АСАРИ МОНДАГОРИ ДАВЛАТДОРӢ

Хоҷа Низомулмулк аз донишмандон ва сиёсатмадорони бузурги халқи мост, ки бо хизматҳои фаровони худ дар роҳи дастгирии мардуми оддӣ ва ҳифзу такмили тамаддуни Шарқ саҳми бориз дорад.

Мавсуф соли 1018 милодӣ, яъне аз ин расо ҳазор сол пеш ба дунё омадааст. 
Баъди омӯхтани илмҳои расмии замон аз синни 21 ба хизмати Абӯалӣ ибни Шозон рафта, ба ҳайси котиб ифои вазифа кардааст. Дар 32-солагӣ ба хизмати  Алпарслон медарояд ва дар арсаи сиёсат мақоми шоистаи худро пайдо мекунад. Баъд аз вафоти Алпарслон писараш Маликшоҳ ба тахт мешинад ва Низомулмулкро вазири хеш таъин мекунад. Низомулмулк аз вазъи омма, аҳволи олимону донишмандон воқиф буд. Минбаъд барои такмили донишу фарҳанг ва хизмат дар роҳи ободиву озодии инсон дар шаҳрҳои бузургтарини давр ва дигар мавзеъҳо мадрасаҳо созонд, ки бо номи Низомия машҳур шудаанд ва аввалин мадрасаи Низомия дар Нишопур қад рост карда буд. Муҳаммад Ғаззолӣ, Саъдии Шерозӣ, Рашидуддини Ватвот ва садҳо нафари дигар донишмандони асрҳои миёна парвардаи мадрасаҳои Низомия буданд. Чунонки Саъдӣ мегӯяд:
Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу рӯз талқину такрор буд.
Низомулмулк ҳариси илму фарҳанг буд ва мехост, ки кулли мардум соҳиби саводу фарҳанг шаванд, аҳли илм бекор ва аз эътибор дур намонанд. Чунонки аз манбаъҳо суханони зерини Имодуддини Исфаҳонӣ дар ҳаққи ин вазири бофарҳанг ба даст меояд: «Дар ҳар шаҳре, ки Хоҷа марде донишманд меёфт, бедиранг мадрасае барои ӯ месохт, то дар он ҷо ба тадрис бипардозад».
Яке аз корҳои бохирадонаи Низомулмулк ин аст, ки Умари Хайёмро ба корҳои илмии девон ҷалб мекунад, ҳатто барои фаъолияти илмиву адабии худро дуруст ба роҳ мондани шоир ҳар соле 1200 туман музд медиҳад. Аммо баъди он ки муноқишаҳои сиёсӣ сар мезанад, Низомулмулк ҳам дар сафар ба қатл расонда мешавад, ки ин сана 14 октябри соли 1092 буд.
Бояд гуфт,  Низомулмулк дар баробари корҳои нек дар умури давлатдорӣ, дастгирии аҳли илму адаб, созондани мадрасаҳои ҷавобгӯи талаботи давр аз худ асаре ба ёдгор гузошт, ки бо номи «Сиёсатнома» ё «Сияр-ул-мулук» машҳур аст. Асари дигаре ҳам ба ӯ таҳти унвони «Дастур-ул-вузаро» нисбат дода мешавад. Аммо то имрӯз Низомулмулкро дар арсаи сиёсату фарҳанги ҷаҳон ҳамчун муаллифи асари пурқимати «Сиёсатнома» мешиносанд. 
Ӯ аввал асарро дар 38 боб таълиф карда, ба Маликшоҳи Салҷуқӣ тақдим мекунад, аммо бо он қонеъ нагардида, аз нав болои асар кор карда, онро ба 50 боб мерасонад ва ба котиб Муҳаммад Мағрибӣ медиҳад, ки асарро дар ҳамин шакли пурра рӯйбардор карда, ба дарбор бурда расонад. Аммо ин котиб муваффақ намешавад, ки «Сиёсатнома»-ро ба зудӣ ба боргоҳи шоҳ бурда расонад. Дар ин миён муноқишаҳои сиёсӣ авҷ мегиранд ва ниҳоят, соли 1105 ба Муҳаммад Мағрибӣ муяссар мешавад, ки китобро бо таҳрири нав эълон кунад.
Низомулмулк дар «Сиёсатнома» бисёр дурандешона қаламронӣ кардааст. Ӯ ба хонанда панду насиҳати хушку холӣ намегӯяд, балки ҳар як масъаларо дар асоси воқеаҳои ҳаётӣ таҳлилу баррасӣ мекунад. Ба сабаби он ки муаллиф заковати баланд ва таҷрибаи калон дошт, бинобар ҳар як масъала суханҳои ҳикматнок ё ҳикоятҳои ибратомӯз меорад. Аммо дар мазмуну мундариҷаи ҳикоятҳо ҳам бинобар нияти эҷодии худ тағйирот ворид мекунад. Дар баъзе мавридҳо фикрҳои худро аз забони қаҳрамонони ривоятҳои асар меорад, ки боиси пуртаъсир гардидани ақи-даҳои ӯ оиди давлатдорӣ гардидаанд.
Дар бораи Низомулмулк суханҳои мондагор гуфта шудаанд. Аз ҷумла, Соҳибқирон Амир Темур дар «Тузукоти темурӣ» меорад: «Низомулмулк амалҳои нохуб кам дошт, аммо корҳои некаш бештар аст». «Сиёсатнома» низ ҳамчун дастури муҳими давлатдорӣ  эътироф гардида, бо мақсади устувор доштани низоми ҳукумати адолатноки сиёсӣ ва ҳифзи он аз бадхоҳони ҳукумат таълиф шудааст. Аммо чунонки мушоҳида мегардад, ҳам нусхаи кирилӣ ва ҳам нашри форсии он ҳанӯз мукаммал ба чоп нарасидаанд. Яъне бо сабабҳои гуногун баъзе матни нашрҳои он ҳазф карда шудааст.
Низомулмулк дар ҳар як кори давлатдорӣ бо машварати донишмандон амал кардан ва дар вақтҳои зарурӣ огоҳиро аз даст надода, тадбири оқилона андешиданро маслиҳат медиҳад. Зеро ӯ ба чашми худ дида буд, ки бар асари кашокашҳои сиёсӣ дар пойгоҳи ҳукумати салҷуқиён рахнаҳо ворид шуда буд. Ӯ дар ҳар як амал аз нуқтаи назари дурандешӣ рафтор намуданро ташвиқ карда, иброз медорад, ки пешрафти корҳои мамлакат ба кормандони салоҳиятнок вобастагии қавӣ дорад. Дар баробари ин, барои тасдиқи андешаҳои худ воқеаҳои рӯзгори Маздаку Муқаннаъ ва дигаронро мисол меорад. 
Хуллас, «Сиёсатнома» дар баробари он ки дастури муҳими давлатдорӣ аст, ҳамчун асари бадеӣ низ дар қатори  куҳантарин китобҳои хондании адабиёти мо қарор мегирад ва Низомулмулк бо ин асараш дар ташаккули ҳикоятнависии адабиёти мумтози форс-тоҷик нақши бесобиқа дорад.

Х. ҲАМИДОВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: