АСАРҲОИ АБӮАЛӢ СИНО БЕРУН АЗ ЧАҲОРЧӮБАИ ФАРҲАНГҲО ВА ДИНҲО

Дар Лондон чорабинии фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба мероси илмии олим ва мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино (Авитсенна) баргузор шуд.

Дар тадбире, ки Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Британияи Кабир ва Ҷамъияти дӯстии британиёию ӯзбекистонӣ созмон доданд, намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва муассисаҳои тиббӣ, арбобони илму маданияти Британияи Кабир, ҳамчунин ҳамватанони мо, ки дар ин кишвар зисту зиндагӣ доранд, иштирок карданд. 
Сафири Ӯзбекистон дар Лондон Саид Рустамов таъкид сохт, ки алҳол дар мамлакати мо ба эҳё ва афзун сохтани суннатҳои миллӣ, омӯхтани мероси ғановатманди илмиву эҷодии ниёгони бузургамон, ки Абӯалӣ ибни Сино яке аз онҳо ба шумор меравад, эътибори зиёд дода мешавад. Саҳми беназири ӯ ба илми ҷаҳонӣ дар тамоми олам эътироф шудааст ва то имрӯз дастоварди маънавии кулли инсоният боқӣ мемонад. Бесабаб нест, ки медали байналхалқии  тиллоии ЮНЕСКО номи ӯро дорад. 
Дар чорабинӣ  – офталмологи беморхонаи донишгоҳии Норфолк ва Норвич, узви Коллеҷи шоҳигарии офталмология Шоиста САИДҚОСИМОВА баромад кард. Вай гуфт, ки осори Ибни Сино ба интихоби роҳи ҳаёти ӯ таъсир кардаанд. «Ҳанӯз солҳои мактабӣ бобоям ба ман китоберо дар бораи Ибни Сино туҳфа карда буд, ки ба шарафи 1000-умин солгарди олим, соли 1980-ум чоп шудааст. Ман ҳар рӯз ин китобро мехондам ва оқибат қатъиян қарор додам, ки шифокор шавам». 
Абӯалӣ ибни Сино барҳақ яке аз файласуфон ва олимони ҳамадони машҳур ва шинохта ба шумор меравад. Номи ӯ дар сафи номҳои Ҳиппократ ва Гален қарор дорад, ситорае, ки дар асри гузашта кашф шудааст, такура (кратер) дар Моҳ, пойгоҳи умумиҷаҳонии маълумот дар бораи илми тиб, ҳамчунин шабакаи аз ҳама бузургу мустақили дорухонаҳои Британия номи ӯро доранд. ЮНЕСКО солҳои 1952 ва 1980-умро соли Авитсенна эълон карда буд. 
Олим ва духтури бритониёӣ Нимар ҚОДИРӢ, ки бинобар асари Абӯалӣ ибни Сино «Ал-қонун» рисолаи докториашро ҳимоя кардааст, таъкид намуд, ки олим тақрибан 450 асарро вобаста ба масъалаҳои гуногун эҷод намудааст, аз онҳо ҳамагӣ 240-тоашон то ба мо расидаанд. Дар ин асарҳо тақрибан тамоми донишҳое, ки тӯли 1500 соли то олим сабт гардидаанд, аз ҷумла осори файласуфҳои Юнону Рим, дастовардҳои илмии тамаддунҳои исломӣ, чинӣ ва ҳиндӣ ҷамъ оварда ва ба танзим дароварда шудаанд. 
Мероси илмии Авитсенна самти асосии рушди фанҳои тиббиро барои садсолаҳои зиёд мушаххас карданд ва пойдевори роҳу усулҳои асосии тиббии амалӣ ва дорусозиро гузоштанд, ки имрӯз ҳам рӯзмарра мебошанд. Тақрибан 500 сол дар донишкадаву донишгоҳҳои машҳури Аврупо мувофиқи онҳо асосҳои тибро таълим медоданд. 
Тавре ки як нафар иштирокдори чорабинӣ таъкид намуд, соли равон олимони Ирландия дар китоби  асри XVI ҷузви дастнависи «Ал-қонун»-ро, ки ба забони ирландӣ тарҷума шудааст, дарёфт кардаанд. Ин бозёфт бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки осори Авитсенна хеле машҳур ва аз доираи маданиятҳову динҳо берун мебошанд. 

АА «Дунё», 
шаҳри ЛОНДОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: