Пириву ҳазор иллат гуфтаанд.
Вақтҳои охир худро бемадору хастаҳол ҳис менамуд мӯйсафед. Пойҳояш акнун ба ӯ итоат намекарданд. Дидагонаш хира гаштаанд. Асорати шамолхӯрӣ бошад ё омили дигар, сулфа бештар азияташ медод. Вале синнаш ба ҳаштод расида бошад ҳам, ҳанӯз қувваи ҳофизаи пирамард чандон заиф не.
Мухторбобо асосан аз танҳоӣ ранҷ мекашид. Чанде пеш тарк намуд дунёи пурошӯбро завҷааш.
Момои Холмоҳ ғамхору парастораш буд. Алҳол муҳтоҷи дасти келин. Фарзандони нохалаф на парвои ҷаҳон доштанду на ғами волидайн.
Мӯйсафед ба худ лаънату нафрин мехонд, ки дар ҳавои ҷаҳлу якравиҳои бебунёд аҳён-аҳён ҳамсари фурӯтану меҳнатӣ ва меҳрубонашро беҳуда озорҳо дод.
«Фарзанди одамизод шири хом хӯрдагӣ» гӯён, хешро таскин дода, зинҳор сар намедиҳем домани ҷурму гуноҳҳоро, – худ ба худ мегуфт Мухторбобо.
Хаёли пирамард ҳар қадар ба роҳи тайнамудаи пурпечу тоби умраш парвоз намояд, ҳамон қадар дилашро гургон тала мекарданд. Замоне дар вазифаҳои мухталиф фаъолият дошт. Баҳри ишғоли курсии мансаб чӣ дасисаву найрангбозиҳоро истифода набурд.
Ба гузашта саловот. Қисса кӯтоҳ, чашмони шӯҳратпараст гӯё кӯр буданд. Хушгӯйиҳои лагандбардору хушомадгӯёнро чун асал фурӯ мебурд. Меандешид, ки вайро дар ҳафт иқлим хуб мешиносанд. Пулу сарватҳои муфт ба даст овардаашро қалъаи наҷот меҳисобид. Оқибат чӣ шуд? Ронданд аз кору мансаб...
Мухторбобо болои кат нишаста, гулҳои рангоранги назди ҳавлиро бодиққат тамошо мекард. Сонӣ, бо кифти чап якпаҳлӯ ба болин такя зад. Нохост чун ҳамешагӣ анбӯҳи сулфа ба тани ранҷури пирамард ҳуҷум овард. Ӯ бо дасти рост қафаси синаашро маҳкам дошт. Аз шиддати дарди бедаво якбора тағйир ёфт афту андоми мӯйсафед.
Ниҳоят, баъди фурсате борони сулфа қатъ гардид. Магар раҳми Худо омад? Пирамард аз гирдоби хотираҳои машъум берун баромада наметавонист.
Нағз дар ёд дорад. Боре дар як маҳфил Насим-муаллим маҷлисороӣ мекард. Аз нақлҳои устод аҳли сӯҳбат лаззат мебурданд. Баногоҳ Мухтори нотавонбин ба шӯр омад ва сӯйи собиқ ҳамсабақаш бо истеҳзо хитоб кард: – Ҳой муаллим, монанди булбул ин қадар чаҳ-чаҳ мезанӣ! Гӯй, ки ҷуз қаламу дафтар дар бисотат чӣ дорӣ?
– Шогирдони некдилу номбардори Ватан дороии моанд, – ҳозирҷавобӣ кард Насим Акрамзода ва ба суханаш идома бахшид: – «Сад ҳайф, ки дар ин миён ту барин нахлҳои бесамар низ мавҷуданд. Чӣ илоҷ? Хирадмандон дуруст фармудаанд: «Шолӣ бе курмак намешавад».
– Худованд кадом як амали ноҷавонмардонаи маро авф намояд, – бо ҳаросу изтироб ва ошуфтаҳолона аз дил мегузаронад пирамард.
Пеши назари Мухторбобо воқеаи марбут ба хабари марги нобаҳангоми Беҳрӯзи чилсола намоён гардид. Ба даҳшат омад ӯ. Худро боисрор маломат мекард ва мегуфт: «Охир, Беҳрӯз ба мани ғофилу гумроҳ ягон бадӣ накарда буд. Ҷавони саховатпеша кӯмак мерасонд ба мардуми ночору камбизоат. Ман чӣ каромат нишон додам? Эҳ нокас, ҳамчун бандаи радди маърака дидаву дониста иштирок накардам дар ҷанозаи он биҳиштӣ».
Аз чӣ бошад, ки сардори идораи ҷамъияти нобиноён Мухтор Виқоров дар тӯю маъракаҳои бошандагони зодгоҳаш ширкат варзидан намехост, дар дили ӯ тухми кибру ҳавобаландӣ бармаҳал реша давонда буд.
Он рӯз мошини хидматӣ аз назди хонадони таъзиядор ҷониби коргоҳ равон гашт. Шайдои мансаб шитоб дошт.
Насим-муаллим аз рӯйи таомули ниёгон ва қарзи инсонӣ гоҳ-гоҳ аз ҳоли ҳамсоли хеш хабар мегирифт. Ӯ дӯсти худхоҳ ва бегонапарасташро борҳо сарзаниш карда буд, ки поён ояд аз саманди кибру худписандиҳо.
Ин дафъа устод ҳамсабақашро маъюсу ноумед дарёфт. Дар чашмони пирамард ашк ҳалқа мезад. Ашки афсӯсу пушаймонӣ буданд ин ашкҳо. Мухторбобо базӯр-базӯр нафас мекашид. Ӯ илтиҷоомез ва имдодхоҳона ҷониби Насим-муаллим нигарист ва бо лаҳни канда-канда муддаояшро чунин изҳор дошт:
– Ба ҳамдеҳагон бирасон, то ки маро бубахшанд. Назди ту ҳам гунаҳкорам...
Фардои он рӯз Мухторбобо аз олам даргузашт.
Маросими ҷаноза ва дафни мӯйсафед назарногиру хоксорона сурат гирифта бошад ҳам, бошандагони маҳалла пой аз роҳи суннатҳои аҷдод берун наниҳоданд. Бузургворе дуруст фармуда будааст:
Эй дӯст, бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ,
Шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро равад.
Гуфтаҳои таассуфомези Зуҳурохолаи рӯзгордида гӯё ҳар рӯз дар гирду атроф садо медоданд.
– Агар ба қавли худи марҳум гӯем, ҳарчанд ки ӯро «дар ҳафт иқлим ҳама мешинохтанд» ва дасташ дароз буд, аммо барои маҳалла ва сокинонаш арзан барин нафъ нарасондааст. Фарзандон ноқобил баромаданд. Дар дами пирӣ хор шуд мӯйсафед.
Алқисса, то ҳол мардум номи Беҳрӯзи зиндаёдро бо некӣ ба забон меоранд. Вале, аз шахсияти Мухтор Виқоров, ба қавле, «на пай ҳасту на Ҳайдар». Соҳибмансаби бемурувват кайҳо боз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.
... Саҳарии барвақт. Насимбобо баъди фориғ гаштан аз намози бомдод чун одат ба мутолиа пардохт. Ҳама ҷо орому сокин. Фақат хониши паррандагони гуногун ин осоиштагиро халалдор месохт. Гӯё онҳо бо ҳам ҷӯр шуда, дар васфи ҳазрати Инсон суруд мехонданд. Дар ин асно устод аз китоб сар бардошта, лаҳзае ба дарёи хаёл фурӯ рафт. Беихтиёр ба ёдаш ин байти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ расид:
Ба кӯҳ он чӣ гӯӣ, ҷуз он нашнавӣ,
Ба хок он чӣ корӣ, ҷуз он надравӣ.
Ниёзмурод МУРОДОВ,
ноҳияи Узун.