Асад Гулзодаи БУХОРОӢ

БУХОРО

Асад  Гулзодаи БУХОРОӢ

БУХОРО

Дар кафи дашту саҳро –
Шаҳри қадим Бухоро,
Кӯшку қасрат пуршукӯҳ
Аз сангу хишти хоро
Нақши дару деворат
Зебо асту дилрабо,
Оби Шаҳрӯди покат,
Бошад басе гуворо,
Манораи Калонат
Аз абри гардун боло.
Таърихи хоса дорад
Ширбадану Дилкушо,
Наҷми Моҳи хосаат,
Гардида ҷаҳоноро.
Лаби Ҳавзи нотакрор
Фақат хоси Бухоро.
Ҳар гӯшаи ҳисорат,
Зебо зи мулки Доро.
Гарчи синнат норавшан
Куҳан бошӣ чу дунё,
Забони тоҷикиро
Ватан ҳастӣ Бухоро.

 


ХОЛИ РӮЙ
(Ҳикояи хурд)

Ман бераҳмии Худоро нисбати худ хеле ҳам хуб эҳсос мекунам, зеро маро, ба  қавли худам,  бениҳоят  безеб: кӯзпушт, қадпаст, бе муйҳои дарозу  анбӯҳ, қомати мавзун, мижгону  чашмони сиёҳи фаттон офаридааст. Ягона  аломати зебоӣ, ки дар худам эҳсос мекунам,  ин  холаке дар тарафи рости рӯям буд. Ва ҳангоме ки дар оина ба ин холак нигоҳ мекардам,  кӯзпуштӣ ва дигар камбудиҳои андоми баданамро фаромӯш мекардам. Ин  холак гармии рӯямро  дучанд зиёд мекард ва баъзан диққати роҳгузаронро  ҳам ба худ ҷалб мекард. Хулоса, ман  бахти  худро ба ин холак пайваст донистам ва умед доштам, ки рӯзе мерасаду ин холча маро хушбахт  мегардонад.
Солҳои ҷавонӣ, баҳори умр, шукуфаҳои ғунчаи дилро бесамар аз даст додам. Дугонаҳоям соҳиби  ду-се фарзанд, аммо ман то ҳол бе касу  кӯ, дар кунҷи фироқ, бе ҳамболи умр  ба сар бурда  истодаам. Зиндагӣ маро хеле ҳам афсурдаю ғамгин  кард. Худро мисли ситораи сӯхта мепиндоштам, агарчи гирду  атрофамро падару модари азизам, хоҳарону бародарони дилсӯзам  пурра  намуда, пайваста  ғамхорӣ, дилбардорӣ ва меҳрубонӣ мекарданд. Дар зиндагӣ рӯз то рӯз худро  як  шахси бегона, зиёдатӣ эҳсос мекардам. Ягон  чиз  диламро тасалло дода наметавонист. Худро дар  саҳрои  беканору бекас эҳсос мекардам. Баъзан  барои таскини дил ғазалҳои Ҳофизро варақ мезадам – аммо бефойда.
Дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон, намедонам  барои  чӣ,  ба  кӯча  баромадам ва хостам ба мағозаи тарафи дигари  кӯча дароям. Азбаски роҳ  каме яхбаста буд, ман эҳтиёткорона, то ки лағжида наафтам, аз кӯча гузаштан хостам. Ногаҳон марди  миёнсоле пайдо шуда, хост барои аз роҳи яхбаста гузаштанам кӯмак расонад. Ӯ дастони  хунуки  маро бо дастони гармаш  маҳкам  дошта, барои аз роҳи яхбаста  гузаштан ёрӣ  расонд. Ман  мисли  яхпорае  дар зери  дастони  гармаш  об  шудан  гирифтам. Дилам  пайваста тапидан гирифт, гап  зада натавонистам, ҳатто ташаккур  гуфтанро  фаромӯш  кардам. Ӯ хеле тӯлонӣ  ба тарҳи  рӯям нигоҳ карда  пурсид: 
– Ин холи рӯят соҳиб дорад? 
– На, на… – бо овози ларзон ҷавоб додам ман.      
Рост  гуфтаанд, ки ҳар кас бахти  худро дар ҷою ҳолати ғайричашмдошт пайдо мекунад.

Ҳ.ҚУРБОНМАМАДОВ,
ш.ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: