АСАРҲОИ «КАЛОН»-И ИНСОНИ ФУРӮТАН

Чӣ дар адабиёти тоҷик ва чӣ ӯзбек адибоне, ки ҳам дар наср ва ҳам дар назм қалам санҷида, муваффақ шудаанд, хеле зиёд.

Чӣ дар адабиёти тоҷик ва чӣ ӯзбек адибоне, ки ҳам дар наср ва ҳам дар назм қалам санҷида, муваффақ шудаанд, хеле зиёд. Дар нимаи аввали асри бистум устод Айнӣ дар ин самт ба аҳли қалами ду халқ намуна гашт. Аз адибони ӯзбек, хусусан, Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҳамид Ғулом ва Амон Мухтор домани назму наср баробар дошта, дар ду шакл асарҳои ҷолиб офариданд. Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Асқад Мухтор, айни замон, бо эҷоди сермаҳсул бинои назму насри адабиёти муосири халқи бародарро обод сохт, дар драматургия қалам санҷид, дар тарҷумаи бадеӣ хидмати босазо кард.
Асқад Мухтор 23 декабри соли 1920 дар шаҳри Фарғона дар оилаи роҳиоҳанчӣ ба дунё омадааст.
Бачагиаш дар Фарғона, ҷавониаш дар Тошканд гузашт. Баъди хатми Дорулфунуни давлатии Осиёи Миёна, ки САГУ мегуфтанд, ба Андиҷон роҳ пеш гирифт, муддате дар донишкадаи омӯзгории ин шаҳр чун мудири кафедраи адабиёти ӯзбек фаъолият намуд ва боз ба пойтахт баргашт. Дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти эҷодиаш саҳифаҳои нав боз шуданд.
Меҳри шеър ва завқи шеърофарӣ ҳанӯз овоне, ки донишҷӯ буд, дар қалбаш маъво гирифт, эҳсоси беғуборашро ба ҷунбиш овард. Нахустин падидаҳои қаламиаш дар миёнаи солҳои сиюм рӯйи чоп дида, эътибори алоқамандони адабиёти бадеӣ, хусусан, шеъриятро ба худ кашид. Асқади ҳанӯз ҷавон аз суҳбат ва маслиҳатҳои падаронаи устодони сухан баҳраманд мегашт, қабл аз он ки навиштаҳои шогирдонааш ба дасти чоп супорад, ба аниқ сохтани масъулияти шоир дар назди ҷамъият мекӯшид, душворӣ ва масъулиятталабии фаъолияти эҷодиро идрок месохт. Дар солҳои 1935-1938 «Орзу», «Субҳдам буд», «Лаҳзаҳои ширин» барин машқҳои ҳанӯз шогирдонааш бо равонӣ ва ташбеҳу тасвироти нисбатан тоза аз нашъунамои боз як навниҳол дар боғи адабиёт дарак медоданд.
Вақте аввалин достони худ «Авлоди мо»-ро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ эълон кард, Асқад Мухтор нуздаҳ сол дошту халос. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сар шуд, ба донишҷӯёни бе падару модар ва хешу таборе чун Асқад, ки душвориҳои моддӣ мекашиданд, мушкилоти тоза рӯбарӯ омад. Вале сабру сабот, ҷуръат ва ҳаракат дар рафъи душвориҳо кор медод, сахтӣ ва санҷишҳои рӯзгор азму иродаҳоро обутоб медод. Асқад Мухтор айни замон навиштаҳои худро аз кӯраи муҳокимаҳо мегузаронд, истеъдодашро сайқал медод. Дар «Боварӣ ба ғалаба», «Шаби иди ҷанговар», «Бародарон баргаштанд», «Пазмонӣ» барин қаламиҳои дар солҳои душвор навиштааш ба қалби мардум умед мебахшид, наздик будани пирӯзии бузургро башорат менамуд.
Воқеан ҳам пирӯзӣ даст доду душман торумор гашт, сулҳҷӯёни дунё нафаси сабук кашиданд, дар сарзамини мо барқарорсозиҳо вусъат ёфта, акнун фикру зикри ҳама ба як нуқта – нишон додани қудрат дар ҷабҳаи меҳнат нигаронида шуда буд.
Даҳсолаи аввали баъдиҷангӣ саҳифаҳои хос дар китоби эҷодии Асқад Мухтор қарор гирифт. Вай сермаҳсул эҷод кард ва дафтарҳои шеъриаш «Пӯлодрез» (1947), «Ҳамшаҳрҳоям» (1949), «Раҳмат, меҳрубонҳо» (1954), «Аз самими қалб» (1956) ба дасти чоп расиданд.
Тавре устод Айнӣ ишора сохта буд, мешудааст эҳсосот «дар чаҳорчӯбаи наср» нағунҷида, кас ба наср рӯй орад. Асқад Мухтор низ дар наср истеъдод санҷид ва бо аввалин ҳикояву қиссаҳои ҷолибаш ба исбот расонд қадамҳояш ҷиддист. Ин буд, ки «пешравӣ»-ҳо ба вай даст дод, дере нагузашта бо қиссаҳои худ «Дар ҷое, ки дарёҳо пайвастанд» (1950), «Қиссаи қароқалпоқ» (1958), «Ҷинкӯчаҳои Бухоро» ва романҳояш аз зумраи «Хоҳарон» (1955), «Таваллуд» (1963), «Давр дар тақдири ман» (1964), «Чанор» (1973), «Амӯ» (1986) аз сафи нависандагони забардасти ӯзбек ҷой гирифт. Масъала ва мушкилоти давр дар ин асарҳои эпикӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Насри андеша бо ҳикояҳои психологии ин адиби заҳматкаш мазмуну муҳтавои нав пайдо кард. Баробари калонсолон Асқад Мухтор барои кӯдакону наврасон асарҳои дар шакл ва навъ гуногун менавишт, хазинаи адабиёти бачагонаи ӯзбекро ғановатманд месохт. Чунончи, «Қуллаи мардӣ», «Аз самими қалб», «Бачаҳои дунё», «Ситораҳо», «Нахи заррин» ном китобҳояш, ки аз тариқи нашриётҳои гуногун ба табъ расидаанд, аз ҷониби китобхонҳои ҷавон гарм истиқбол карда шуданд.
Навъе дар боло ишора карда гузаштем, Асқад Мухтор чун дигар навъҳои адабӣ ба рушди драматургия низ то андозае саҳм гузошт. Хусусан, «Некӣ – ба некӣ» ва «Самандар» барин драмаҳояш бомуваффақият намоиш дода шуданд. Соли 1982 маҷмӯаи драмаҳояш бо унвони «Вохӯрӣ бо субҳ» аз чоп баромад.
Асқад Мухтор ҳанӯз дар бачагӣ забони русиро хеле хуб ёд гирифта буд, дар «хонаи бачаҳо», ки ӯ тарбият мегирифт, намояндагони миллатҳои гуногун аз ғамхориҳои давлатӣ баҳра мебардоштанд. Вай барвақт ба адабиёти рус ва дунё аз наздик ошно гашт, баъдан то охири умр дар таъсири ин адабиётҳо монд ва эҷод кард. Таҳти баргардониши ин адиби заҳматкаш намунаҳо аз осори Софокл, А.С.Пушкин, М.Лермонтов, Р.Такур, М.Горкий, Т.Шевченко, А.Блок, В.Маяковский, А.Корнейчук ва дигарон ба мулки маънавии китобхонҳои ӯзбек табдил ёфтаанд.
Асқад Мухтор солҳои дароз дар таҳририяти рӯзномаву маҷаллаҳо кор кард: чун котиби масъули Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон фаъолият бурд, дар журналҳои адабии «Шарқ юлдузи», «Гулистон» ва рӯзномаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» сармуҳаррирӣ намуд. Ҳамзамонҳояш ӯро нафақат ҳамчун адиби боистеъдод ва роҳбари хуштадбир, балки ба сифати инсони комил низ мешинохтанд. Мегӯянд, ӯ самимияте дошт ба худ хос, ба хурду калон баробар. Бо дароз кардани дасти ёрӣ ва ёфтани дили эҳтиёҷманд ба худ мамнун мегашт, мисле мушкилаш осон гардонда бошанд. Марҳум Амон Мухтор мегуфт, гарчи ман аз Бухоро ва Асқад Мухтор аз Фарғона, «мо ҳарду бародар», мегуфтем бо шӯхии хушоянд, ба маънии ҳақиқӣ бародарӣ мекард, маро «ука» мешумурд, аҷобат боз дар он ки мо нафақат ҳамфамилия, балки ҳамсарҳоямон ҳамном буданд, яъне агар мардҳо – бародархонд, занҳое, ки ному фамилияашон якхела – хоҳархонд...
Шоир, ходими хизматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Эшқобил Шукур нақл менамояд, соли 1984 донишгоҳро хатм карда, ба Сурхондарё рафтам, бояд муаллимӣ кунам, вале кор нест. Бо меҳрубонии Асқадака дар Тошканд кор ёфт шуд – идораи телевизион ба даргоҳ хонд. Дар пойтахт беҷуръатона дари кабинети Убай Бурҳонро, ки яке аз роҳбарони телевизион буд, кушодам. Ҳанӯз дар ҳаяҷон будам ва боварам намеомад маро қабул мекунанд. Убайака гуфт: «Модоме Асқад Мухтор барин бузургвор тавсия мекунад, ба эътибор нагирифтан мумкин?»
Бале, аз Асқадакаи хоксору самимӣ кӯмаки бисёр мерасид ба одамҳо, кӯмакҳое, ки беғараз буданд ва далолат мекарданд аз покӣ, беолоишӣ, одампарастии ин соҳибдил. Дили бузург дошт, ҳарчанд ҷуссааш хурд. Танумандҳое чун Иброҳим Раҳим ба нишонаи эҳтиром ӯро ҳамеша ба пеш мегузаронданд. Бадард лабханд месохт: «Асное ёздаҳсола будам, ятимӣ онқадар фишурд, дигар қад ёзонданам душвор гашт».
Миёнқад ва хурдҷусса бошад ҳам, Асқад Мухтор тӯли фаъолияти самаранок «калон-калон» асарҳо навишт ва ба тараққии адабиёти муосири ӯзбек муносиб ҳисса гузошт. Соли 1972 ба гирифтани Мукофоти давлатии ба номи Ҳамза сазовор гашт. Соли 1995 бо ордени «Дӯстлик» тақдиронида шуд.
Имрӯзҳо 100-солагии Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Асқад Мухтор васеъ таҷлил мегардад.
 
Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: