«Армуғон» ном маҷмӯаи мақола, очерк, хотира ва тарҷумаҳои Саодат Рӯзиеваро мехондаму аз чашмонам донаҳои ашки шодӣ чун қатраҳои борони баҳорӣ метаровид.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замон ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
«Армуғон» ном маҷмӯаи мақола, очерк, хотира ва тарҷумаҳои Саодат Рӯзиеваро мехондаму аз чашмонам донаҳои ашки шодӣ чун қатраҳои борони баҳорӣ метаровид. Ҳар як сатри маҷмӯаро бо шавқ ва бодиққат мехонам. Беш аз сӣ сол аз деҳа, аз зодгоҳ дур будам. Албатта, соле се-чор маротиб ба дидорбинии волидону қарибон рафта меомадам. Бо вуҷуди ин ҳама, аз ҳаёти мардуми зодгоҳ, ҳамдеҳагон дар маҷмӯъ дур будам. Аҳён-аҳён ба дидорбинии ҳамсинфону устодон мушарраф мегаштам.
Китобро мехонаму зиндагии мардуми деҳа пеши назарам ҷилвагар мегардад. Онро Саодат моҳирона тасвир намудааст. Худро дар зодгоҳ ҳис мекунам. Гуё бо ҳамдеҳагон ҳамнишинаму бо онҳо ҳамнафас ва аз муҳити зодгоҳ, обу ҳавои он баҳра мегирам. Дар «Хонаи гарми меҳр» зиндагии мардуми деҳа табиӣ ва хотирмон тасвир гардидааст: «Сардии фасли зимистон, барфу борони зиёди он дар деҳаҳои кӯҳӣ бештар эҳсос мегардад. Долу дарахт, боми хона, роҳраву кӯчаҳо қабои барф дарбар мекунанд. Мардум барои зимистонгузаронии худу чорво озуқа ҷамъ меоварад.
Дар ёдам ҳаст, момоям ҳамеша ошхона ва анборхонаро аз назар мегузаронд.
– Писарам, таги халтаи ордат намоён шудааст, биринҷу равғанат ҳам кам мондааст, тезтар ғаматро хӯр, – ҳушдор медод падарамро. Ба оғил даромада аз ҳоли молҳо хабар мегирифт ва ба модарам мегуфт:
– Келин, гови сиёҳ чашм равшан мекардагӣ барин, аз шабу саҳараш бохабар шавед, боз гӯсолача дар хунукӣ намонад...
Вақте гов мезоид, модарам гӯсолачаро ба латтакӯҳна печонда, дар назди бухорӣ мегузошт, то хушку гарм шавад...»
Зиндагӣ дар деҳа осон нест. Машаққат дорад, вале бештар хушиву шодии бетакрор дорад. Табиати дилкашу дилфиреб дорад деҳоти Эҷ. Ҳавои тозаву оби мусаффои чашмаҳо, кӯҳистони пурбарфи зимистону баҳори сарсабзу гулҳои рангоранги дарахтони боровардаю талу теппаҳои аз гули деғаку лола фаровон ҳамеша дар назар ҷилвагар аст. Бӯйи муаттар дорад он табиат. Баҳри дилро кушода, чеҳраҳоро мунаввар созад, завқ бахшад. Китобро мехонаму ин ҳама чун лентаи кино пеши назар пайдо мешавад.
Китобро мехонаму айёми бачагиам ёдам меояд. Гӯё дар зодгоҳам қарор доштам. Ман ҳам ҳамроҳи дугонаҳоям дар даст табақу коса аз лаби ҷӯю сой ҳулбӯй ва дигар гиёҳҳои шифобахши баҳориро мечидем. Аз онҳо барак, пичак ва санбӯса мепухтем. Аз гули қоқуву тоқибофак гултоқӣ бофта, ба сар мегузоштем. Бо рақсу суруд дар гирди деги суманак шабро рӯз мекардем. Апаи Саодат ин ҳамаро дар мақолаю очеркҳояш зиндаву табиӣ ба тасвир додааст.
Китобро мехонаму шабҳои дарози зимистон ёдам мерасанд. Мо ҳам дар атрофи чароғи керосинӣ бо дӯхтани зеҳ, сӯзанӣ, урчуқресӣ машғул мешудем. Байтбарак мекардем, аз момою модарон афсонаю ҳикояҳои ибратбахш мешунидем. Китобҳои хондаамонро ба ҳамдигар нақл мекардем. Он солҳо хурду калони деҳа китоб, маҷаллаю рӯзномахон буданд.
Зимни мутолиаи китоб бо чандин ҳамдеҳагон гӯё дар суҳбат будам, симои онҳо ҳамеша пеши назарам буд. Ба вижа ёдоварии апаи Саодат аз устодони сахтгиру вале хеле ҳалим Ӯзбекбой Рӯзиев, Эсанбой Муродов, Йӯлдош Самадов, Даврон Мансуров, Низом Тилабов, Боймурод Йӯлдошев, Ҳазрат Бакриев, Тӯра Раҳмонов, Субҳон Рӯзиев (рӯҳашон шод бод!), Бурҳон Ҳайдаров, Тоҳир Амонов, Абдуназар Набиев, Салим Ғафуров ва дигарон бамаврид аст. Ин тоифа омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми беандоза доранд. Онҳо натанҳо ба таълиму тарбияи хонандагон, балки байни мардуми деҳа низ дар гузаронидани тӯю сур ва дигар маросимҳо бештар саҳм доштанд.
Дар маҷмӯа масоиле аз қабили меҳру оқибат, одаму одамгарӣ, мақому мавқеи модар дар тарбияи фарзанд ва ҳоказо баррасӣ ёфтаанд. Солҳои пешин, яъне айёми ҷавонии мо меҳру оқибат, ҳурмату эҳтироми ҳамдигар арзиш дошт. Мардум ҳамдигарро эҳтиром мекарданд. Дар ободонии маҳалла ҳамеша дӯш ба дӯш буданд. Ба ҳамдигар холисона кумак мекарданд. Афсус, ин гуна одатҳои нек имрӯз тақрибан ба фаромӯшӣ рафтаанд. Молу мулкпарастӣ, пулу сарват чашми одамонро кӯр намудааст.
Апаи Саодатро хуб мешиносам, ҳарчанд чандин сол надидаам. Чун нахуст китобаш «Армуғон»-ро хондам, гӯё бо ҳам рози дил гуфтем. Аз ҳамдиёрон ёд кардем. Дар кӯчаву талу теппаҳои зодгоҳ сайр намудем. Аз ҳавои муаттар ва оби мусаффою зулоли зодгоҳ нӯшиҷон намудем. Худро дар зодгоҳ ҳис намудем...
Ман як китобхони оддиам. Китоби дастрас намудаамро мехонам.»Армуғон» китоби хонданӣ, ба хусус барои аз зодгоҳ дуррафтагон.
Апаи Саодат! Худо мададгоратон бошаду илҳоматон боло гирад. Дар роҳи пурмашаққати эҷод монда набошед.
Хадича ТУРСУНОВА,
шаҳраки Дӯстлики вилояти Ҷиззах.