АСАЛДУХТАРИ РӮЗНОМА

Ҳар боре, ки, Асалой Сархатзода ба идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд” меояд, кормандони таҳририят “ Асалдухтари рӯзнома омад” гӯён, ӯро хуш истиқбол мегиранд.

Аз  чунин навозиш вай курта-курта гӯшт мегирад.
Воқеан, ӯ духтараки чеҳрахандону ҳозирҷавоб, пуркору пухтакор, хушгуфтор, яъне  исмаш ба ҷисмаш монанд буда, ба эҳтироми аҳли ҷамоа соҳиб шудааст.
Ёд дорам, бори нахуст ӯро ду сол қабл дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” дида будам, ки  бо муҳаррир сӯҳбат дошт.
– Ҳамин духтарак мақолаҳои хуби тоҷикӣ менависад, – мусоҳибашро муаррифӣ кард муҳаррир  Нормурод Каримзода ва коғазеро дароз карда гуфт:
– Гирумонаш бад нест. Як лавҳачаи аҷоиб овардааст.
Рости гап, баъди мутолиаи лавҳа ба ҳақ будани сухани муҳаррир боварӣ ҳосил кардам.
Вақте Асалой дар синфи ёздаҳуми мактаби таълими ҳамагонии рақами 39-уми зодгоҳаш таҳсил  мегирифт, омӯзгори забони модарӣ ва адабиёт  Манзура Ӯроқова барои ба матбуоти даврӣ дилгарм кардани шогирдон, дар мавзӯи “Рӯзномаи дӯстдоштаи ман” иншо навиштанро супориш дод.
Асалой зуд хомаро ба даст гирифта, дар бораи “Овози Самарқанд” навишт ва ҳатто ному насаби рӯзноманигоронро як-як зикр намуд. Ин бесабаб набуд, зеро аксарияти омӯзгорону талабагон ба ин рӯзнома обуна буданд ва Асалой ҳар як шумораи онро бо шавқи тамом мехонд. Сипас, мақолаи худро бо пешниҳоди муаллима Дилсора Зиёева ба идораи “Овози Самарқанд” фиристод. Аз байн чанд рӯз гузашту нахустин маҳсули қалами Асалой рӯйи чопро дид. 
Баъдан ӯ бо дастгирию раҳнамоӣ ва маслиҳатҳои журналистони варзида, эҷодкорони бомаҳорат Нормурод Каримзода, Тошқул Азимзода, Асадулло Шукуров, Озод Ҳамидзода, Дилрабо Насимӣ ва дигарон барои омӯхтани асрори эҷод ва такмили маҳорати худ ҷиддан машғул гардид. Дар фазои маҷозӣ бо шоиру нависандагон, аҳли адаби гӯшаву канори кишвар чун Абдулло Субҳон, Юнуси Имомназар, Хусрави Саъдуллоҳ ва дигарон тамос гирифта, аз онҳо маслиҳатҳои судманд мегирифт. 
Ин ҳама саъю кӯшиш бенатиҷа намонд. Дар фурсати кӯтоҳ ба мухбири фаъол табдил ёфт. 
Соли гузашта номаи камол гирифту ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт. 
Асалой дар баробари таҳсил, бо рӯзномаҳо ва Хонаи эҷодии табъу нашри «Маҳорат» ҳамкорӣ дорад, дар маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» фаъолияти меҳнатиашро идома медиҳад. 
– Асалой мусаҳҳеҳи чанд китоб аст, – гуфт сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода. – Барои чопи бехато ва хуштарҳ баромадани китобҳо саҳм мегузорад. Умед аст, ки дар оянда аз журналистони номдори Самарқанд хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки намунаҳои эҷодаш дар баёзи эҷодкорони ноҳияи Самарқанд “Гулободнома”, маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” ва нашрияҳои дигар рӯйи чопро дидаанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: