АТРИ ЗАН РАНГАШ АЁНУ БӮЯШ НИҲОН АСТ,

ё худ зебу зинати занони замони Сомониён

Зебу зинат – ашёи ороишӣ, ҷавоҳироти ба санъати заргарӣ офаридашуда ба ҷозибаи занон меафзояд. Онҳо асосан аз тилло, нуқра, ёқут, зумрад суфта мешаванд. Зебу зинати минтақа ва замони гуногун бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд.   
Фаразан, дар замони Сомониён занони бухорӣ барои ба ҳуснашон афзудан зебу зинатҳои гуногунро меовехтанд. Онҳо зебу зинатро дар давраи арӯсӣ ва тӯю маросимҳо меовехтанд. Дар вақтҳои дигар ашёҳои заргарӣ (ангуштарин, дастпона, марҷон, гӯшвора) меовехтанд, ки барои ҳаракати сабук ва чолокӣ халал намерасонд. Гӯшвора, дастпона ва марҷонҳои гуногунро духтарон аз хурдсолӣ меовехтанд, зеро онҳо ҳамчун ороиш ва муҳофизат аз чашми бад хидмат мекарданд. Ҳамчунин, онҳо барои мавриди таваҷҷуҳи дигарон қарор гирифтан ё намоиш додани дороии худ ба ороиши зоҳирӣ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, дар Бухоро аз марҷон, ба сифати ашёи ороишӣ ба таври густурда истифода бурдаанд. Марҷон ҳамчун ороишот ба гардан овехта мешуд. Яке аз марҷонҳое, ки занони бухорӣ ба гардан меовехтанд, тавқ буд. Онро ҳалқавор ба гардан меовехтанд.
Мегӯянд, ки Муқаннаъ ал-Хуросонӣ Ҳошим ибни Ҳаким ба яке аз занҳояш тавқ ҳадя кардааст. 
Занон худро бо иқд низ оро медоданд. Иқд риштаест, ки ба он дурру сангҳои гаронбаҳо кашида мешуд ва онро низ ба гардан меовехтанд. Чуноне ки Ал-Кирмонӣ дар «Ахбор-уд-дувал» қайд кардааст, зани Амир Исмоил ибни Аҳмад, ҳангоми ба сафар баромадан, ба гарданаш иқди гаронбаҳо меовехт.
Зеби гардан низ яке аз зинатҳоест, ки қафаси синаи занонро оро медод. Занони Бухоро худро бо дастпонаҳои тиллоӣ низ оро додаанд. Ҷойи дастпона миёни дасту оринҷ буд. 
Занони бухорӣ оро додани ангуштони худро фаромӯш накардаанд. Вале мо дар манбаъҳои дастрасшуда ба маълумоте, ки занон ангуштони худро бо ангуштарин оро додаанд, дучор наомадем.
Занони Бухоро тибқи мӯди аҳди худ ба бофтану орои мӯй эътибор медоданд. Доир ба ороиши мӯйи онҳо Матаронӣ аш-Шошӣ фармудааст:  «... ба ҳар ҷойе, ки по мениҳод, мӯяш нақши пояшро мебӯсид».
Дар ин кор шонаву оина хидмати беминнат кардаанд. Ҳунармандон аз устухони фил ва дарахти обнус шона сохтаанд. 
Яке аз анвои ороишоти занон ҷисмҳои хушбӯй буд. Хушбӯйиҳо арзиши баланд доштанд. Биноан, барои ба меҳри халифаҳои Аббосӣ афзудан, ба онҳо хушбӯйиҳо тӯҳфа кардаанд. Паёмбари ислом Муҳаммад (а.в.) низ мегӯяд: Атри зан рангаш аёну бӯяш ниҳон. Аксарияти шоирон ба сифати он низ пардохтаанд. Абубакр ал-Хоразмӣ фармудааст: «Кулли хушбӯйиҳо бо нафаси маҳбуба моро табрик мекунанд». Хушбӯйии дигаре, ки мавриди истифода буданд, миск (мушк) мебошад. Ал-Алӣ дар «Ат-Таъзиқ» қайд кардааст, ки он моддаест дар нофи ғизол (як навъи оҳу) пайдо мешавад. Бухоро рӯзгоре дар коркарди миск, ки ба баъзе шаҳрҳои исломӣ интиқол дода мешуд, машҳур гаштааст. 
Бухориён анбарро низ истифода бурдаанд. Тавре ки Ал-Қашқандӣ гуфтааст, он аз сангу чашмаҳо таровида, берун меояд ва дар баҳр ҷамъ мешавад. Агар баҳр дамад, амвоҷ ба хурду бузург тақсим мешаванд ва анбар ба вуҷуд меояд.
Як навъи хушбӯйии дигар уд буд, ки аз равғани дарахт гирифта мешуд. Бухориён аз миск, анбар ва камми фора атр сохта, ба он номи ғолияро додаанд, ки Аз-Зандувистӣ дар «Равзат-ул-уламо» доир ба он маълумот додааст. Мардҳо гоҳо ба риши худ ғолия мемолидаанд.
Новобаста ба давру замон дар фарҳанги либоспӯшӣ ва зебу зинати занон унсурҳои маҳаллӣ ҳифз шудаанд, ки осори он то имрӯз дар зиндагии мо баръало намоён аст.

Комилҷон РАҲИМОВ, 
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии 
ба номи Абурайҳон Берунӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: