АСРОРИ МАРГИ МАСЪУД

шахсияти ӯ имони қавиаш буд

шахсияти ӯ имони қавиаш  буд
Таҳлилгарони масоили сиёсӣ ҳаводиси моҳи сентябри соли 2001-ум –асрори марги Қаҳрамони миллии АфғонистонАҳмадшоҳи Масъуд ва ҳамла ба маркази тиҷорати Ню-Йоркро гиреҳҳои нокушодаи як ришта маънидод мекунанд. Агар ҳодисаи аввалӣ шонси хубе барои ворид шудани абарқудратҳо ба хоки Афғонистон маҳсуб мешуд, ҳодисаи дувумӣ барои ин мақсад баҳонае беш набуд. Қудратҳои ҷаҳонӣ диданд, ки Маъсуди номвар дар баробари онҳо истодагарӣ мекунад, ба роҳи макр ҷисман ӯро нобуд карданд. Аммо рӯҳи Масъуд ҳидоятгари мардуми Афғонистон ба сӯйи ояндаи нек аст. 
Ҳангоми сафар ба ин кишвари дӯст бо Фаҳими Даштӣ, сардабири ҳафтаномаи “Кобул”, яке аз ёрони бовафои Аҳмадшоҳи Масъуд, ки худро меросбардори фарҳанги ин шахсияти бузург медонад, дидору гуфтугӯ доштем. Нашрияи “Кобул”, ки бунёдгузораш Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ифодагари орзую ормонҳои мардуми Афғонистон маҳсуб мешавад. 
Воқеан, Фаҳими Даштӣ аз ҷумлаи он нафаронест, кидар он ҳодисаи даҳшатбори 9-сентябр ҳузур дошт ва тасодуфан ҷон ба саломат бурд. Ӯ хотираҳояшро дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд,  аз муқовимати Ҷабҳаи Шимол алайҳи бадхоҳони мардуми афғон ва ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони ин фарзанди фарзонаи Афғонистон ёдовар шуд. 
Фаҳими Даштӣ гуфт, ки “Ҳамон стротежике, ки Омир Соҳиб (манзур Аҳмадшоҳи Масъуд) дошт,  бар хилофи Толибон, Покистон ва Ал-қоида буд, солҳо дар баробари онҳо ҷангид, мубориза бурд, мо ҳам онро давом медиҳем. 
Бардошти мо ин аст, ки Толибон, Покистон ва Ал-қоида ба суди Афғонистон нестанд ва яқинан мухолифи барномаҳои онҳо қарор доштем. Аз он вақте мо мухолифи онҳо ҳастем, онҳо моро хуш надоранд. 
Ҳамон рӯзе, киба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд сӯиқасд сурат гирифт, ман нафақатба унвони як шоҳид, балки дар он ҳодиса ҳузур доштам. Ҳар он чизе, ки дидам,  ба мардум гуфтам, то онҳо бидонанд. Мушкил аст ин достони ғамангезро барои дӯстони худ қисса кардан (ӯ мегиряд, чанд лаҳза хомӯшӣ ба миён меояд ва дар ҳолеки оби чашмонашро аз рухсораш пок мекунад,  суҳбаташро идома медиҳад). 
Субҳи рӯзи 18 сунбула ё 9 сентябри соли 2001 буд.  Ман хабар шудам, ки ду хабарнигори араб рафтанд ба маркази фармондеҳии Омир Соҳиб аз пайи анҷоми як мусоҳиба. Мо он вақт як студияи кӯчаке доштем,  бо номи “Ориёнфилм”.  Аз ҳамон соҳоте, ки зери контроли Толибон набуданд, филмҳои мустанад мехостем ва ба афғонҳои муҳоҷире, ки дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ мекарданд, равон мекардем. Баъдан онҳо як миқдорпулу либосу коло ба мо мефиристонданд ва мо ба мардуми фақиру ғариб мерасондем.  Яке аз корҳои дигари мо дар “Ориёнфилм” ин буд, ки ҳамеша мехостем аз Омир Соҳиб тасвир дошта бошем. Як дӯсти ман, ки ҳанӯз ҳам дар он дафтар кор мекунад, ҳабдаҳ сол филмбардори Омир Соҳиб буд. Тайи ин солҳо 1200 соат филм дорад дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд. Аз корҳои рӯзмарраю одии Омир Соҳиб сар карда, то суҳбат бо мардум, бо хабарнигорон, бо қумондонҳо ё фармондеҳон. Ҳамон рӯзи 9 сентябр мо дар шаҳраки Хоҷабаҳоваддин будем. Ин шаҳрак, агар хато накунам, дар фосилаи 20-30 километр то марзи Тоҷикистон, шояд то Фархори Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Мо дар як меҳмонхонае зиндагӣ мекардем, ки марбути Вазорати хориҷа буд. Маъмулан хориҷиҳое, ки меомаданд, дар ҳамин меҳмонхона зиндагӣ мекарданд. Ин ду араб ҳам дар ҳамин меҳмонхона зиндагӣ доштанд. Субҳи ҳамон рӯз хабар шудем, ки онҳо рафтанд ба хотири мусоҳиба. Мо нуҳ рӯз ба онҳо дар ҳамин меҳмонхона будем. Як ҷо хӯрок мехӯрдем. Ҳеҷ касе эҳсос накарда буд, ки онҳо чӣ ҳадафи шум доранд. Арабҳо дар кори худ ба андозае моҳир буданд, ки кас наметавонад эҳсос кунад, ки онҳо кори дигареро мехоҳанд анҷом диҳанд. Вақте хабар шудам, ки онҳо рафтанд, ман низ камераи филмбардории худро бардошта, аз дунболашон равон шудам. Фосила байни меҳмонхонае, ки мо зиндагӣ мекардем, то маркази фармондеҳии Омир Соҳиб шояд 5 ё 6 дақиқа пиёда роҳ бошад. Нафаре, ки онҳоро роҳбаладӣ мекард, Осим ном дошт. Ман аз ӯ пурсидам, ки мусоҳибаро тамом кардед? Гуфт, ки “на, мусоҳибаи мо нашуд”. Омир Соҳиб ваъда кард, ки наздики чошт суҳбат мекунад. Соат даҳ дақиқа ба дувоздаҳ монда буд. Як ҳолате ба сарам омад, ки ҳамин ҳодиса дар он вақт иттифоқ афтод.  Осим маро садо зад. Гуфт, ки “мо меравем барои мусоҳиба.  Ба мо биё биравем”. Чор нафар аз ин меҳмонхона ҳаракат кардем, ба дафтаре, ки бояд бо Омир Соҳиб мусоҳиба сурат мегирифт. Ман будам, Омар буд ва ҳамон ду араб. Вақте дохили утоқи Омир Соҳиб шудем, он ҷо чор нафари дигар буданд. Худи Омир Соҳиб, Масъуди Халилӣ, ки он замон вазифаи сафири Афғонистонро дар Ҳиндустон ба ӯҳда дошт, маъсули истихборот инжинер Ориф ва Ҷамшед ном як ҷавон буд. Баъди аҳволпурсии маъмулӣ ҳар кас ба кори худ машғул буд. Ман камераро сари кифт бардоштам ва ба наворбардорӣ шурӯъ кардам. Омир Соҳиб ба арабҳо гуфт, ки шумо аз куҷо омадед, чӣ кора ҳастед, аз кадом тариқ омадед, чӣ мехоҳед? Онҳо посух доданд, ки мо марбути як маркази таҳқиқоти исломӣ ҳастем, ки қароргоҳаш дар Лондон аст.  Аз рӯйи кишварҳои исломӣ таҳқиқ мекунем ва Афғонистон ҳам як кишвари исломӣ аст. Ва мо омадем, киин ҷоро ҳам таҳқиқ кунем. Мо омадем, аз Аврупо ба Покистон ва аз он ҷо ба Афғонистон. Бо Толибон рӯ ба рӯ шудемва аз ҷанггузаштем, омадем ба Панҷшер ва аз Панҷшер расидем ба ин ҷо. 
Суҳбат инглисӣ ҷараён дошт. Масъуди Халилӣ бошад, тарҷума мекард. 
Омир Соҳиб мутмаъин шуд, ки мусоҳиба кунанд. Аз ин рӯ, аз онҳо хост, кипеш аз шурӯи гуфтугӯ як бор суолҳои худро бихонанд. Яке аз ин арабҳо, ки наздиктар ба тарафи чапи Омир Соҳиб нишаста буд, як коғазро берун овард ва шурӯъ кард ба хондан. 10-15 савол дошт. Суолҳо бештар марбут буданд ба равобити Омир Соҳиб бо Покистон, фикрҳои Омир Соҳиб дар бораи Толибон, Ал-қоидаву Покистону Афғонистону минтақа. 
Ман машғули филмбардорӣ будам. Араби дуюмӣ камераи худро омода мекард. Сепояро гузошт,  камераро болои он насб кард ва микрофонро назди Омир Соҳибгузошт. Онҳо аз ҳадди одӣ кор мекарданд, ки эҳсос намешуд, нияти бад доранд. Мисли хабарнигорон машғули фаъолият буданд. Ман эҳсос кардам, ки ҳоло мусоҳиба ё гуфтугӯ шурӯъ мешавад. Фикр кардам, ки Омир Соҳиб омодаи посух гуфтан астваба сӯйиӯкамераиӯмутаваҷҷеҳ шудааст. Ман ҳам рафта аз пушти сари онҳо ҷой гирифтам ва омодаи наворбардорӣ шудам. Вақте ба пардаи камера нигоҳ кардам, дидам, ки тасвир хуб намеояд. Мекӯшидам, ки наворро рӯшанбардорам. Шояд 15 ё 20 сония гузашт. Ҳамин вақт садои таркиш баланд шуд. Чашмонам табиӣ баста шуданд, пеши назарам нури зардро медидам ва сӯзиши дастонамро ҳис мекардам. Дар аввал андешае ба сарам омад, вақте ба наворгирӣ машғул будам, шояд сими камера, ки ба барқ пайваст буд, маро аз пой афтонда бошад.  Ва фикр кардам, ки ин ҷо Омир Соҳиб гуфтугӯ дорад ва барои он ки ӯ ин ҳолатро ҳис накунад ва суҳбати эшон халал нарасонам, аз утоқ берун давидам. Вақте берун шудам дар рӯи ҳавли дар муқобилам Ҷамшедро, ки дар боло зикраш рафт, дидам. Ба ӯ гуфтам, сӯхтам, маро ба шифохона бар. 
То ин замон намедонистам, ки чӣ рух додааст. Хаёл мекардам ҳар чизе бар сарам омад, аз ҳамин камераи худам буд. Вақте дубора бозистодам ва ба тарафи сохтмон нигоҳ кардам, дидам, ки дуд асту чанг асту хок. Он лаҳза ду нафар–муҳофиз ва ронандааш Омир Соҳибро берун мекашиданд. Кулоҳаш рӯяшро пушонда буд, ҷисмаш хунолуд менамуд. Омир Соҳибро вақте ба мутар гузоштанд, ман дари паси мошинро боз ва худро низ дохили он кардам. Ҳамин тавр, аз ин ҷо омадем ба майдони парвозу нишасти чархболҳо. Бо як чархбол парвоз карда омадем ба Фархор. Се-чор фосила будааст, аз Хоҷабаҳоваддин то Фархори Тоҷикистон. Дар дохили чархбол ман ба ҳуш будам, вале ҳеҷ наметавонистам қабул бикунам, ки Омир Соҳиб дигар зинда нест. Мо ҳеҷ намехостем ва қалби моҳам инро қабул намекард, ки Омир Соҳиб аз байни мо меравад (ӯ боз мегиряд). Ба ҳар сурат дар Фархор докторҳо омаданд. Омир Соҳибро бурданд ба шифохона. Баъд ману Масъуди Халилро. Вақте ба ҳуш омадам, шом шуда буд. Ҳар касе меомад назди мо мепурсид, ки Омир Соҳиб чӣ тур аст.  Мегуфтем, ки хуб аст.  Кор мекунад. Ҳоло вазъияташ беҳтар... Фардояш низ меомаданд ва чунин посухро мегуфтем. 
Баъд аз ду рӯзмаро аз ин шифохона ба Душанбе бурданд. Ҳудуди даҳ рӯз ману Халилӣ дар шифохонаи “Медгородок” мондем. Масъуди Халилро, ки визаи Олмонро дошт, бо мақсади табобат ба он кишвар фиристоданд. 
Маро бошад оварданд ба хонаи бародарам. Он солҳо бародари бузургам ҳамроҳи як гурӯҳ афғонҳо дар пойтахти Тоҷикистон кору зиндагӣ доштанд. Дафтарашондар наздикии Хонаи нависандагон воқеъ буд. Бародарам дар ҳамон дафтар кор ва зиндагӣ мекард. Як-ду рӯз гузашт. Хабарнигорони зиёде меомаданд, дӯстоне, ки мо доштем аз Фаронса, Олмон низ меомаданд. Вақте мепурсиданд, ки Омир Соҳибчӣтураст, посух медодем, хуб аст, зинда аст. Ҳама хабар доштанд, аммо ман бехабар будам. 
Як шаб, ҳангоми хоб бародарам омада гуфт, ки мехоҳем музейи Омир Соҳибро бисозем ва либосу амволи шахсии ӯро дар ҳамон ҷо гузорем. Ҳайрон шудам. Пурсидам, ки чаро либосҳои як одами зиндаро дар музей мегузоранд? Ӯ гиря кард. Дигар чизе нагуфт. Он вақт фаҳмидам, ки Омир Соҳиб вафот кардааст, дигар ӯ бо мо нест.  Як ҳолате буд, ки намешавад онро бо сухан ифода кард. (Садои Фаҳим дар гулӯяш дар мемонад ва аз нав дар чашмонаш қатраҳои ашк пайдо мешаванд).
Баъдан барои табобат рафтам ба Фаронса ва боз пас омадам ба Кобул.  Вақте дар ҳафтаномаи “Кобул” дубора корро шурӯъ кардам, аввалин тасмиме, ки гирифтам, ин таҳқиқи ҷараёни ҳамин ҳодиса буд. Дар 13 ё 14 шумораи пай дар пайи нашрия фоҷеаро пайгирӣ кардем. Дар ҳар шумора матлабе ба чоп расондем. Бо онҳое, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, гуфтугӯ кардем. 
Дар бораи сарнавишти арабҳо аз касони дигаре, ки он ҷо буданд, хабардор шудам. Яке аз онҳо,  зоҳиран филмбардор буд, дар ҳодиса аз байн рафт. Аксашро дидам. Мегӯянд, ки ҳамон маводи инфиҷорӣ дар дохили камерааш будааст. Вале ман вақте аксҳоро аз назар гузаронидам, хулоса баровардам, ки маводи тарканда дар дохили камера гузошта нашудааст. Филмбардорон камарбанд доранд, фикр мекунам, ки ҳар чӣ буд, дар дохили ҳамон камарбанд буд. 
Сарнавишти араби дигарро ин тавр шарҳ доданд. Як мӯйсафед, номаш дар ёдам нест, тахаллусаш Коргар аст. Ҳамон Коргар мутаваҷҷеҳ мешавад, ки як нафар мехоҳад бигурезад. Вақте мебинад, ки ӯ фирор мекунад, аз пасаш мераваду вайро медорад. ва меорад ба ҳамон меҳмонхона, дар утоқе, ки 7-8 рӯз зиндагӣ карда буданд, маҳкам мекунанд. Утоқ як килкин (тиреза)-и хурд дошт. Ман шояд аз он килкин озод гузарам. Вале он нафар бисёр тануманд буд. Ҳайронам, ки чӣ тур вай аз он берун шуда? Пушти сари сохтмон қабристон буд. Ба ҳамон қабристон фирор мекунад. Яке аз муҳофизони ҳамин сохтмон, ки одами оддию бесавод ва хаёлӣ буд, мебинад, ки касе мегурезад, туфангашро мегираду аз пасаш медавад. Дар поёни қабристон ҷарие буд, ки бист-сӣ метр баландӣ дошт. Баъд аз ин ҷарӣ як наҳри калон ҷорӣ буд. Марди фирорӣ аз баландии қабристон ба поён меҷаҳад. Муҳофиз ҳам аз пасаш худро мепартояд. Лаҳзае фаро мерасад, ки муҳофиз бояд ӯро дастгир кунад. Аммо фирорӣ мефаҳмад, ки ба дом меафтад, пас мегардад ва мехоҳад, ки туфанги муҳофизро соҳиб шавад. Дар ҳамин гирудор аз тарси он, ки туфангаш аз даст меравад, муҳофиз ба сӯйи ӯ тир холӣ мекунад. .. 
Дар зеҳни хеш, албатта, меандешем, ки террор бо фармони кӣ сурат гирифтааст? Таҳқиқи ҷараёни ҳодиса маро ба ҳақиқат наздик мебарад. Он ду нафаре, ки худро хабарнигор вонамуд карданд, дар даст нома доштанд, аз номи Шайх Ёсири Мисрӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад. Шайх аз арабҳои Миср аст ва бо Ал-қоида равобит дорад. Дар нома гуфта мешуд, ки онҳо мехоҳанд дар бораи Афғонистон гузориш кунанд. 
Вуқӯи ҳар дуи ҳодиса, яъне шаҳодати Омир Соҳиб ва 11-сентябр як реша доштанд, ки он Ал-қоида буд. Вале кишварҳои бузург маъмулан стротежикҳои бисёр калону печидае доранд.  Афғонистон кишваре ҳаст, ки вақте шумо ба таърих назар меандозед, аз замони Искандари Кабир ҳар қудрати бузурги дунё як бор ба ин кишвар омадааст. Искандар омада буд, Чингиз омада буд,  Темур омада буд, Гитлер ҳам мехост, ки биёяд, вале вақт наёфт. Наполеон ҳам мехост биёяд, вақт наёфт. Баъд аз он Бритониёи Кабир омад, боз Шӯравӣ ҳам омад. Акнун қудрати аввали дунё, ки Амрикост, он ҳам омад. Ман яқин дорам, ки баъд аз ин қудрати аввалини дунё Чин мешавад. Чин ҳам як бор ин ҷо меояд. Лекин чӣ хосият дорад ин сарзамин, ростӣ намефаҳмам. Сари стротежики Амрико меандешам, ки барои омадан ба Афғонистон солҳо боз вуҷуд доштааст. 
Аз ин рӯ, Омир Соҳиб мехост, ки Афғонистон озод бошад. Мехост, ки Ҷумҳурии Демократии Исломии Афғонистонро бисозад. Кишвараш парлумон дошта бошад. Мардумаш сарҷамъ шаванд, занҳо ҳаққи корро пайдо кунанд...
Тайи беш аз бист соли муборизаҳои Омир Соҳиб ҳар касе,  ки мехост ба дидори ӯ бирасад ва ё бо ӯ суҳбат дошта бошад, вақт мегирифт, барои ин монеа набуд. 
Муҷоҳидин сари қудрат буданд. Як рӯз бо мутари Омир Соҳиб мерафтем, намедонам ба куҷо.  Касе барояш гуфт, ки Гулбиддин Ҳикматёр мутари зидди мина харидааст ва дар дохили он мутар як ғурфаи дигар ҳаст, ки он ҳам зидди мина будааст. Вақте ки ӯ ҳар куҷо меравад, дохили мутар мешавад ва даруни он ғурфа мешинад, ки агар ягон ҳамла ё инфиҷоре шавад, осеб набинад. 
Омир Соҳиб баъд аз шунидани ин суханон гуфт, ки ӯ беимон аст. Марг агар ба ҷустуҷӯ барояд, ҳар куҷое, ки бошӣ, пайдот мекунад. Яъне далелаш ҳамин буд, ки худи Омир Соҳиб имони қавӣ дорад. Шахсияташ ҳамин имон буд. Як мусулмони комилан холис ва пок буд. Ақидае дошт, ки як рӯз одам зинда аст, як рӯз мешавад, ки мемирад. 
Мутаассифона, аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки аз номи Омир Соҳиб бештар истифодаҳои бад мебаранд. Чанд мисол меорам. Як нафар дар дафтари давлатӣ кор мекунад. Акси Омир Соҳиб дар утоқи кориаш болои сараш овезон аст, вале аз мардум ришва меситонад. Ин ба он маъност, ки касе пайрави Омир Саид Масъуд бошад, ришва гирифтан барояш бад нест. Ҳол он ки ин чиз қатъиян хости Омир Саид Масъуд набуд. Як каси дигар ба шишаи мутари худ акси Омир Саид Масъудро часпонда, бо ҳамин мутар рафта даст ба дуздӣ мезанад. Яъне ин тур нишон медиҳад, ки ҳар касе пайрави Омир Саид Масъуд аст, дуздӣ мекунад. Ин намунаҳои хурдаш аст. Намунаҳои бузурги сӯистифода аз номи Омир Саид Масъуд ҳам дорем. Қонунӣ, Фаҳим ва дигарон, ки дӯстони наздики Омир Соҳиб буданд, дар муомилоти сиёсӣ, дар заду бандҳои сиёсӣ ба номи меросдори ин шахси бузург ҳозир шуданд ва муомила карданд ба сарнавишти мардуми афғон. Судашро танҳо худашон бурданд, вале фишору зарарашро ба тамоми мардуми Афғонистон гузоштанд. 
Банда аз ҷумлаи идомадиҳандагони кору пайкори шодравон Аҳмадшоҳи Маъсуд ҳастам ва солҳо боз масъулияти чопи нашрияи “Кобул”-ро, ки асосгузораш ин шахси бузург аст, ба ӯҳда дорам. Борҳо зери фишору таъқиби бадхоҳон қарор гирифтаам. Борҳо ба ҷони банда низ сӯиқасд карданд. Мақсад ин буда, ки аз нашри ҳафтанома бояд даст бикашам. Як рӯз як нафар ба ман гуфт, ки ту зан дорӣ, кӯдак дорӣ, хонавода дорӣ. Онҳо аз ту ниёз доранд. Дафтари корат ҳам аз лиҳози амниятӣ мутмаин нест, хонае, ки зиндагӣ мекунӣ, низ аз лиҳози амниятӣ мутмаин нест. Роҳе, ки меоӣ ва меравӣ ба хона ва ба дафтар умуман аз лиҳози амниятӣ мутмаин нест. Дақиқан, манзураш ин буд, ки “мо туро мекушем”. 
Ман барояш гуфтам, ки дафтари ман ҳамин ҷост, вақте ки шумо меоед, ман ҳамин ҷо ҳастам, адреси хонаи маро надонед, онро бароятон медиҳам. Ҳар боре, ки ба хонаи ман меоед, ман он ҷо ҳастам. Рафтуомади маро бошад, шумо дидед, ки бо кадом роҳ сурат мегирад. Диданд, ки бо фишори сиёсӣ маро шикаста наметавонанд. Мехостанд бикушанд, вале ҳанӯз зиндаам. .. 
Барои мо, албатта, шармандагист, агар ин мероси хуби Омир Соҳибро пеш набарем. Мо бо нашрияи “Кобул” як ҳадафи бузургро дунбол мекунем, ки он иттиҳод, ваҳдати дубораи мардуми Афғонистон аст.  Ба ин далел ҳам намехоҳем, ки ҳафтаномаи “Кобул” аз нашр бозмонад. Ин ҷо ҳамчунин як маркази омӯзиши журналистии Афғонистон аст. Шумо вақте меравед ба Донишгоҳи Кобул ва чор сол дарс мехонед, вале пас аз анҷоми таҳсил журналист намешавед, дар онҷо чизеро ёд намегиред, ки шуморо журналист бисозанд.  Ҷавонони зиёдеро, ки шавқи рузноманигорӣ доштанд, ба ин ҷо овардем. Омӯзиши назариявӣ ҳам барояшон додем, омӯзиши амалӣ низ.  Онҳо корро омӯхтанд. Баъдан рафтанд ба расонаҳои дигар аз телевизони “Тулӯъ” то радиои “Озодӣ”,  “Би-би-си” ва расонаҳои калони дигар. Ман журналистик нахондаам, ҳуқуқу умури сиёсӣ хондаам, вале зиёда аз бист сол дар ҳамин ришта фаъолият дорам. Давраҳои омӯзиши якҳафтаина, дуҳафтаина, якмоҳа ва думоҳаро дар кишварҳои гуногун, мисли Фаронса, Дания ва Туркия гирифтаам. Фикр мекунам, ҳамин таҷрибаро дорем, ки битавонем теъдоде аз ҷавонон ба журналистик алоқамандро ба як роҳи дуруст раҳнамоӣ кунем. 
Аз Омир Соҳиб 5 фарзанд – чор духтар ва як писар боқӣ монд. Онҳоро Фаронса даъват карда буд, вале хонуми Омир Соҳиб ва кӯдаконаш ба хотири он ки ҳамин фарҳанги шарқиёнаро нигоҳ дошта бошанд, розӣ шуданд, ки дар Эрон бимонанд. Кӯдаконаш метавонанд хуб дарс бигиранд, зеро дар он ҷо мушкили забон нест. 
Писараш Аҳмад ҷавони баркамол шудааст. Вақте гапзании ӯро мешунавӣ, ҳаракатҳояшро мебинӣ,  шабеҳи падар аст. Замоне, ки Омир Соҳиб зинда буд, ҳеҷ вақт ҷуръат намекардам, ки аз ӯ чизе бипурсам. Фақат Омир Соҳиб аз ман чизе мепурсид.  Ман бошам, ҷавоб мегуфтам. Шахсияташ як ҳайбате дошт. Ва дар мавриди худам,  агар мушаххас бигӯям, эҳтироми ҷудогона доштам. Гоҳо бо писараш як ҷо мешинам. Аммо ҷуръат намекунам, ки дар бораи Омир Соҳиб чизе бипурсам. 
Писараш низ бозии футболро хуш дорад. Риёзиву физикаро хуб медонад. Вақте мавзӯъҳоро тавзеҳ мекунад, маълум мешавад, ки истеъдоди баланд дорад нисбат ба дигар ҷавонон.  Медонам, ки ҳеҷ касе ҷойи Омир Соҳибро дар Афғонистон гирифта наметавонад. Вақте ки мо таърихи панҷҳазорсолаи Афғонистонро варақ мезанем, дар ин муддат касеро мисли Омир Соҳиб намедонем. Шахсиятҳои маъруфе гузаштаанд, мисли Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуб ибни Лайси Саффор ва ғайра. Зиндагиномаи онҳо бо зиндагиномаи Омир Соҳиб қобили муқоиса нест. Дар оянда ҳам бовар дорам, ки касе дар Афғонистон мисли Омир Соҳиб нахоҳад шуд. Лекин умедвор ҳастам писараш, ки 10-15 фисад тавоноии Омир Соҳибро дорад, метавонад барои Афғонистон хизмат бикунад”. .. 

Аз китоби «Камони қомат»-и
Алӣ ҶӮРА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: