АРЗИШҲОИ МО – САРВАТИ БЕБАҲО

Чунин ном дорад чорабиние, ки дар маркази боғи истироҳат ва маданияти ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи ноҳияи Чуст баргузор гардид.

Дар мамлакатамон ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории занону духтарон кумаки амалӣ расонида, фароҳам овардани шароити зарурӣ ва ҷалб намудан ба соҳибкорӣ дар маркази таваҷҷҷуҳи ҳукуматамон қарор дорад. 
Солҳои охир нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан фаъолии занону духтарони соҳибкор меафзояд. Дар доираи лоиҳаи «Зани соҳибкор – ба халқ мадагор» намоиши даҳҳо маҳсулоти ҳунармандии миллӣ ташкил карда, маҳсулоте, ки арзишҳои миллии занони ҳунарманди ноҳияро тараннум менамояд, ба маърази тамошо гузошта шуд. 
Иштирокчиён ба маҳсулотҳои бо меҳнати дастӣ офаридашуда, аз қабили тоқии чустӣ, либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, бозичаҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои халқӣ, сохтани гул аз собуну қоғази ранга, нигоҳубинии гулҳои табиӣ, бофандагӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
– Борҳо шунидаам, ки чустиҳои бо корду тоқиашон дар ҷаҳон машҳур, бо даҳҳо ҳунарҳои миллии бофандагӣ, устоӣ, ганчкорӣ, косибӣ, заргарӣ ва тунукасозӣ низ ном баровардаанд. Исботи амалии инро бозори Чустро давр зада дидам, – мегӯяд Гулсун Худойқулова, ки аз Бухоро омадааст. Ман занон ва духтарони ҳунарманди ин ҷоро ба бухорогиҳои худамон монанд кардам. Дар мо асосан навъи ҳунарӣ зардӯзӣ васеъ паҳн шудааст. Ба ин маъно таъкид кардан мехостам, ки мо умумияти зиёд дорем
Вақте ки дар гирди намоишгоҳ сайру гашт мекардам, ман ҳамчун модар аз дидани он, ки духтаракон дар катҳо нишаста, ҳамроҳи модаркалонашон тоқӣ медӯзанд, бештар ба завқ омадам. «Ба фарзандонамон аз ҳафтсолагӣ ҳунар меомӯзонем, зеро он аз ниёгони мо мерос мондааст. Оилае нест, ки бо ягон намуди кор машғул набошад», – бо фахр мегӯяд яке аз модарони чустӣ, ки ба онҳо ҳавасам омад. Самимият ва кушодадилии мизбонон касро ба шавқ меорад. Дар куҷое меҳмон нашавем, моро ҳамчун наздикони худ пешвоз мегиранд. Хусусан, фаъолии ҷавононро дар ҳар ҷабҳа дида, ба ҳайрат омадам. Шуғли фарзандон бо ҳунарҳои гуногун аз самараи муҳити маънавӣ, иҷтимоиву иқтисодии оилаи чустиҳо дарак медиҳад. Ба ҳунарманди кашидадӯз Марғуба Неъматуллоева бисёриҳо ҳавас кард. Гуздӯзиҳои гуногуни бо дасти ӯ офаридашуда, ки бо сӯзану ришта тасвирҳои рӯйи матоъро зинда мекард, ҳайратовар аст. Гулдӯзӣ, ки сабру тоқат, суботкорӣ, оромии рӯҳро тақозо мекунад, аз дасти на ҳар кас меояд. Зимни суҳбат бо Неъматуллоева ҳаминро дарк кардем, ки ӯ қобилияти дӯзандагӣ, расмкашӣ, сурудхониро низ дорад. 
Ҳамчунин, шоёни таҳсин аст, ки раиси корхонаи «Варзик эко текстил» Гулнора Фахриддинова, вориси апаи Қуттбинисо, имрӯз ин корхонаро таъсис дода, 50 нафар занону духтаронро бо кор таъмин кардааст.
Гавҳарой Насриддинова сокини маҳаллаи Қалъаи поён 3 сол пеш корхонаи дӯзандагии «Сари қалъаро» таъсис дода, бо даҳ нафар коргар ба кор шурӯъ кардааст. Ҳоло бо 20 нафар занону духтарони ба ин касб ҳавасманд, бино ба  анъанаи «Устод – шогирд» ҳунар меомӯзанд.
Ҳафиза Маҳкамоваи ёрқишлоқӣ соли 2021 ба рӯйхати «Дафтари занон» сабт шуда буд. Қарзи имтиёзнок гирифта, корро бо таъсис додани корхонаи дӯзандагӣ дар хонаи худ сар карда буд, Ҳоло 15 нафарро бо ҷойи кор таъмин кардааст.
Дилафрӯз Ҷаббороваи хӯҷаободӣ аз хурдӣ ба дӯзандагӣ шавқу рағбат дошт. Аз ин рӯ, корхонаи дӯзандагии «Аббос идеал»-ро таъсис дод, ки 65 нафар занони бекорро ҷалб кард. Ба корхонае, ки ба дӯхтани либоси мардона ихтисос дорад, аз хориҷи кишвар низ дархост меояд.
Баромадҳои санъаткорон ва ҳаваскорони Хонаи маданияти ноҳия ба ҳозирон табъи хуш бахшид.
Муовини раиси ҳокими вилоят, сардори раёсати кор бо оила ва занон Динора Ёқубова, фаъолияти соҳибкорони ҳунармандро эътироф намуда, ба онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Шоҳида ДАМИНОВА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: