АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОНРО БО ЯК ОВОЗ ДАСТГИРӢ КАРД

14 декабр Ассамблеяи Генералии СММ баённома «Дар бораи пурзӯр кардани нақши парлумонҳо дар тезондани муваффақшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)»-ро бо як овоз маъқул донист.

Баённомаи мазкур аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев соли 2020-ум дар ҷараёни иҷлосияи 75-умини Ассамблеяи Генералии СММ  пешниҳод шуда буд. Дар баённома нақши муҳими парлумонҳо дар навсозии ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамкории бисёрҷанба ба мақсади дастгирӣ намудани барқарории фарогир, устувор ва мустаҳкам пас аз пандемияи COVID-19 ва тезондани корҳо барои рушди устувор, ки ҳангоми таъмин сохтани он бояд касе фаромӯш нашавад, таъкид мегардад.
Ассамблеяи Генералӣ давлатҳоро даъват менамояд, ки парлумонҳоро дастгирӣ кунанд ва барои ҷалби онҳо дар ҷараёни фаъолияти минбаъда, ҳамчунин маълумоти ҷа-раёни муваффақшавӣ ба ҲРУ, бахусус дар тайёр кардани маълумоти ихтиёрии миллӣ мусоидат намоянд, ба онҳо барои таъмин кардан ва пурзӯр намудани масъулияти миллӣ ва ҳисоботдиҳӣ кӯмак расонанд.
Ба таъмин кардани баробарии гендерӣ, ки бояд ҷузви асосии саъю кӯшишҳо бобати тезондани пешрафт дар муваффақшавии ҲРУ аз тариқи кӯмакрасонӣ ба иштироки пурра, баробарҳуқуқ ва муҳими занон дар кори мақомоти қонунгузорӣ ва ҷараёнҳои парлумонӣ эътибори махсус дода шуд.
Нақши муҳим ва саҳми ҷавонон бобати бомуваффақият татбиқ намудани Барномаи рӯз дар давраи то соли 2030-юм ва зарурияти таъмин кардани иштироки пурра, баробарҳуқуқ ва муҳими ҷавонон дар ҷараёнҳои парлумонӣ эътироф карда мешавад.
80 давлат аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Австрия, Алҷазоир, Бангладеш, Баҳрайн, Белгия, Олмон, Миср, Испания, Индонезия, Италия, Қатар, ҶМЧ, Колумбия, Ҷумҳурии Куриё, Малайзия, Нидерландия, Норвегия, Покистон, Португалия, Сингапур, Финландия, Фаронса, Шведсия, Ҷопон ва ғайра ҳаммуаллифони ҳуҷ-ҷат гардиданд.
Баённомаро сохторҳои СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Таъкид мегардад, ки баённома роҳнамои нодире барои депутатҳо мегардад, саъю кӯшиши онҳоро бобати тезондани татбиқсозии ҲРУ сафарбар менамояд.
Иттиҳоди байнипарлумонӣ бар он аст, ки ҳуҷҷати мазкур дар кори тайёрӣ ба Ҳамоиши ҲРУ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар доираи Ҳафтаи олии 78-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, қадами муҳим мебошад.

АИ «Дунё»,
шаҳри НЮ-ЙОРК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: