Фарғона маркази маъмурии вилояти мост.
Ин шаҳр бо табиати дилфиребу нозанини худ ба дилҳо сурур мебахшад. Одамонаш меҳрубон ва меҳнатдӯсту меҳмонавозанд. Ҳар як иду айёме, ки дар саросари мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад, дар вилояти Фарғона низ бошукӯҳ баргузор мегардад. Зимни ташрифи сарвари давлатамон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Фарғона чунин фикрҳо вирди забон оварда шуданд:
– Ҳамаамон Фарғонаро дӯст медорем. Онро ҳамчун «Гавҳари водии зарнисор« эъзоз мекунем. Ҳар вақт ба Фарғона ташриф орам, шеъри шоири забардаст Ҳамид Олимҷон «Вақте водиҳоро пиёда тай мекунӣ» дар хаёлам такрор мешавад. Дар бораи шоирону уламо, нависандаву сарояндаҳо ва соҳибкорони фидоии Фарғона, ки фазилатҳои зебое доранд, борҳо навиштаанду васфи онҳоро кардаанд.
Иброҳимҷон Султонови атласу адрасбоф, Шарофиддин Юсуфов ва Алишер Назирови кулол, Ёрқиной Ҳотамова ва Султоналӣ Маннопови ҳунарпеша, Турсуналӣ-полвон ва гурӯҳи дорбозони ӯ, инчунин як идда омӯзгорон, муҳандисон, варзишгарон ифтихори мардуми Фарғона мебошанд.
Дар бораи этимологияи вожаи «Марғилон» дар китобе хонда будам, ки он форсии тоҷикӣ буда, маънои «Мурғу нон»-ро медиҳад. Сабаб ин будааст, ки вақте Искандари Мақдунӣ бо лашкараш ба ин шаҳр наздик мерасад, мулозимони он дарк мекунанд, ки дар баробари нерӯи пурқудрати ӯ муқовимат карда наметавонанд. Чанд нафар мӯйсафедон пешопеш, дар даст мурғу нон ба истиқболи Искандари Макдунӣ мебароянд ва ин шаҳрро аз харобаву вайроншавӣ эмин медоранд.
Фарғона яке аз шаҳрҳои қадимии Ӯзбекистон буда, бино ба маъхазҳо таърихи он аз ҳазораи II-I пеш аз милод сар мешавад. Аз замонҳои мозӣ сокинони ин шаҳр ва атрофи он бо халқҳои Шарқи Дур, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ робитаи наздики фарҳангӣ доштаанд.
Олимон қайд намудаанд, ки калимаи «Фарғона» дар асрҳои аввали миёна бо суғдӣ дар шаклҳои Пархвана, Прагана, Ҳархона ва дар ҳинду санскрит «Минтақаи хурд» навишта шудааст. Дар забони форсӣ маънои водии «Байни кӯҳҳо» ва баъзан «Водии пӯшида»-ро низ медиҳад. Дар асри II пеш аз милод ин шаҳрро Давон низ ном додаанд, дар аввали асрҳои миёна номи он Бохан ва Баханна низ будааст.
Гуфта мешавад, ки дар давраи қадим Фарғона ба яке аз пулҳои пайвасткунандаи байни Осиёи Миёна ва Чин мубаддал гаштааст ва муҳити иҷтимоию сиёсии ин ҷо низ зери таъсири ин ду минтақа мондааст. Дар замони Темуриён ҳунарҳои мардумӣ ба мисли дигар соҳаҳо хеле рушд намудааст. Марғилон бо истеҳсоли абрешим ва маҳсулоти абрешимӣ, Риштон бо сафолсозӣ машҳур гаштааст.
Дар охири асри ХIV Амир Темур Фарғонаро ба ҳайати худ дохил кард ва баъд аз он то охири сулола дар дасти авлоди ӯ монд. Заҳириддин Муҳаммад Бобур, ки солҳои 1494-1504 дар ин минтақа ҳукмронӣ кардааст, дар «Бобурнома»-и худ шаҳру шаҳракҳои водии Фарғонаро тавсиф кардааст. Аз ёддоштҳои ӯ дар бораи қалъаҳои шаҳр, қаср, биноҳои деҳотӣ ва фарҳанги боғдории он давра маълумот гирифтан мумкин аст. Вай Фарғонаро дар шумори яке аз шаҳрҳои калонтарин қаламдод намудааст.
Баъд дар давраҳои гузашта шаҳри «Байни кӯҳҳо» ё «Шаҳри пӯшида» ҳодисаву воқеаҳои сиёсиву иҷтимоии гуногунро паси сар намудааст ва ба чунин шаҳри зебои водӣ табдил ёфтааст. Шоири Сӯхзамин Садриддин Ҳушёрӣ дар бораи шаҳри Фарғона чунин навиштааст:
Атои лутфи яздонат муборак бод, Фарғона
Расиданҳо ба армонат муборак бод, Фарғона.
Нигар, бар хотири номи базебат шеър мегӯям,
Равонам садқа бар ҷонат муборак бод, Фарғона.
Ҳар кас ба ин шаҳр ташриф оварад, ҳатман аз Боғи марказии ба номи Ал-Фарғонӣ, Театри драмаи мусиқии вилоят, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Хонаи афсарон, масҷидҳову ибодатхона, Қасри санъати бо тарҳи наву замонавӣ сохташуда, иморату иншоотҳои маъмуриву фарҳангӣ ва ғайра боздид хоҳад кард.
Фархунда РАВШАНЗОДА,
донишҷӯ.
Вилояти ФАРҒОНА.