АВТОБУСҲО ДАР КӮЧАҲОИ ПОЙТАХТ

1. Ҳаракати автобусҳо барқарор гашт. Аҳолӣ мамнун?

1. Ҳаракати автобусҳо барқарор гашт. Аҳолӣ мамнун?
Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ «Дар бораи омодасозии барномаи чораҳо аз рӯи пешгирии ворид ва паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътиборан аз 8 июни соли равон дар ҳудудҳое, ки ба тоифаҳои «зард» ва «сабз» дохил мешаванд, аз ҷумла дар шаҳри Тошканд ҳаракати автобусҳо аз нав барқарор гашт. Инак, баъди танаффуси қариб семоҳа сокинони пойтахт аз яке аз қулайтарин воситаҳои нақлиёти ҷамоатӣ истифода бурда истодаанд. Дар ин муддат автобусҳо аз таъмири пурра бароварда шуданд, ҷои автобусҳои куҳнаро автобусҳои нав гирифтанд. Ҳолати дар роҳҳо баногоҳ вайроншавӣ ва истодамонии автобусҳо, ки барҳам хӯрдааст, аҳолӣ мамнун.

2. «Тошшаҳартрансхизмат»
дар рӯзҳои мо
Дар таркиби Ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» ҷамъ 16 автокорхона мавҷуд, ки аз он 8  саройи автобусӣ, 8 мусофиркашҳои хусусӣ мебошад. Миқдори умумии хатҳои автобусӣ 152-торо ташкил менамояд. Аз инҳо 135 ба саройҳои автобусӣ, 17 маршрут ба корхонаҳои хусусӣ вобаста гардонида шудаанд. Миқдори умумии автобусҳои нақлиётӣ дар пойтахт 1230-торо ташкил менамояд. Рӯзҳои аввали барқарории фаъолияти самтҳои автобусӣ қисми муайяни мусофиркашонҳо аз паи хидмат шуда буданд. Рӯзҳои баъдина автобусҳо пурратар ба фаъолият ҷалб шуданд. «Тошшаҳартрансхизмат» ба кор даровардани ҳамаи 1230 автобусҳои дар ихтиёри саройҳо ва корхонаҳои хусусӣ мавҷудро дар рӯзҳои наздик ба нақша даровардааст.
Инак, мувофиқи талабҳои қароре, ки аз баёни Комиссияи махсус баромада меояд, дар 131 маршрут ҷамъ 1067 автобус ба аҳли пойтахт хидмат мерасонанд.
3. Автобусҳо байни пойтахт ва ноҳияҳои назди пойтахт низ дар ҳаракатанд?
Не. Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бинобар он ки ноҳияҳои Қибрай, Тошканд ва Зангиатои вилояти Тошканд ҳудуди «сурх» эълон шудаанд, ҷамъ 21 самти автобусӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шудаанд.
Бо мақсади таъмини пайдарпай ба манзил расондани мусофирон фаъолияти 3 маршрути автобусӣ  танҳо дар шаҳри Тошканд, дар вазъи надаромадан ба ҳудуди вилояти Тошканд, ташкил карда шудааст.
4. Дар режими ҳаракатҳо тағйирот ҳаст? Карантин чиро тақозо мекунад?
Тағйирот ҳамин ки мувофиқи режиме, ки комиссияи махсус салоҳ шумурдааст, ҳаракати автобусҳо аз соати 6-и субҳ то 22 давом мекунаду халос. Карантин, албатта, риояи қатъӣ ба низоми ҷоришударо тақозо менамояд. Аз ҷониби роҳбарони ҳамаи саройҳои автобусӣ дар истгоҳҳои охирини тамоми самтҳо навбатдории дусменагӣ ташкил карда мешавад. Дар истгоҳҳои охирин ба таври доимӣ автобусҳо қабл аз ба ҳаракат даромадан ҳатман дизинфексия карда мешаванд. Ронандагон бо ниқоб ва дастпӯшакҳои тиббӣ таъмин мегарданд ва онҳоро ба таври мунтазам дар вақташ иваз менамоянд. Ба салони автобусҳо ҳамонҳое роҳ дода мешаванд, ки ниқоби тиббӣ доранд.
5. Миқдори роҳкиро тағйир ёфтааст?
Миқдори роҳкиро тағйир наёфтааст (як ҳазору чорсад сӯм). Бинобар пандемияи коронавирус ҶС «Тошшаҳартрансхизмат» ба мизоҷон боз як қулаиро дар пардохти роҳкиро ҷорӣ намуд. Бо мақсади коҳиш додани пардохти роҳкиро дар шакли пули нақд ва бо ин роҳ пешгирии роҳи васеъ паҳншавии инфексия тақсими ройгони картаҳои электронӣ ба роҳ андохта шуд.
Барои ин бояд ба шохобчаҳое, ки дар шаҳр ба савдои чиптаҳои моҳона машғуланд, муроҷиат намуд. Ба ивази 10 ҳазор сӯм картаро дастрас кардан мумкин. Аммо шумо метавонед ин миқдорро ба картаатон бор карда (ворид сохта), чун роҳкиро ба кор баред. Оянда ба карта миқдори дилхоҳатонро бор ва аз он истифода бурданатон мумкин.
6. Мақбулгардонӣ дар ҷадвали ҳаракатҳо
Тавре аз маркази матбуоти ҶС «Тошшаҳартрансхизмат» ба мо маълум карданд, ҷуғрофияи пештараи ҳаракати автобусҳои шаҳрӣ алҳол тағйир наёфтааст. Вале азбаски ояндаи наздик самтҳои нав дар метро ба вуқӯъ омада ва ба ҳаракати метро низ рухсат дода мешавад, барои он ки ҳаракатҳои ду нақлиёт такрор наёбанд, дар қисмате аз 131 маршрути автобусӣ ихтисоршавӣ рӯй медиҳад. Бо ифодаи дигар, масъулони «Тошшаҳартрансхизмат» имрӯзҳо дар болои лоиҳаи мақбулгардонии ҳаракатҳо кор мебаранд.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: