АСОСИ ҲАМБАСТАГӢ ДАР РИЗОИЯТИ БАЙНИ МИЛЛАТҲОСТ!

Тавре ки шумо медонед, оид ба ҳаёт татбиқ намудани яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ — таъмини ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа, таҳкими фазои дӯстӣ ва ҳисси оилаи ягонаи сермиллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба миллат ва арзишҳои умумиҷаҳонӣ корҳои васеъмиқёси ба вусъат додани робитаҳои фарҳангию маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ нигарондашуда ба анҷом расонида шуданд.

Тавре ки шумо медонед, оид ба ҳаёт татбиқ намудани яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ — таъмини ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа, таҳкими фазои дӯстӣ ва ҳисси оилаи ягонаи сермиллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба миллат ва арзишҳои умумиҷаҳонӣ корҳои васеъмиқёси ба вусъат додани робитаҳои фарҳангию маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ нигарондашуда ба анҷом расонида шуданд.
Аз ин лиҳоз, дар солҳои истиқлолият дар кишвари мо ҷиҳати таҳкими ризоияти байни миллатҳо ва байни конфессияҳо, пурзӯр гардондани тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ чорабиниҳои ба мақсади аниқ равонашуда ба амал бароварда мешаванд, ки асоси муҳими саъю кӯшишҳои нек дар роҳи  ислоҳоти васеъмиқёс дар ҳамаи соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хидмат мекунад.
Дар ин росто, бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар кишвари мо зиёда аз 130 миллату халқият ҳамчун фарзандони як оила, дар шароити баробарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ карда, дар таҳкими истиқлолияти кишварамон саҳми сазовор мегузоранд. Барои онҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои қонунии худро таъмин кунанд, таълим гиранд, мувофиқи иштиёқ ва қобилияти худ соҳиби касб шаванд, фарҳанг, урфу одатҳои худро ҳифз намоянд ва ривоҷ диҳанд. Дар натиҷаи чунин таваҷҷӯҳи баланд мероси бойи таърихӣ ва фарҳангии мардуми сермиллати мо эҳё гардида, қадр карда шуд. Ба иштироки васеъ ва озодонаи намояндагони ҳамаи миллатҳо дар идоракунии давлатӣ, равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кафолат дода мешавад.
Дар айни замон, фаъолияти беш аз 140 марказҳои фарҳангии миллӣ ва тақрибан 40 ҷамъияти дӯстӣ дар мамлакати мо дар ҳифз ва ҳаматарафа рушд додани таърих, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ, анъана ва урфу одатҳои ҳамаи миллату халқҳо, ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо нақши муҳим доранд.
Онҳо инчунин дар ҳифзи ҳаёти осоишта ва шукуфон, рушди муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои фарҳангию маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, барқарор намудани робитаҳои наздики мутақобилан судманд бо ҳамватанони берунмарзии худ саҳми назаррас гузошта, аз механизми «дипломатияи халқӣ» фаъол истифода мебаранд.
Умуман, ислоҳот дар ин самт таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев мазмуни комилан нав пайдо карда истодааст. Аз ҷумла, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 таъмини амният, таҳаммулпазирии динӣ ва ризоияти байни миллатҳо, инчунин сиёсати хориҷии амиқ андешидашуда, мутақобилан судманд ва амалӣ мебошад. Имрӯзҳо дар ин замина барои таҳкими арзишҳои башардӯстона дар зеҳни аҳолӣ, алалхусус ҷавонон, ҳамдигарфаҳмӣ дар байни миллатҳои гуногун, муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоягони наздик корҳои нек анҷом дода мешаванд.
Таҳлили суръати татбиқи афзалиятҳои Фармони Президент «Дар бораи тасдиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо», ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ, дастовардҳои назаррас дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, либерализатсияи маънавӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти мардум барои таъкиди он ҳамаи асосҳоро фароҳам меорад, халқи Ӯзбекистон дар атрофи ғояи ягона – ҳадафи ягона муттаҳид шудаанд, ки яъне расидан ба ҳадафҳои наҷиб ва вазифаҳои ҳаётан муҳим дар самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Ғайр аз ин, бо ин мақсад дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, он фаъолияташро пеш мебарад ва оид ба таъмин кардани ризоияти байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ сиёсати давлатиро пайваста амалӣ менамояд.
Ҳамзамон, расонидани кӯмаки амалӣ ва методӣ ба марказҳои фарҳангии миллӣ, дастгирии ташаббусҳои онҳо, тақвияти ҳисси оилаи сермиллат дар шуури шаҳрвандон, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ, баргузор намудани конфронсҳои гуногун, вохӯриҳо. фестивалҳо оид ба татбиқи принсипи «Ӯзбекистон хонаи умумии мост.» далели гуфтаҳои боло мебошад. Дар навбати худ, дар сарзамини муқаддаси мо барои рушди анъана ва урфу одатҳои миллатҳо ва қавмҳои гуногун, кушоду равшан таҷлил намудани идҳои миллӣ ва динӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Фаромуш набояд кард, ки намояндагони ҳамаи миллат ва қавмҳои муқими кишвари мо дар ҳоли яклухт халқи  Ӯзбекистонро ташкил медиҳад. Бо якдигар ҳамҷиҳатона  барои рушди кишварамон аз сидқи дил меҳнат кардани онҳо намунаи дурахшони ҳамоҳангист. Аз ин рӯ, агар таҳаммулпазирӣ ва ҳамоҳангӣ меъёри асосӣ бошанд,сулҳ калиди рушди баланд хоҳад буд.

Севара ТУЛЯГАНОВА,
котиби хидмати матбуоти ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: