АШКИ ШОДӢ

Дар арафаи Иди моҳи шарифи Рамазон 52 оилаи имкониятҳояшон маҳдуд тӯҳфаи аҷоиби Сарвари давлат — калиди хонаҳои нави истиқоматиро ба воситаи ҳокими вилоят Туробҷон Ҷӯраев қабул карданд.

Собиқ хобгоҳи коллеҷи нақлиёт ва хоҷагии коммуналии Самарқанд солҳои тӯлонӣ истифода намешуд. Бо ташаббуси ҳокимияти вилоят бино аз таъмири хушсифат бароварда ва ба оилаҳои муҳтоҷ пешкаш гардид. Бояд таъкид намуд, ки барои ба хонаҳои як ва дуҳуҷрагии истиқоматӣ табдил додани иншоот аз буҷаи давлат 2 миллиарду 160 миллион сӯмина маблағ харҷ гардид.
– Ман дар Хонаи меҳрубонӣ ба камол расидам ва ба манзил эҳтиёҷ доштам, – гуфт ногирони гурӯҳи дуюм Валерия Дяченко, – ҳоло аз ҳокимияти вилоят ва фабрикаи бофандагии 8-март, ки мошини дӯзандагӣ доданд, сипосгузорам.
– Чӣ ҷойи пинҳон кардан, – бо ашки шодӣ хурсандии худро ошкор сохт Шаҳло Одилова, – вақтҳое буданд, ки бо духтарам дар ҳуҷраи қабристон зиндагонӣ кардем. Зеро хушдоманам ба ақди никоҳамон розӣ набуд. Шояд акнун масъала ранги дигар гирад.
Дар қабати аввали истиқоматгоҳ хонаи табибон ҷой гирифта, навбатдории шифокорон ва ҳамшираҳои шафқат ба роҳ монда шудааст. Барои занону духтарони имконияташон маҳдуд сехи дӯзандагӣ ба кор даромад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: