Муҳаддис, хаттот, мударрис, муфассир, шоир ва адиб шайх Абдуллоҳ Муҳаммади Ансорӣ, ки дар замони худ ва баъд аз он ҳам дар Шарқ бо номи «Пири Ҳирот» машҳур гардида буд, соли 1006 дар маҳаллаи Куҳандизи шаҳри Ҳирот дар хонадони аллома Абӯайюби Ансорӣ таваллуд ёфтааст.
Шаҷараи Абӯайюби Ансорӣ ба Абӯайюб Холид бинни Ясиди Ансорӣ, ки ҳангоми аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кардани Расули акрам (с) ба хонаи ӯ меҳмон шуда буд, мепайвандад. Ӯ то аз дунё гузаштани устоди худ – Абулҳасани Харрақонӣ аз илми ӯ баҳраманд гардида, соҳиби минбари пири худ шудааст. Муҳаммади Ансорӣ илми фиқҳро аз имом Шарбазӣ, ҳадисро аз Абулфазл Муҳаммади Ҷорунӣ, илми тафсирро аз Хоҷа Яҳёи Аммор омӯхтааст. Арбобони забардасти замонаш Алп Арслони Салҷуқӣ, Низомулмулк ва Шайх Абӯсаиди Абулхайр дӯстони наздики Ансорӣ буданд. Алишер Навоӣ менависад, ки падари Ансорӣ – Абӯмансур Маттули Ансорӣ аз шаҷараи Муҳаммад пайғомбар буда, дар аҳди халифа Усмон дар Хуросон муқим шудааст. Дар нӯҳсолагӣ савод бароварда, дар чордаҳсолагӣ ба забонҳои тоҷикию арабӣ ба шеърнависӣ сар мекунад, аз Хоҷа Яҳёи Аммор илми тазкираю тафсирро меомӯзад. Дар «Насоим-ул-муҳаббат» гуфта мешавад, ки Ансорӣ ҳадисро аз 300 кас шунида, навишта гирифтааст, таъкид карда мешавад, ки ба Шайхулислом Хоҷаи Хизр назар кардааст. Шайх дар бораи тавону салиқа ва иқтидори худ навиштааст: «Ман аз шоирони форс сад ҳазор байт, аз шоирони араб ҳафтод ҳазор байт аз ёд медонистам. Дар шом ва бомдод бо хондани Қуръон машғул мешудам, рӯзона дарс медодам. Ҳар рӯз аз китобҳо шаш саҳифа мекӯчондам ва онҳоро аз ёд мекардам. Вақтамро дақиқ тақсим карда будам, фурсати холӣ надоштам. Аксар вақт то намози хуфтан чизе намехӯрдам, шабҳо дар равшании чароғ ҳадисҳоро рӯбардор мекардам. Дар вақти китобкӯчонӣ модарам дар даҳонам як бурда нон мегузошт. Сесад ҳазор ҳадисро аз ёд медонистам. Ҳеҷ кас мисли ман заҳмат накашидааст».
Абдуллоҳи Ансорӣ, дар баробари дарс додан дар мадрасаҳо, ваъз хондан дар хонақоҳҳо, қироати хуби Қуръон, овардани ҳадис аз забони саҳобаҳо, аз ҷавонӣ ба шеъру ҳикоятнависӣ ва иншои рисолаҳои илмӣ иштиёқ дошт. Устоди ӯ Абулҳасани Харрақонӣ ба Ансорӣ, ки бо номҳои «Пири Ҳирот», «Шайхулислом», «Олами тариқат», «Ҷамоли аҳли ҳақиқат», «Орифи даҳр», «Хоҷа Ансорӣ» машҳур гардида буд, худ хирқа пӯшондааст. Асарҳои олим «Зод-ул-орифин», «Китоби асрор», «Малфузот»,«Сад майдон», «Манозил-ул-соирин», «Рисолаи воридот», «Насоеҳ», «Рисолаи дил ва ҷон», «Канз-ус-соликин», «Рисолаи иродат ва қаландар», «Ҳафт ҳисор», «Муҳаббатнома», «Мақолот», «Илоҳинома», «Ганҷнома», «Табақот-ус-сӯфия», «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ» аз он далолат медиҳанд, ки Ансорӣ ба назария ва амалияи сӯфизм ҳиссаи калон гузоштааст. Хусусан, китоби «Зод-ул-орифин»-и ӯ, ки тамсил, ҳикоят ва ривоятҳои гуногунро дар бар мегирад, шуҳрати бештар дорад. Чунки то Ансорӣ дар адабиёти форс-тоҷик чунин асари насрии содда ва бадеияташ баланд офарида нашуда буд. Дар баробари ин, вай шеърҳои зиёде навиштааст, девонаш аз шаш ҳазор байт иборат аст. Бо навиштани рубоиҳои зиёди ирфонӣ ба ривоҷёбии ин жанр саҳми назаррас гузоштааст.
Ансорӣ ҳаёти вазнинро аз сар гузарондааст. Мухолифонаш ӯро ду бор ба зиндон андохта, се маротиба аз Ҳирот рондаанд. Бо вуҷуди ин, ӯ аз роҳи интихобкардааш намегардад, ду маротиба ба Ҳаҷ рафтааст. Олим дар давоми ин сафарҳояш бо бисёр донишмандони кишварҳои мухталиф мулоқот кард, ин суҳбатҳо доираи ҷаҳонбинии ӯро васеътар карданд. Ансорӣ соли 1088-уми милодӣ вафот кардааст. Мақбараи ӯ дар маҳаллаи Козургоҳи Ҳирот мебошад.
Адиб дар шеърҳояш, асосан, ишқи ҳақиқӣ, баҳри расидан ба висоли Ҳақ риёзат кашиданро тараннум намудааст. Мисол:
Мисли туам, аз бодаву ҷом озодам,
Сайди туам, аз донаву дом озодам.
Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ,
Варна ман аз ин ҳар ду мақом озодам.
Тавре ки дар боло таъкид намудем, Абдуллоҳи Ансорӣ ба назария ва амалияи сӯфизм эътибори ҷиддӣ додааст. Барои ҳамин ҳам дар ҷараёни ваъзхонӣ ва дигар маҷлису маҳфилҳо далелҳои бо забони мураккаби илмӣ овардаи китоби «Табақоти сӯфия»-и Абдураҳмони Сулламиро содда, бо лаҳҷаи Ҳирот баён намудааст. Яке аз шогирдони Ансорӣ ҳикоятҳои аз даҳони ӯ баромадаро навишта гирифта, ба шакли китоб даровардааст. Абдураҳмони Ҷомӣ дар вақти навиштани асари худ - «Нафаҳот-ул-унс» аз ин китоб ба сифати манбаъ истифода бурдааст. Саъдии Шерозӣ низ ҳангоми офаридани «Гулистон» ва «Бӯстон»-и худ аз эҷодиёти Ансорӣ баҳра бурдааст. Зеро Абдуллоҳи Ансорӣ аз адибонест, ки ба жанри ҳикоятҳои ахлоқию таълимӣ ва омехта бо насру порчаҳои шеърӣ асос гузоштааст. Тадқиқотчиён дар бораи се девоне, ки ба Абдуллоҳи Ансорӣ нисбат медиҳанд, чунин изҳори ақида кардаанд: «Онҳо аз шеърҳои дигар шоирон тартиб дода шудаанд. Аммо бисёр шеърҳои дар таркиби асарҳои насрӣ омада - бештар аз ду ҳазор рубоӣ моли Абудуллоҳи Ансориянд». Асарҳои адиб дар солҳои гуногун дар Теҳрон, Қоҳира, Кобул ва дигар шаҳрҳо чоп шудаанд.
Вақте ба Алишер Навоӣ маротибаи сеюм сафари Ҳаҷ насиб намегардад, ӯ бо хоҳиши Ҳусайн Бойқаро ба обод кардани мақбараи Ансорӣ, ки аз назари эътибор дур афтода буд, машғул мешавад. Ҳамаи асарҳои Ансорӣ, ки бо ҳикмату таъбир ва ибораҳои халқӣ оро дода шудаанд, аҳамияти калони таълимиву тарбиявӣ доранд, адиб дар онҳо инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, ахлоқ ва илму маърифатро тарғиб намуда, ҷаҳолат, зулму зӯроварӣ, риёкорӣ ва мунофиқиро мазаммат кардааст. Абдуллоҳи Ансорӣ дар адабиёти форс-тоҷик аз аввалинҳо шуда дар китоби «Анис-ул-муридин ва шамс-ул-маҷолис» баёни насрии қиссаи ишқи Юсуф ва Зулайхоро дар чордаҳ маҷлис хеле зебо овардааст, ки ба воситаи он ғояи ишқи илоҳиро пешниҳод менамояд. Ин асарро шарқшиноси машҳур, профессор, шодравон Аълохон Афсаҳзод мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор додааст.
Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.