АШКИ ХАРСАНГҲОИ АЗИМ

ё худ мӯмиё: афсона ва ҳақиқат

ё худ мӯмиё: афсона ва ҳақиқат
Аз замонҳои хеле қадим ба мо афсонаҳо дар бораи «марҳами ҳаёт», «доруи дарозумрӣ» омада расидааст. Номи ин марҳам зиёд аст, аммо номе, ки бештар паҳн гардидааст, мӯмиё мебошад. Ҳанӯз дар замони Ибни Синои бузург ва ҳазорсолаҳои I ва II-и эраи мо табибону шифокорон аз ин модда баҳри табобати беморон истифода бурдаанд. Ҳатто Ибни Сино дар асари машҳури худ «Ал-Қонун» мегӯяд: «Мӯмиё каме қиёмшакл буда, нафъи он зиёд мебошад. Ба дардҳои узвҳои аз ҷояш баромадаву шикастёфтаи инсон, афтидану зарб хӯрдан, фалаҷ ва бар зидди фалаҷ дар ҳолати нӯшидану молидан нафъи бештар меорад».
Доир ба самарадории мӯмиё олимон ва табибони  қадим ва қарнҳои миёна ба ҳайрат омада, бисёр навиштаанд. Овозаи ин моддаи шифобахш дар афсонаҳои мардумӣ, рисолаҳои илмӣ ва шеърият ҳам ифодаи худро ёфтааст. 

ТАВАЛЛУДИ ОВОЗАҲО

Назар ба маълумотҳои бадастомада дар замонҳои қадим нахустин маротиба шоҳи Эрон Фаридун соҳиби мӯмиё гардида будааст. Мувофиқи ривоятҳо яке аз лашкаркашони шоҳ ба хотири сайди оҳу ба саҳро мебарояд. Оҳуро тир ҳам мепаронад, тир аз шонаҳои оҳу гузашта меравад. Аммо оҳу мегурезад ва ба ғори зери кӯҳи азиме даромада меравад.
Баъди як ҳафта шикориҳое, ки шикорашон барор нагирифта буд, ба ҳамон ҷо меоянд ва ба ҳайрат меафтанд. Зеро оҳуе, ки аз шонаҳояш захмдор шуда буд, дар гирду атрофи кӯҳ бемалол чарида мегашт. Шикориҳо доме гузошта, оҳуро ба даст меоранд. Дар дарун ва беруни ҷароҳати оҳу як марҳами сиёҳранг молида шуда буд. Шикориён дар ғор ҳам чунин моддаро пайдо намуда, ба ҳузури Фаридун меоранд. Подшоҳ бошад, ба донишмандон доир ба муайян намудани ин модда амр медиҳад.
Пас аз чанде онҳо аниқ менамоянд, ки ин дар доманаҳои кӯҳ пайдо мешавад. Ҳайвон ва ё паррандаҳое, ки ин моеъро истеъмол кунанд ва ё ба ҷойи ҷароҳат мегузоранд, зуд шифо меёбанд. Ҳатто устухонҳои шикастаи онҳо низ шифо меёфтааст. Фаридун бо шунидани ин хусусияти шифобахши мӯмиё фармон медиҳад, ки гузаргоҳи ғори назди кӯҳро ба назорат бигиранд ва бо харсангҳо даҳони онро пӯшонанд. Баъди ҳамин ҳар сол як бор сӯрохии ғорро мекушоданд. Чунки арзи ин як сол дар ғор миқдори зиёди мӯмиё ҷамъ мегардид ва баъди коркард онро ба хазинаи подшоҳ мефиристонданд. 
Мавзеи шимолии Эрон, ки бо номи Дороб машҳур аст, ҷойи бадастомадаи мӯмиё буд ва бинобар ин «мӯмиёи доробӣ» номида мешавад. Ҳоло бошад аз кӯҳҳои сар бар фалаки Дороб соле ба миқдори 600-1200 грамм мӯмиёи шифобахш ба даст меоранд.
Дар кишвари мо бошад, бо саъю эҳтимоми доктори фанҳои тиб О.Шокиров мӯмиёро чун дорувор  зина ба зина амалӣ намудаанд. Алҳол дар Ӯзбекистон ва кӯҳҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 60 кони мӯмиё кашф гардидааст.

МӮМИЁ ЧӢ ТАВР ПАЙДО ГАРДИД?

Пас, мӯмиё чӣ тавр пайдо гардидааст? Чаро то ҳол аз тарафи ягон донишманди Шарқ асрори ин моддаи шифобахш ба пуррагӣ кашф нагардидааст ва ё дар ин хусус маълумоти дақиқе нест. Аз рӯйи фаҳмиши имрӯза мӯмиёҳои навъи минерал, ҳайвонот, наботот ва нафт мавҷуданд. Ҳар яки онҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, фарқияти асосии онҳо дар самаранокӣ аст. Аз ин рӯ, метавон хулосаҳои доктори фанҳои тиб О.Шокировро дар ин хусус зикр намуд. Зеро мавсуф тадқиқотҳои худро доир ба пайдоиш ва хусусияти шифобахшии мӯмиё идома дода, бевосита ба олимони Шарқ рӯй меорад ва хулосаҳои онҳоро дақиқкорона аз назар мегузаронад. Вай зиёда аз даҳ кони мӯмиёи кӯҳистони Осиёи Марказиро меомӯзад. Ба андешаи ин тадқиқотгар мӯмиё ҳосили минерали ҷинсии кӯҳ мебошад. Олим мегӯяд: «Ранги мӯмиё зардчатоб, ҷигарранг буда, дар шакли моеи ширешӣ низ дучор мегардад. Таъмаш нордон мебошад. Бо гарму сард шудани ҳаво нарм мегардад. Дар об, бензол, атсетон, хлороформ ва дар спирти метилу этил маҳлул мешавад...»
Ҳамин тавр, назар ба тадқиқотҳо мӯмиё бештар дар ҷойҳои дастнорас пайдо гардида, тӯли солҳо ба миқдори хеле кам (тақрибан дар ҳаҷми аз 5 то 10 грамм)  меафзояд. Он мӯмиёи ҳақиқӣ буда барои шифои аксарияти бемориҳо мақбул дониста мешавад. Абӯрайҳон Берунӣ низ дар асари «Минерология»-и худ  дар бораи шираи занбӯри асал ва тайёр кардани он маълумот дода, қайд менамояд, ки ҷараёни асалгузорӣ ва оқибат ба муми сиёҳ шабоҳат гирифтани ҳосили занбӯри асал, яъне асал, бо ҳосилшавии мӯмиё қариб як хел аст. Аз ҳамин рӯ, форсҳо ба он мӯмиё ном ниҳодаанд.
 
Аз китоби «Муъҷизаҳои пурасрор» таҳияи Солеҳи МУҲАММАДҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: