Аз суханрониҳои Сарвари давлат Ш. Мирзиёев дар маросими кушодани Маҷмӯаи бузурги ёдгорӣ – Боғи Ғалаба (дар Тошканд) дар Рӯзи хотира – 75-солагии Ғалаба бар фашизм маълум шуд, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ӯзбекистон 6,5 миллион аҳолӣ доштааст.
Аз суханрониҳои Сарвари давлат Ш. Мирзиёев дар маросими кушодани Маҷмӯаи бузурги ёдгорӣ – Боғи Ғалаба (дар Тошканд) дар Рӯзи хотира – 75-солагии Ғалаба бар фашизм маълум шуд, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ӯзбекистон 6,5 миллион аҳолӣ доштааст. Маълумотҳои охир гувоҳӣ медиҳанд, ки ба ҷанг на 1,5 млн. нафар, ки то ин дам мегуфтанд, балки 1 млн. 951000 ӯзбекистониён иштирок кардаанд. Дар ҷанг ҳалокшудагон низ аз 538000 нафар зиёд будаанд, беному нишон рафтагон бошанд, бештар аз 158000 нафаранд. Президент зикр намуд, ки “Ҳар сол дар арафаи 9 май чоп кардани китоби махсус бо санадҳои нави таърихӣ мувофиқи мақсад мебошад”. Ин рақамҳо аз ҷониби Президентамон дар вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия В.Путин дар Маскав дар тадбири 75-солагии Ғалаба бар фашизм низ бори дигар зикр шуд. Китоби “Хотира” (1995) барои мо манбаи муҳиму бебаҳост. Бинобар дигар шудани рақамҳои қурбоншудагони ҷанги ҷаҳонӣ мо ба чунин «китоби махсус» ниёз дорем...
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам
фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту
ман ҳам қаҳрамон...
Муаллифи ин байт шоири ватандӯсту ҷанговар – Ҳабиб Юсуфӣ (04.02.1916-15.02.1946) мебошад, ки мавзӯи асосии ашъораш Ватан буд, на танҳо дар шеъру дар забон, балки дар амал ватандӯстии худро исбот намуда, риштаи умри ҷавонаш дар ҳимояи Ватану манфиати он ҳангоми озодкунии Варшава аз тири фашистон гусаста гардид.
Деҳаи Тиргарону Зархона ҳамчун як ҷузъи мамлакати паҳновари Иттифоқи Советӣ дар ғалаба бар Олмони фашистӣ амалан саҳми худро гузоштаанд. Барои тартиб додани рӯйхати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳони дар фронт қурбоншуда, пирони деҳот ва китоби “Хотира” манбаи ҷустуҷӯҳои асосии мо қарор гирифт.
Аз нақлҳои қиблагоҳам ба ёд мерасад, ки гуфта буданд: “охирҳои тобистони соли 1941 гурӯҳи калони ҷавонони Зархонаро ба деҳаи Лангар оварданд. Дар он ҷо намояндагони шуъбаи мудофиаи ноҳия, аз ҷумлаи русҳо бо либосҳои ҳарбӣ ҳозир буданд, фаъоли маҳалла Раҳмон Азимов тарҷумонӣ мекард. Бо ҳар кадоми мо алоҳида суҳбат намуда, соли таваллудамонро мепурсиданд. Баъзан соли таваллуд аз рӯйи солномаи мусулмонӣ муайян карда мешуд...
Чун фаҳмидаанд, ки соли таваллуди падарам паланг – яъне 1926, модари дардманд ва хоҳарони сесолаю дусолаи ятим доранд, ҳайати комиссия он касро чавоб додааст. Ҳамин тарз ҷавонмардони аз 16-сола болоро ба фронт фиристодаанд. Мутаассифона, қисми зиёди ба майдонҳои задухӯрдҳои ҳарбӣ фиристодашуда, аз тири душман ҳалок ё бедарак шудаанд. Миқдори камашон ба зодгоҳ бо ҷароҳатҳои гуногун баргаштаанд.
Аз рӯйи нақли калонсолону иштирокчиёни ҷанги ҷаҳонӣ маълум шуд, ки аз деҳаи кӯҳистонии Зархона 42 нафар ба фронт фиристода шудаанд, аз онҳо 15 нафар ба диёр баргаштаанд. Қурбоншудагон, бенишоншудагон, барнагаштагон 38 нафарро ташкил медиҳанд. Мо, ворисони имрӯзаву оянда барои ин Ватани озоду рӯзгори обод ӯҳдадорем номи ин қаҳрамононро ба некӣ ёд кунем, зикри хайр намоем! Офаридгор рӯҳашонро аз ворисон шоду маъвояшонро фирдавс гардонад.
Устод Садриддин Айнӣ менависад: чун хуҷандиён ҷасади ҳокими худ Темурмаликро ёфтанд, дар миёнбандаш халтачае буд. Дар он як мушт хок ва хате мавҷуд буда, навишта шуда буд: “Э он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгори Ватани азизи ман аст!”
Байти зерин ҳам буд:
Атри кафан зи хоки Ватан
кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу
ба хок!
Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА,
омӯзгори мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё.