, ки аз 3 бахш ва 26 вазифа иборат аст.
Рушди фарҳангу маънавияти миллӣ, ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳо яке аз вазифаҳои асосии мо хоҳад буд
Имрӯз ҳизб барои ба ҳар як ҳамватанамон фаҳмонидани мансубияти онҳо ба модар-Ватан, мусаллаҳ намудани халқ бо ғояҳои бунёдкори арзишҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи дунё ҳастем, барои муттаҳид гардидан дар атрофи ғояи «Мо як ҳамстем, мо аз Ӯзбекистонем!» даъват менамояд.
Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб аҳамияти бузурги ҷаҳони маънавӣ ва ҷаҳонбинии фарҳангии инсон дар намоён гардидани салоҳияти ӯ зикр гардида, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳар як фард тавассути оммавӣ гардонидани китобхонӣ, тарғиби театр, кино ва дигар соҳаҳои санъат инҳоро пешниҳод мекунад:
– баланд бардоштани масъулияти ҳокимон дар соҳаи фарҳангу маърифат;
– таҳияи барномаи рушди санъати театр;
– ташкили консепсияи таҳиясозии сериалҳои миллӣ;
– офаридани адабиёт, мусиқӣ, суруд, санъат, кино, мултфилмҳои бачагона, ривоҷдиҳии фаъолияти нашрияҳо;
– такмилдиҳии тартиби истифода аз рамзҳои миллӣ ва дигар рамзҳо, нишон (символ)-ҳо;
– тадқиқи асар ва дастнависҳои қадима, афзунсозии нашри онҳо;
– таснифи арзишҳо, таҳияи рӯйхати арзишҳое, ки ба эҳё ниёз доранд, устувор нигоҳ доштан, оммавӣ гардонидан ва ғайра.
Вазифаҳои дар боло зикршуда қариб тамоми воситаҳои тарғиби арзишҳои миллиро дарбар мегиранд ва маҳз аз ин ҷиҳат молики аҳамиятанд.
Фикри худро дар мисоли мушоҳидаҳоямон оид ба баъзе ҳолатҳо дар роҳи рушди адабиёти бачагона, ки арзиши миллӣ ва пояи фарҳанги мутолиа мебошад, идома медиҳем. Чунки худшиносӣ раванди интеллектуалӣ аст. Инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ бошад, бевосита ба мутолиаи китоб вобаста мебошад.
Дар рафти корҳои назоратию таҳлилие, ки аз тарафи ҳизби мо бо иштироки гурӯҳҳои депутатӣ оид ба ин масъала гузаронида шуд, зарурати нав кардани баъзе фондҳои ахбор-китобхонаҳо дар мамлакат, ки ба аҳолӣ хидмат мерасонанд, аниқ гардид.
Дар ин самт, беҳсозии таъминоти марказҳои ахбор-китобхонаи тобеи Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, эътибор ба бунёд ва таъмир кардани биноҳои китобхонаҳо муҳим маҳсуб мешавад.
Инчунин, дар барномаи пешазинтихоботӣ вазифаҳои таснифи арзишҳо, таҳияи рӯйхати арзишҳое, ки ба эҳё ниёз доранд, устувор нигоҳ доштан ва оммавигардонии онҳо пешбинӣ шудааст. Дар интихоботҳои гузашта вазифаи ислоҳи арзишу анъанаҳои миллӣ дар асоси ба рӯйхат гирифтан, ҷудо кардани онҳо ба намудҳои «арзиш ва анъанаҳои миллӣ, ки аз байн рафта истодаанд ва ҳоло ба барқарор кардан ниёз доранд», «анъанаҳое, ки хилофи арзиш ва анъанаҳои миллии мо ҳастанд ва дар айни замон оммавӣ мегарданд», «арзиш ва анъанаҳои миллӣ, ки бояд ҳифз шаванд» вуҷуд дошт.
Дар ин барномаи пешазинтихоботии худ низ ин масъаларо дохил кардем. Чунки ин масъалаи муҳим дар назди мо саволи фардо симои маънавии ӯзбекистониён чӣ хел мешавадро ба миён мегузорад. Ин савол дар маркази худшиносӣ қарор дорад. Ҳар як давлати пешрафта ба ин савол ҷавоби худро дорад. Нуқтаи рушди моро бояд арзишҳои мо муқаррар намояд.
Ҳифзи мероси фарҳангӣ, истифодаи он, такмил додани асосҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо дар маркази диққати мо мешавад
Ҳар як мамлакат бо таърих ва гузаштаи ғании худ зинда ва ҷовидона аст. Ӯзбекистон ҳам бо таърихи сеҳазорсолаи худ асрҳо инҷониб мардуми ҷаҳонро ба ҳайрат меандозад. Ёдгориҳои таърихию меъмории кишварамон аз ақлу заковати беҳамто ва таҷрибаи ғании аҷдодони мо дар соҳаи илмҳои дақиқ гувоҳӣ медиҳанд. Ҳифзи ин мероси моддию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда бегазанд расонидани он ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Дар моддаи 61-уми таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳуда «Шаҳрвандон бояд мероси таърихӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва табиии халқи Ӯзбекистонро ҳифз кунанд. Мероси таърихӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва табиӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад» муқаррар нагардидааст.
Мувофиқи маълумот, ҳоло дар мамлакатамон 8210 объекти ғайриманқули мероси моддии фарҳангӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад, ки аз ин шумора 4788-тоаш бостоншиносӣ, 2265-тоаш меъморӣ, 625-тоаш асарҳои монументалии санъат ва 530-тоаш масканҳои сазовори диққат буда, таҳти муҳофизати давлатанд. Дар Ӯзбекистон Бухоро, Самарқанд, Хива, Шаҳрисабз, Термиз барин шаҳрҳои осорхонавӣ бошад ҳам, дар онҳо эътибор ба объектҳои фарҳангӣ ва истифодаи босамари онҳо ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудааст.
Маҳз аз ҳамин сабаб, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон чун ҷонибдори танзими низоми ба иҷора додани мероси фарҳангӣ ба майдон мебарояд. Мавқеи ҳизб бобати ба тартиб андохтани низоми ба иҷора додани объектҳои мероси фарҳангӣ, аз саъю талоши қатъии ҳизб ба ҳифзи миллият ва арзишҳои миллӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳизб мақсадҳои худ, бахусус, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, ҳимояи ҳувият ва таърихи пуршарафро тавассути ҳифзи мероси миллӣ ба сифати вазифаи устувор муқаррар кардааст. Тавассути ин ташаббус онҳо талош доранд, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода шудани ёдгориҳои фарҳангиро пешгирӣ кунанд ва онҳоро ба сифати сарвати миллӣ бегазанд нигоҳ доранд.
Дар баробари ин ҳама, ҳизб дар ин самт пешниҳодҳоро бобати муайян кардани объектҳои мероси фарҳангӣ, ки ба рӯйхат гирифта нашудаанд, пешбарии ташаббусҳои қонунгузорӣ оиди ба муҳофизати давлат гирифтан, пешгирии нобудшавӣ ё вайроншавии онҳо, ба осорхонаи кушоди зери осмон табдил додани ёдгориҳои археологӣ, такмили тартиби ба рӯйхат гирифтан, ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангӣ, ба мамлакат баргардонидани асл ё нусхаҳои дастнавис, китоб ва дигар осори атиқаи қадимӣ, ки дар хориҷа маҳфузанд, инчунин, ба феҳристи ЮНЕСКО дохил кардани объектҳои мероси фарҳангӣ, табиӣ ва дигарро пешбарӣ менамояд.
Ҳизби мо баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, дар мамлакатамон ва берун аз он васеъ тарғиб намудани онро яке аз вазифаҳои устувори худ мешуморад
Забон яке аз омилҳои ҳалкунанда дар ҳифзи фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллат аст. Вақте миллат аз забони худ дур мешавад, мумкин аст, аз арзишҳои фарҳангии худ низ дур шавад ва эҳтимол ин метавонад боиси аз байн рафтани миллат гардад. Бинобар ин, ноил шудан ба истифодаи пурраи забони ӯзбекӣ дар соҳаҳои ҳуқуқ, илму фан ва техника хеле муҳим аст. Дар нигоҳдории худшиносии миллӣ забон аҳамияти бузург дошта, он на танҳо воситаи мулоқот, балки василаи инъикоскунандаи тарзи тафаккури миллат, тараққиёти илму фан ва технология ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, ҳизб сиёсати давлатиро, ки ба баланд бардоштани мақом ва нуфузи забони давлатӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ намуда, таъкид менамояд, ки ҷонибдори истифодаи пурраи он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад ва дар ин бобат як қатор ташаббусҳоро пешбарӣ менамояд.
Бахусус, ҳизб ба масъалаҳои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар Ӯзбекистон барои вайрон кардани қонун «Дар бораи забони давлатӣ» эътибори алоҳида медиҳад.
Дар ин замон, ки илму фан, техника бошиддат рушд мекунад, барои нигоҳ доштани тозагии забон, мутобиқ ва мувофиқи маънавият ва менталитетамон интихоб намудани номи ҷойҳо, дарёфти муқобилҳои ӯзбекии истилоҳоти наве, ки тавассути соҳаҳои гуногун ба забони мо ворид мешаванд, инчунин, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба забони давлатӣ ва арзишҳои маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳама як хел масъул мешавад.
Аз ин рӯ, ташаббусҳои ҳизб дар бораи таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба ислоҳи ҳуҷҷатҳои марбут ба забони давлатӣ ва дар таҳрири нав қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» аҳамияти бузург дошта, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ хидмат мекунад.
Хулоса, дар мамлакати мо марҳилаи навбатии бедории миллӣ оғоз ёфт. Дар ин раванд, дар асоси ғоя ва мақсадҳои ҳизб, масъалаи рушди маънавӣ ва ривоҷдиҳии маданият аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ин бобат, ҳифзи арзишҳо, ғанӣ гардонидан, муҳофизати мероси фарҳангӣ ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ аз муҳимтарин самтҳои устувори фаъолияти минбаъдаи ҳизб мешавад. Ташаббусҳое, ки аз тарафи ҳизб пешбарӣ мешаванд, барои боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги ғанӣ, мероси маънавию фарҳангии халқи мо ва нуфузи забони давлатӣ хидмат намуда, дар асоси ғояи «Тараққиёт дар асоси арзишҳо» барои боз ҳам ривоҷ ёфтани мамлакатамон имкон медиҳад.
Барои пешрафти миллӣ ба Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» ва номзадҳои он овоз диҳед!
Зуҳра МИРГАЗИЕВА,
Руслан ЖУМАМУРАТОВ,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.