АСАЛПАРВАРӢ АСРОРИ ХУДРО ДОРАД

Дар факултаи зоомуҳандиси асалпарварии Донишгоҳи давлатии Фарғона бо иштироки профессори ифтихории ин донишгоҳ Асалбек Муртазобеков ҷамъомад баргузор шуд, ки нозукиҳои соҳаи асалпарвариро ба доираи баҳсу баррасӣ кашид.

Гуфта шуд, ки дар асоси қарори Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев  аз 16-уми октябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дар ҷумҳурӣ» ба асалпарварон  имтиёзҳои зиёд дода шудаанд. 
– Ин имтиёзҳо барои ривоҷ додани соҳаи мазкур ҳамчун омили асосӣ хизмат мекунанд. Солҳои охир дар миқёси  ҷумҳуриамон ба соҳаи занбӯрпарварӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.Чунки асалпарварӣ низ яке аз соҳаҳои фоиданоки хоҷагии халқ ба шумор меравад. Беҳуда онро дар байни мардум “Яке аз ҳафт хазина” намегӯянд, – изҳор намуд мудири кафедра, доктори илмҳои биология Авазбек Турдиалиев.
— Кори асосиро парвариш, нигоҳдорӣ, истифодаи гардолудкунии набототи энгимофилтӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо ташкил мекунад. Ба даст овардани маҳсулоти бештари занбӯрпарварӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. 
Дар бораи таърихи занбӯрпарварӣ ва истифодаи  маҳсулоти он олимони зиёд маълумотҳои дақиқ додаанд.Дар замонҳои қадим занбӯри асал барои худ дар холигии дарахтону  ковокии сангҳо хона сохта, дар он ҷо асал ҷамъ менамуд. Бо мурури замон инсон ба хотири истифода аз асал тадриҷан ба парвариши занбӯри асал машғул гардид.Истифодаи асал дар Ҳиндустон, Хитой, Бобулистон хеле барвақт сар шудааст, – мегӯяд Асалбек Муртазобеков.
Ба таъкиди ӯ сарчашмаҳои таърихии римӣ, юнонӣ ва шарқӣ дар бораи асал ва  хусусиятҳои давоии он маълумот додаанд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.)1400 сол пеш асалро барои муолиҷаи беморон тавсия кардаанд. Дар сураи 16-уми  китоби Қуръони маҷид низ оид ба занбӯр ва асали он маълумотҳо дода шудаанд. Донишманди Шарқ Закариёи Розӣ ва олимони минбаъдаи тоҷику ӯзбек аз асал ҳамчун муъҷизаи табиат ёдовар шудаанд. Абуалӣ ибни Сино 1100 сол пеш навишта буд: «Агар хоҳӣ, ки ҷавониатро нигоҳ дорӣ, асал бихӯр».
Шайхурраис дар асарҳои ҷовидонаи худ, мисли «Ал-қонун» ва «Китоб-уш-шифо» дар бораи асал ва тарзҳои истифодаи он дар табобати бемориҳо иттилооти хуб додааст ва асалу мӯмиёро барои табобати меъда ва касалиҳои дигар истифода намудааст. 
Ҳодисаҳое мешаванд, ки занбӯри асал аз растаниҳои заҳрдор шаҳд меорад ва аз истеъмоли он шахс  маст мегардад. Пас аз 6-7 соат шахси гарангшуда ҳушёр мешавад. Ҳамин асали заҳрдор агар як сол нигоҳ дошта шавад, заҳрнокиаш нест мегардидааст. Дар табиат ин хел асал кам ёфт мешудааст. Қариб 95-97 фоиз асалҳо хӯрданӣ ва давоӣ мебошанд. 
– Асал асосан ба се намуд ҷудо карда мешавад: асали ҷангал, асали пахта ва асали кӯҳӣ. Фарқи асали ҳақиқии пухтарасида аз асали қалбакӣ дар ҳамин  аст,  ки асали ҳақиқӣ пас аз 2-3 моҳ ғафс ва дар охир сахт гаштаву ях мекунад. Асале, ки ях намекунад, он асали қалбакӣ мебошад. Асали асил метавонад равғанмонанди ғафс, ғафси донадори калон, ғафси доначадор  бошад, – тазаккур дод Асалбек Муртазобеков.
Дар чорабинии мазкур иштирокчиёни ҷамъомад ва донишҷӯёни ин соҳа перомуни асрори асалпарварӣ маълумоти пурра гирифтанд.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии факултети 
филологияи ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: