Омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоири пуриқтидори форс-тоҷик Фаридуддин Аттори Нишопурӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Ӯзбекистон пас аз истиқлолият ташаккул ва ривоҷ ёфт.
Ӯ ба сифати давомдиҳандаи ашъори орифона дар адабиёти ирфонии Шарқ мақоми сазовор касб менамояд. Таҳлилу таҳқиқи ашъори шоир барои фаҳмиши ғояҳои ахлоқиву ирфонӣ, фалсафиву иҷтимоӣ роҳ мекушояд. Аз замони таълиф то имрӯз ашъори пурмуҳтавои Аттор мавриди омӯзиши пайваста қарор дорад. Бузургтарин шоирони адабиёт, мисли Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Маҳмуди Шабистарӣ, Алишер Навоӣ худро шогирду пайрави Аттор дониста, бузургиву шуҷоати ӯро дар эҷоди асарҳои мондагори адабиву ирфонӣ эътироф кардаанд. Алишер Навоӣ бо осори Аттор алоқаи фаровон доштааст, ки аз хурдӣ «Мантиқ-ут-тайр»-и шоирро муқарраран мутолиа мекард ва дар натиҷа дар охирҳои умр дар пайравии он асари «Лисон-ут-тайр»-ро ба риштаи таҳрир даровардааст. Зеро дар рушди эҷодиёти Алишер Навоӣ асосан ду асари мондагори ӯ «Мантиқ-ут-тайр» ва «Тазкират-ул-авлиё» саҳми сазовор доранд.
Айни замон омӯзиши осори Аттори Нишопурӣ барои ҳар як хонанда лозим аст, зеро таълифоти тамсиливу таълимии шоир барои худшиносӣ, огоҳӣ аз ғановати фарҳангу адабиёти ниёгон мусоидат мекунад. Аттори Нишопуриро аксари мардум чун муаллифи асари «Мантиқ-ут-тайр» мешиносанд, аммо ӯ дар баробари ин асари тамсилӣ даҳҳо асари дигар дорад, ки дар ташаккули адабиёти ирфонӣ аҳамияти алоҳида доранд. Бояд гуфт, ки омӯзиши амиқи осори Аттор барои рушди адабиётшиносии классикӣ дар кишвар аз ҳар ҷиҳат зарур ва айни муддао мебошад. Ба ин боис нашр ва тарҷумаву таҳқиқи осори Аттор дар Ӯзбекистон аз корҳои муҳиме аст, ки барои тарғиб ва густариши адабиёти классикии Шарқ замина фароҳам меорад. Маснавиҳои «Мантиқ-ут-тайр», «Илоҳинома», «Асрорнома», «Панднома», «Булбулнома», «Уштурнома» аз ҷониби шоир ва тарҷумони чирадаст Ҷамол Камол ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидааст, ки дар ҳаёти маънавии мардуми Ӯзбекистон рӯйдоди муҳим гардид. Маснавии «Илоҳинома»-ро устоди фарзона Наҷмиддин Комилов дар баёни насрӣ баргардон намуда, ҳамроҳ бо тадқиқоти «Тавҳид асрори» ба нашр расондаанд. Маснавии «Мантиқ-ут-тайр» бо кӯшиши Н. Комилов ва М. Маҳмудов ба забони ӯзбекӣ баргардон шудааст, ки барои фаҳми мазомини асари мазкур роҳи хонандагонро хеле ҳамвор кард. Ягона асари насрии шоир «Тазкират-ул-авлиё» аввал интихобан, сипас ба таври пурра тарҷума ва нашр гардид. Бадеаи шоир ва тарҷумони уйғур Азизӣ таҳти унвони «Фаридуддини Аттор» аввал дар шумораи 12-уми «Жаҳон адабиёти» (2009), сипас, ба шакли китоби алоҳида аз нашр баромад, ки дар шиносоӣ бо осори Аттор аз аҳамият холӣ нест. Соли 2013 «Атторшунослик» ном асари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Акмал Саидов аз тариқи нашриёти «Шарқ» бадар омада, ба дасти хонандагон расид, ки дар он оиди зиндагӣ дар ҳафт боб осор, шуҳрати ҷаҳонӣ ва фикрҳои дигарон дар мавриди Аттори Нишопурӣ маълумоти фаровон оварда шудааст.
Беш аз 50 нусхаи «Тазкира»-и Аттор дар хазинаи Маркази шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ мавҷуд буда, куҳантарин дастнабишти он соли 1399 аз ҷониби Муҳаммад Шодӣ рӯбардор шудааст. Ҳамчунин, 4 дастнабишти тарҷумаи ӯзбекии асари мазкур, ки аз ҷониби Хоҷашоҳ ибни Сайид Аҳмади Хоразмӣ ба анҷом расидааст, мавҷуд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки асари мазкур дар рушди адабиёти ирфонии форс-тоҷик, махсусан, ҷараёни тазкиранигории орифона бо таъсирпазирӣ аз «Табақот-ус-сӯфия»-и Абдуллоҳи Ансорӣ, «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Абулҳасани Ҳуҷвирӣ , «Рисолаи қушайрия»-и Абулқосими Қушайрӣ нақши босазо гузоштааст. Дар пайравии он минбаъд асарҳои «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Насоим-ул-муҳаббат»-и Алишер Навоӣ, «Сафинат-ул-авлиё»-и Дорошукӯҳ ба миён омад.
Тарҷумаи мақолаи адабиётшинос Тақӣ Пурномдориён дар мавриди маҳорати достоннигории Аттор таҳти унвони «Атторнинг достончилик санъатига бир назар» дар маҷаллаи «Сино» ба забони ӯзбекӣ ба нашр расидааст, ки дар шинохти маҳорати ҳикоянависии шоир муҳим аст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ дар китоби «Тасаввуф алломалари» оиди зиндагӣ ва эҷоди Аттор дар қатори дигар алломаҳои машҳури Шарқ маълумот додаанд. Мақолаи адабиётшинос Маҳкам Маҳмудов таҳти унвони «Аттор ва Навоӣ» ба паҳлуҳои муштараки осори Аттор ва Навоӣ бахшида шудааст. Агар «Мухторнома», «Мусибатнома» ва девони Аттор низ тарҷума ва нашр шуда, ба дасти хонандагон расанд, барои мардуми Ӯзбекистон беҳтарин армуғон хоҳад шуд.
Адабиётшинос Иброҳим Ҳаққул дар пешгуфтори тарҷумаи «Илоҳинома» нақлеро меорад, ки дар бузургдошти Аттори Нишопурӣ аз аҳамияти хоса бархурдор аст: «Нақл мекунанд, Ҷалолиддин тахминан дар 5-солагӣ хоб мебинад, ки як мӯйсафеди нуронӣ барояш як гули шашнавдагӣ ҳадя мекунад. Вақте ин хобро ба падараш Муҳаммад Баҳоуддин Валад нақл мекунад, ӯ мегӯяд, ки «ин ишора ба як китоби шашҷилда навиштани туст». Аҷоибаш ин ки худи мӯйсафед ҳам «То ба гули шашнавдагӣ расидан ин китобро мутолиа кун» гуфта, ба Ҷалолиддин китобе ҳам дода буд. Аз байн чанд сол гузашта, Ҷалолиддин вақте ки бо аъзои оила тарки ватан мекунанд, дар роҳ бо ҳамон мӯйсафед рӯбарӯ шуда, аз дасти ӯ китобро ҳам мегирад. Ин шахс Шайх Фаридуддини Аттор буд, он китоб бошад, «Асрорнома»-и ӯст». («Илоҳийнома», саҳ. 8)
Ҳар касе, ки мехоҳад, бо адабиёти гаронбаҳои форс-тоҷик аз наздик шинос шавад, минҷумла, аз шеъри ирфонӣ ва таҳаввули он дар асрҳои миёна хабардор гардад, бояд ки осори мондагори Шайх Атторро биёмӯзад. Ҳамчунин, гуфтанист, ки барои дарки мазмунҳои ирфониву таълимии осори Балхиву Навоӣ, Ҳофизу Бедил маснавиҳои тамсилии шоир кӯмак мерасонанд. Зеро осори шоир яке аз сарчашмаҳои муҳими эҷодиёти шоирони номбурда ба ҳисоб меравад, ки ба шарҳу таъвили водиҳои тариқат, тавҳид, фақр, зуҳд, тақво, риёзат ва ғайраҳо бахшида шудааст.
Аз мутолиаи осори Шайх Аттор бармеояд, ки афкорашро асосан, таҳти ақидаҳои Муҳаммад Ғаззолӣ ба низом даровардааст. Ғояи ваҳдати вуҷуд аз ҳар як асари ӯ ҳувайдост ва ба сифати шоири сӯфимаоб шеърро василае барои баёни афкори орифонаи худ медонад, ки баёни ақидаҳои нозуки тариқат ба ин васила таъсиргузор мегардад. Дар мавриди шеъру шоирӣ фикрҳои барҷастаи шоир дар асари «Илоҳинома» баён гардидааст, ки боберо махсус дар бобати шеър бахшидааст. Маҳмуди Шабистарӣ яке аз пайравону мухлисони ашаддии Аттор аст, ки дар асари «Гулшани роз» мегӯяд:
Маро аз шоирӣ худ ор н-ояд,
Ки дар сад қарн чун Аттор нояд.
Аттор шоири сермаҳсул аст, шояд ба ҳамин хотир аст, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» осори назмии ӯро наздик ба 250 ҳазор байт медонад. Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат» таъкид мекунад, ки ашъори ӯ тахминан ба 120 ҳазор байт мерасад. Дар байти зерин дар мавриди дар эҷод сермаҳсул будани Аттор ишора шудааст:
Касе к-ӯ чун манеро айбҷӯй аст,
Ҳамин гӯяд, ки ӯ бисёргӯй аст.
Аммо миқдори умумии ашъоре, ки то ба мо дастрас гардидаасту нисбаташ ба Аттор ҳеҷ ҷои тардид надорад, 44732 байтро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи Лутфалибеки Озар дар тазкираи «Оташкада» наздик мебошад. Оиди зиндагӣ ва эҷодиёти Шайх Аттор дар беш аз 60 тазкира маълумот фароҳам шудааст, табиист, ки дар ҳар яке аз онҳо маълумоти гуногун оварда шудааст, масалан, Давлатшоҳи Самарқандӣ миқдори таълифоти Шайхро 40 адад донад, Ризоқулихони Ҳидоят таъкид мекунад, ки ӯ 190 асар навиштааст.
Метавон гуфт, ки осори Аттор дар худшиносӣ ва омӯзиши мероси бузурги фарҳангиву ирфонии мардуми мо аҳамияти хоса дошта, дар рушди адабиёти ахлоқиву ирфонии Шарқ таъсири зиёд дорад, ба ин хотир, тарҷумаву таҳқиқ ва тадқиқи ашъори бузургҳаҷми шоир барои густариши адабиёти тасаввуфӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва омӯхтани онҳо айни муддаост.
Хусрав САЪДУЛЛОҲ.