Миқдори аввалини автобусҳои шаҳрии пастфаршаи русуми SAZ LE60, ки дар заводи автомобилии Самарқанд истеҳсол мешавад, ба ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» супурда шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат баргузор гардид, ходимони масъули паркҳои автобуси пойтахт ва ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» иштирок карда, бо ҷараёни истеҳсоли автобуси мазкур шинос шуданд.
Дар чорабинӣ оиди имконияти техникӣ, қоидаҳои истифодабарӣ аз нақлиёти мазкур ва қулаиҳое, ки барои ронандаву мусофирон фароҳам оварда шудааст, маълумоти муфассал дода шуд.
– Автобуси мазкур маҳсули аввалини зеҳнии конструкторони завод, яъне бренди миллӣ ба шумор меравад,–гуфт директор оид ба масъалаҳои техникии заводи автомобилии Самарқанд Ҳ. Қобилов. – Автобус барои роҳҳои дохилии шаҳр пешбинӣ шуда, бо паст будани фаршаш, поён шудани шассӣ дар баромада фуромадани мусофирон, яъне мавҷуд будани низоми «книлинг», кондитсионер ва имкониятҳои изофавӣ барои ногироҳо ҷудо шуда меистад. Автобус барои 56 мусофир буда, дар он 25 нишастгоҳ ва двигатели ISUZU, ки ба талаботи экологии «Evro-4» ҷавоб медиҳад, насб гардидааст.
Нақлиёти мазкур, ки аз соли 2014 истеҳсол мешавад, ҳоло дар асоси фармоиш ба Русия, Қазоқистон ва Гурҷистон расонда мешавад. Баробари ин, дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд аз санҷиш гузашта, харид мешаванд.
– Мо якто SAZ LE60 харида, дар давоми 4 сол аз санҷиш гузарондем, – гуфт ходими ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «3-автобус саройи»-и шаҳри Тошканд Ғ. Мирзоев. – Дар давоми ин муддат имконияти техникӣ ва қулаиҳои он барои мусофирон омӯхта шуда, оиди камбудиҳо таклифҳои заруриро пешкаш намудем, чораҳои такмил додани он андешида шуд. Санҷиш бомуваффақият гузашт. Акнун 10-то автобус хариданием.
Мувофиқи шартномаи байни заводи автомобилсозии Самарқанд ва ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» завод соли ҷорӣ барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт расонда додани 80-то автобусро ба нақша гирифтааст. Соли 2019 бошад, ҳаракати боз 200-то автобуси SAZ LE60 дар кӯчаҳои пойтахт ба роҳ монда мешавад.
Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.