Овардаанд, ки Офаридгор ҷисми одамро аз хок офарид.
Ба рӯҳ фармуд, ки вориди ин ҷисм шавад. Аз бими гуноҳҳои минбаъдаи ҷисми хокӣ рӯҳ саркашӣ кард. Бо фармони Худованд овози сури Исрофил танин андохт. Рӯҳ сархуш вориди ҷисм гашт. Аз ҳамон дам, тавре ки ҷисми инсон ба хӯрданиву ошомиданӣ, ба ҳаво, ба хобу истироҳат, ба меҳру парвариш ниёз дорад, рӯҳи инсон ба мусиқиву овози хуш низ эҳтиёҷманд аст.
Аз ин рӯ, тамоми халқи олам қатъи назар, аз нажод, қавму миллат, манзилу дараҷаи зист ва забонашон суруду мусиқӣ доранд ва аз он лаззат мебаранд, эҳтиёҷи рӯҳонии худро қонеъ месозанд.
Ҳамин тавр, Худованд ин эҳтиёҷи инсонро тавассути афроди нозуктабъу хушилҳон, соҳибзавқу бомаҳорат қонеъ мегардонад.
Яке аз чунин касони саодатманд, ки тамоми умри бобаракоти хешро сарфи омӯзиш ва ба мардум пешкаш кардани савту суруди дилошӯбу дилангез намудааст, Асадуллоҳи Қаландарзоди хуфарист.
Ӯ соли 1960 дар деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё дар оилаи марди руҳонӣ ба дунё омад. Овози хушу дилчаспи ӯ мерос аз падар аст. Қиблагоҳаш Қаландари Махсум муллои пешқадами деҳа буда, лаҳни хушу овози фораме дошт. Ашъори орифонаву пандомези бузургони адабро бо лаҳни дилчасп мехонду гули сари сабади маҳфилу ҳамойишҳо буд. Овози хушу қувваи ҳофизаи Асадуллоро пай бурда, мехост писар пайрави ӯ бошад, аммо...
Аммо қалби зебоипарасту вуҷуди Асадуллоро савту суруди мусиқӣ мусаххар кард. Аз радио суруде садо диҳад, бо тамоми гӯши ҷон мешуниду ба он тақлид мекард. Ҳанӯз ҳини дар синфи чорум хондан рубобнавозиро омӯхт.
– Устоди аввалини ман дар навозандагӣ, – мегӯяд Асадулло – Аъзам Ниёзов буд, ки низ бо худомӯзӣ ин ҳунарро каму беш омӯхтааст. Дертар узви маҳфили «Ҳаваскорони ҷавон»-и мактаб шудаму аз устодон Нарзиқул Ҳазратқулов ва Қурбонмурод Назаров навохтани рубобро ёд гирифтам. Рубоб ҷону дилам, ёру ҳамдами доимиам шуд. Бештари вақтам сарфи рубобнавозӣ мешуд. Дар синфи шашум аллакай мустақилона рубоб навохта, суруд мехондам.
Асадуллоҳ баъди хатми мактаби миёна (соли 1978) муддате дар деҳа монда ба корҳои рӯзгор банд шуд. Аммо шавқи суруду мусиқӣ ӯро соли 1978 ба гурӯҳи худфаъоли ҳаваскорони бадеии хоҷагии ба номи Охунбобоев «Гулдаста» пайваст. Солҳои 1980-1982 дар хидмати ҳарбӣ буд. Баъди адои ин хидмат солҳои 1982-1987 дар факултаи гидромелиоратсияи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон таҳсил намуд. Тӯли ин солҳо дар ҳайати ансамбли ҳунарии донишкада дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, дар Маскав, Петербург, Қрим, Киев, Минск, Полша, Тунис ҳунарнамоӣ карда, санъати овозхонии худро такмил дод.
Солҳои 1987-2009 дар сохтмони обанбори Тӯпаланг чун мутахассиси соҳа кор кард.
– Боре дар вақти намози хуфтанро адо кардани падар, – мегӯяд ҳофиз, – ман беэътиборона рубоб менавохтаму мафтуни овози он будам, ки падарам ғайричашмдошт намозро қатъ карда онро аз дастам гирифта, чунон ба сарам заданд, ки косаи рубоб шикаст. Ман сахт гиристам. Аз ин воқеа ҳафтаҳо мегузашту оби чашми ман хушк намешуд. Модарам (рӯҳашон шод бод) аз акаам Саидакбар хоҳиш карданд, ки аз куҷое набошад рубобе ёфта оварад. Акаам рубоб оварда шарт гузоштанд, ки албатта сурудҳои Боймуҳаммад Ниёзовро хонам. Он кас мухлиси ашаддии ин ҳофизи мумтоз буданд. Аз тарси он, ки аз рубоб бенасиб нагардам, аз пайи хондани сурудҳои ин ҳофиз шудам ва оҳиста-оҳиста мухлисони зиёде пайдо кардам. Бо тавсия ва кӯмаку дастгирии дӯстам Абдувалӣ Шарипов ва акаи Абдурофиқ Саломов ба Хуҷанд, ба зиёрати Боймуҳаммад Ниёзов рафта, дар ҳузури эшон ду сурудашонро хондам ва аз ҳофизи бузург барои сурудани онҳо иҷозат гирифтам. Устод бо камоли мамнуният як нусха аз сабти ҳамаи сурудҳояшон ва дуои хайр доданд. Баъди ин сурудаҳои Боймуҳаммад Ниёзов қисми ҷудонашавандаи фаъолияти овозхониям гардид. Ҳамин тавр, «Боймуҳаммадхон» шудам.
Бояд таъкид кард, ки устоди зиндаёд Б. Ниёзов бесабаб барои сароидани сурудҳояшон ба Асадулло дуои хайр надода будаанд. Зеро, мо фикр мекунем, то имрӯз дар байни овозхонҳо касе сурудҳои устодро чун Асадуллоҳ мукаммал ва дар сатҳи баланд иҷро карда наметавонад.
Писарам Умедҷон мегӯяд, ки боре ба мошинааш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев нишаста буд. Дар роҳ гӯшаки магнитофонро тофтам. Афзалшоҳ чанд лаҳза бо сарҷунбонӣ мафтуни суруд буду сипас ба ман рӯй оварда:
– Умедҷон, шумо гавҳаршинос, чӣ гӯш карданро хуб медонед!, – гуфт мамнунона.
– Шумо ин ҳофизро мешиносед? – пурсидам аз ӯ.
– Чаро нашиносам, охир, ин устод Боймуҳаммад Ниёзов-ку!
– Бо диққат гӯш кунед, ин кас Боймуҳаммади хуфарӣ – Асадуллоҳи Қаландар, – гуфтам. Ҳофизи номӣ каме бодиққат гӯш карда:
– Қанд занад! Ман то ҳол нашунидаам, ки суруди устодро касе ба ин дараҷа моҳирона иҷро карда бошад, – гуфт.
Ҳар як ҳофиз дар оғоз ба ягон чеҳраи ҳунар тақлид карда, камол меёбад, баъд, агар овози худодод дошта бошад, роҳи худро пайдо карда, маълуму машҳур мегардад. Барои Асадуллоҳ чунин ҳунарманд Аҳмад Зоҳири бемисл буд.
– Сурудҳои Аҳмад Зоҳир, – мегӯяд Асадулло, – дар олами санъат як муъҷизаи ҳайратовар аст. Мани волаву шайдои ин ҳунари зебо бисёр мехостам сурудҳоям, кам бошад ҳам, ба офаридаҳои Аҳмад Зоҳир монанд бошанд. Шаш моҳи расо ба ин кор машғул будам, аммо намешуд, ки намешуд. Боре рӯйи ҷойнамоз талх гириста, илтиҷо кардам: «Худоё, ба лутфи инояти хеш ба ӯ ин қадар овозу истеъдод додӣ, маҳбуби азизи халқу миллат гардондӣ. Ба даргоҳат тавалло дорам, маро ҳам ноумедам накун. Худоё, ба ман ҳам деҳ, ба ман ҳам деҳ, ба ман ҳам деҳ»...
Бовар кунед, баъди чанде гӯё садопардаҳои нав пайдо ва ба сурудани сурудҳои Аҳмади Зоҳир оғоз кардам. Муҳаббати ман нисбати ин ҳофизу эҷоди ӯ ҳадду ҳудуд надорад. Дилдодае доштам. Бисёр дӯсташ медоштам, эҳсос мекардам, ки ӯ низ маро дӯст медорад. Ихлосу муҳаббати нисбати Аҳмад Зоҳир доштаамро дар вохӯриҳо бо ӯ тез-тез ва гаштаву баргашта мегуфтам. Гумон мекардам, он чӣ маро хуш меояду дӯсташ медорам, ба ӯ низ хуш меояд.
Аммо ин тавр нашуд. Ба пиндорам, ӯ муҳаббати маро қисмат кардан намехост, мехост кулли муҳаббатам фақат аз они вай бошад. Рӯзе хушҳолона дар ҳоле, ки дар лабонаш ханда гул мекард, хабар дод, ки Аҳмад Зоҳирро куштаанд. Ин хабар ва алалхусус, ба хушнудиву қаноатмандӣ хабари марги Аҳмад Зоҳирро расондани оне, ки дӯсташ медорам, маро девона кард. Аз кӣ ситондани қасоси марги бемаҳали Аҳмади мақтулро надониста, аз баҳри муҳаббати ин нозанин даргузаштам. Баъди ин ҳарчанд узру маъзарат хост, қабул накардам. Гарчанд хуб медонистам, ки ӯ ба кушта шудани ин султони мусиқии замонавии Шарқ гуноҳе надорад. Аммо бо хурсандиву мамнуният, ханда дар лаб аз ин ҳодисаи машъум хабар додани ӯро бахшида наметавонистам...
Аз соли 2009 то имрӯз гоҳ дар Тошканд, баъзан дар Тирмиз ва гоҳе дар Сариосиё рӯзи хотира ва бузургдошти Аҳмади Зоҳирро дар ҳалқаи мухлисону дӯстдорони эҷодиёташ қайд мекунам. Дар ҳар яке аз ин рӯзҳо ман Аҳмади Зоҳирро барои хеш дубора кашф намуда, ба санъати волову нотакрораш қоил мешавам. Дуруст аст, ки дар тӯли солҳои зиёди овозхониам, дасти бисёр ҳунармандони машҳури давр, аз қабили Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Давлатманд Холов аз Тоҷикистон, Зоҳир Ҳувайдо, Аҳмад Собирӣ аз Афғонистон, Шералӣ Ҷӯраев аз Ӯзбекистонро фишурдаам, дуояшонро гирифта, сурудҳояшонро хондаам, аммо дар барномаи эҷодии ман Аҳмади Зоҳир ва Боймуҳаммад Ниёзов мавқеи махсусу алоҳида доранд.
Бояд қайд кард, ки Асадуллоҳ танҳо иҷрокунандаи моҳири сурудаҳои Аҳмад Зоҳиру Боймуҳаммади Ниёз нест. Ӯ ҳофизест роҳи худро ёфтаву ба услубу равияи хоси сарояндагӣ соҳиб гашта ва бар камол расида. Ӯ то имрӯз беш аз 100 оҳангу суруд офаридааст, ки аксарашон аз қабили «Ай лӯъбати хандон», «Афкандаем», »Эй дил», «Шукру сипос», «Соҳибо», «На чандон орзумандам», «Чу марди роҳрав», «Дарди ишқ», «Хурмо наметавон хӯрд», «Боди гулбӯи саҳар» имрӯз зеби репертуари ҳофизони ҷавонанду моли санъати тоҷик гаштаанд. Асадуллоҳ ҳини офаридани суруд мазмуну маъно, аҳамияти тарбиявӣ, назокату таъсиргузорӣ ва хотирмонии суханро дар ҷойи аввал мегузорад. Аз ин рӯ, сурудаҳояш касро ба тафаккур кардан, мулоҳиза рондан, таҳлилу муқоиса намудан, ба ислоҳи норасоиву камбудиҳои хеш водор месозанд.
Гувоҳи он будам, ки Асадуллоҳ дар амри маъруфе абёти зерини Саъдиро бо як лаҳни дилкаш замзама дошту аҳли фазлу дил ҳама гӯшу ҳуш буданд:
Парҳезгор бош,
ки Додори осмон,
Фирдавс ҷойи мардуми
парҳезгор кард.
Нобурда ранҷ ганҷ муяссар
намешавад,
Музд он гирифт,
ҷони бародар, ки кор кард.
Дар ҳамин лаҳзаи рӯҳбахшу гуворо нафаре баландгӯяк дар даст, назди муллое, ки воизи тавоно буд, омад ва изҳор кард, ки овози мусиқиро хомӯш кунему шумо каме амри маъруф кунед.
Мулло дар ҷавоб «сурудро боэътибор гӯш ва бо ақл дарк кунед. Кӣ маҷоле дорад ба гуфтаҳои Саъдӣ ҳарфе илова кунад? Охир, оё ҳамин суруд амри маъруф нест!!! Ин гуна сурудро набояд хомӯш кард, балки бо гӯши дил бояд шунид»...
Гӯянда лол монд, суруд идома дошт...
Ин гуна сурудҳо, ки ҳар кадом як пандномаи мусиқианд, хушбахтона, дар эҷодиёти Асадулло хеле зиёданд. Ӯ ба зиёда аз панҷоҳ ғазали Саъдӣ оҳанг баста, дар ҷашну маъракаҳо бо лаҳни бисёр ҷаззоб пешкаши мардум месозад, бо таъбири мулло «амри маъруф» мекунад. Мардумро ба худогоҳиву худошиносӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ даъват месозад. Рисолати аслии шеъру мусиқӣ ва шоиру ҳофизи асил ҳам дар ҷомеа маҳз дар ҳамин аст. Дар ин ҷода Асадуллоҳ ба ҷое расида, ба эътирофи аҳли ҳунар сазовор ва азизи дилу ҷони мардуми санъатдӯст гардидааст.
Чун мухлис сидқан дуояш мекунем: Худоё, ба муроду мақсудаш бирасон!
Давлатбой МАҲМУДОВ,
собиқадори меҳнат,
Вилояти СУРХОНДАРЁ.