АВВАЛ ДАРСИ МАКТАБ, СОНӢ ДИГАР...

Карим баъди дарс ба хонааш мерафт.

Ӯ ташнаи илму дониш аст ва шарикони аълохонаш низ хеле зиёд. Аз бесарусомониҳои бархе ҳамсинфонаш ба ваҷд омада, ба андешае банд шуд: аҳли синфамон дар дарс аълохону хушахлоқ буданд. Рӯзҳои охир чун раиси маҳалла сермуаммо менамоянд, лек муаммое надоранд. Вақти таълими ибтидоӣ аз 25 нафар қариб 20 нафар бо баҳои аъло мехондем. Дар хондан ва мусобиқаҳо пешсаф будем. Имрӯзҳо бо кадом сабаб бошад, ки вазъият аз баландӣ ба пастӣ чун тӯби ғелон меравад. Яъне, аксаран ба дарсҳо бетайёрӣ меоянду хоҳиши шунавандагӣ надоранд. 
Ҳамин дам аз мағозаи маҳалла муаллими адабиёт намоён шуд. Аз устодамон пурсам, канӣ, чӣ сабаб бошад? Дарҳол вохӯрду вақти суҳбат гапи муаллимро бурида саволашро гуфт:
– Устод, сабаби ба дарсҳо беэътибор будани ҳамсинфонро дар чӣ мебинед?
– Албатта, яке аз омилҳои пастравии дониши насли наврасамон олами интернет асту навозишҳои беасоси пайвандон. Чунки донишомӯзони баъзе муассисаҳои таълимӣ қобилияти шунавандагӣ надоранд. Ба ном мактаб меоянду чун ҳайкал дар дарс иштирок мекунанд. Фақат ва фақат ёду ҳушашон дар телефону интернет. Лоақал аз телефону интернет дар сатҳи меъёри муайян истифода карда, натиҷае ба даст наоварданд. Гӯё «телефонбозӣ» асоси ҳаётро ташкил мекунаду нон медиҳад. На, агар ба олами интернет ба мақсади хуб ворид нагардем, зарбаи сахту хатар моро интизор аст. Ин зарбаро табобат кардан хеле душвор, ки аз таъсири манфии он одам бераҳм ҳам мешудааст. Зеро ин ҳол миллату халқро аз қадриятҳои миллӣ дур ва кӯр карда истодааст. Масалан, бемақсад соатҳо тамошо кардани лавҳаҳои бемантиқ ва худдорӣ аз китобхонӣ. Ё ин ки духтарҳои синфҳои болоии мактабро баъзе волидон сарбанд мекунанду ақлу ҳуши онҳо аз дарс рӯ мегардонад. Дар айни ҳол духтар суратан донишомӯз, лек сиратан ӯ ба оилабунёдкунӣ, хаёлҳои хоми печони он банд. Ин ҳаракати бархе аз ҳамзамононамон, мутаассифона, ба заҳролудшавии дигарон низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба фикрам, комилан тарбия нагирифта дигар ҷамъиятро тарбия кардан амри муҳол  аст. Ногуфта намонад, ки айёми мактабхонӣ аввал дарси мактабӣ, сонӣ дигар корро роҳандозӣ кардан наҷот ва саодати олам аст, – гуфт муаллими адабиёт.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: