АШЪОРИ ҶАСОРАТБАХШ

Падару модари Рауф Парфӣ аз адабиётҳои классикии форсӣ ва туркӣ хеле хуб огоҳ буданд.

Бинобар хабардориашон аз «илми куҳна» ба табъид дучор ва Парфӣ Муҳаммадамину Сокинахонум аз деҳаи Водили ноҳияи Фарғона ба деҳаи Шӯралисойи ноҳияи Янгийӯл бадарға карда шуданд. Фарзанди онҳо 27 сентябри соли 1943 дар Шӯралисой ба дунё омад.
Рауф Парфӣ таҳти таъсири падару модар аз хурдсолӣ ба омӯзиши осори классиконе, ки ба ду халқ мутааллиқанд, ҷиддан шурӯъ намуд. Таълими ибтидоӣ ва миёнаро дар Шӯралисой ва Янгийӯл гирифта, соли 1960 ба Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло ДМӮ) ворид ва онро соли 1965 ба итмом расонд. Дар нашриётҳои Адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом ва «Ёзувчи», рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун фаъолият намуд.
Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ ба шеъргӯӣ оғоз карда бошад ҳам, аввалин маҷмӯааш дертар, соли 1968 бо унвони «Роҳи корвон» аз нашр баромад. Баъди он дафтари шеърҳояш бо номҳои «Акси садо» (1970), «Тасвир» (1973), «Хотирот» (1975), «Чашмҳо» (1978), «Бозгашт» (1981), «Дарахти сабр» (1986), «Сукунат» (1991), «Тавба» (2000) ба дасти ҳаводорони адабиёт расиданд.
Мавзӯи асосии ашъори Рауф Парфӣ – озодии шахс ва истиқлолияти Ватан. Қаҳрамони лирикиаш соҳиби қалби оташбор ва рӯҳи исёнкор, ки ба ноадолатиҳои замон муросо карда наметавонад.
Қалби шоири озодипараст низ нисбати ноҳақӣ ва беадолатӣ нафрат мепарвард, мунофиқ ва риёкоронро чашми дид надошт. Дар шеърияти пурҷасораташ драматизми  амиқи фоҷиаомез муҷассам, ки мо инро, хусусан, дар «Нома ба Берн Истш дар бораи Ватан», «Сунбула», «Девори сиёҳ», «Абдурауф Фитрат» барин шеърҳояш равшан мушоҳида карда метавонем. 
Рауф Парфиро чун тарҷумони моҳир ва сермаҳсул низ мешиносем. Аз эҷоди К. Каладзе, Байрон, А. Саламат, И. Нонешвили, А. Дюма, Н. Ҳикмат, А. Твардовский, У. Сароян, Б. Брехт, П. Неруда, Г. Эмин барин намояндагони адабиёти халқҳои бародар (собиқ иттиҳод) ва ҷаҳон намунаҳо баргардондааст. Падидаҳои қаламии худаш низ ба чанд забон тарҷума ва нашр шудаанд.
Ифодаҳои бадеие, ки Рауф Парфӣ интихоб карда, оддӣ ва зебо буда, чунин ба назар мерасад, мазмун ва моҳияти онҳо ба ҳар кас фаҳмо мебошанд. Айни замон дар қисме образҳои шеъриаш маъноҳои амиқи рамзӣ ниҳонанд. 
Мегӯянд, Рауф Парфӣ соҳиби қалби бузурге буд. Ҳар як шеъраш, бо кадом маънӣ, дили меҳрпарвари ӯро инъикос мекард.
Рауф Парфиро Шоҳ Машраби адабиёти давраи нав низ меноманд. Вай ҳамчун Шоҳ Машраб дар роҳи идроки худшиносӣ ҳаёти худро сарф намуд. Дар падидаҳои қаламиаш ин ғояро шоирона тараннум кард.
Дар шеърияти Рауф Парфӣ сурати дили ӯро мебинем, таъкид сохтаанд шореҳони сухан, сурати дили суханвареро, ки моро дарси хештаншиносӣ омӯхт.
Яке аз шохаҳои пурбори эҷодиёти Рауф Парфӣ лирикаи ишқист. Қаҳрамони лирикиаш аз гувороии лаҳзаҳои интизорию дидор, пешвоз ва падрудҳо ҳарф мезанад. Ва «ман»-и ӯ хушбахти хушбахтҳост. Вале дар қисме аз шеърҳояш оҳанги ҳузн, маъюсӣ ва ноумедиро ҳис мекунем. Бо дарки он ки «ман» худи Рауф Парфист, бештар мутаассир мешавем.
Шоир дар ҳаёти оилавӣ ба нобарориҳои зиёд дучор омад.
Мебинем, ки баъзе корҳои модар-табиат хеле аҷиб: ба қавли як шоир, ба духтарони гулчеҳра ҳусн додаву худи ҳусн кифоя гӯён аз онҳо қалб дареғ медорад гӯё.
Вале Дилороме, ки ба ҳаёти Рауф Парфӣ ворид гашт, чи дар ҳусн, чӣ дар ақл ягона буд, диле дошт саршор аз меҳру муҳаббат. Аммо...
Ҳамқисмати дигари шоир Сулҳида-чӣ?
Вай низ ба дилу дидаи Рауф Парфӣ ҷо шуд.
Агар ин тавр не, шоир аз санъати шеърии мувашшаҳ истифода карда, номи рафиқаи ҳаётиашро (бо истифода аз сарҳарфҳо) дар шеъри худ сабт наменамуд: 
Сӯзинг гулханида руҳим исинди,
Ул юлдуз, ойларнинг сӯзин ӯқирдим.
Лабларим ёрилди, тишларим синди,
Хаёлимдан олтин қафас тӯқирдим.
Иймон қайда? Билмас қаттол жувонмарг,
Дам кӯкка боқадир, дам ерга боқар,
Аламзор қӯйнида эзилган бир барг.
Шахси баору номус оиларо муқаддас ҳисобида ва ба вайрон шудани он роҳ намегузорад. Вале мебинем, ки зиндагӣ назар ба он чӣ тасаввур месохтем, хеле мураккаб: аз байни онҳое ҳам, ки ору номусашон бақувват аст, хонавайронҳо баромадаанд.
Кори булъаҷаби тақдир, бегумон, ба рӯҳият ва фаъолияти эҷодии шоири ҳассос сахт таъсир мекард.
Дар ин гуна соатҳои вазнин аз қалб ва хаёлаш чиҳо мегузаштанд, ба худаш аён буду ба Худо... Дар яке аз шеърҳояш менависад, аз паси ёре, ки бо номеҳрубонии қисмат саргардон аст, қалби садпораам зор мегиряд.
Хонаро ба ҳамсар ва бачаҳо гузошта, шоири қаландарнамо, ҷома сари китф, кӯча мебарояд. Дар манзили  кадом як шоир, устохонаи кадом як рассом шабро рӯз мекунад. Дар танҳоӣ...
Аз шоири «қаландарнамо» ва «машрабмонанд» шеърҳои ба дил ва рӯҳ таъсиркунанда, мардумро ба бедорию худшиносӣ даъватсозандаи зиёд монданд, ки номи ӯро ҳамеша зинда медоранд.
Рауф Парфӣ бо унвони баланди «Шоири мардумии Ӯзбекистон» сазовор шуда буд.

М. ШОДИЕВ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: