Донишгоҳи байналмилалии «Binary» дар шаҳри Урганҷ аз оғози даъвати довталабон барои қабул ба бакалавр ва магистр хабар дод.
Донишгоҳи байналмилалии «Binary» дар шаҳри Урганҷ аз оғози даъвати довталабон барои қабул ба бакалавр ва магистр хабар дод.
Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон дар Малайзия, ҳуҷҷатҳо то 12 ноябр қабул карда мешаванд.
Дар натиҷаи созишномаҳо байни сафорати кишварамон, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, ҳокимияти вилояти Хоразм ва Донишгоҳи менеҷмент ва соҳибкории «Binary»-и Малайзия ва мувофиқи қарори Ҳукумати Ӯзбекистон дар шаҳри Урганҷ Донишгоҳи байналмилалии «Binary» таъсис дода шуд.
Ин муассисаи олии таълимӣ нахустин донишгоҳи хориҷӣ дар вилояти Хоразм аст. Барномаҳои таълимӣ ва дипломҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Ӯзбекистон ва Малайзия эътироф шуданд.
Бояд қайд кард, ки Донишгоҳи хусусии «Binary», ки соли 1984 таъсис ёфтааст, яке аз донишгоҳҳои махсуси Малайзия барои тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ ва таълими соҳибкорӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба таҷрибаи касбӣ мебошад.
Таъсиси Донишгоҳи байналмилалии «Binary» дар Урганҷ ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои серталаби иқтисодиёт бо роҳи ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Малайзия ва иштироки фаъолонаи ҳайати профессорию омӯзгории ин донишгоҳи хориҷӣ дар раванди таълим мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи асосгузор ва ректори Донишгоҳи «Binary» Ҷозеф Адайкалам, Ӯзбекистон ба «маркази таълим» табдил меёбад ва тавсеаи фаъолияти Донишгоҳи Малайзия дар қаламрави ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки роҳбарияти «Binary» мебошад, ки ба донишгоҳ имкон медиҳад, ки ба Осиёи Марказӣ имкониятҳои васеъ ва «дарҳо»-ро боз кунад.
Дар робита ба ин, Донишгоҳи байналмилалии «Binary» -и Урганҷ аз оғози ҷалби довталабон барои дохил шудан ба бакалавриат (4 сол) бинобар самтҳои «менеҷменти тиҷорат», «маркетинг», «технологияҳои иттилоотӣ», « ҳисоби муҳосибӣ» ва «соҳибкорӣ», инчунин магистратура (2 сол) аз рӯи ихтисосҳои «технологияҳои иттилоотӣ» ва «идоракунии менеҷмент» хабар дод..
Имтиҳони вуруди бакалаврҳо ва магистрҳо 17 ноябри соли 2020 баргузор мешавад. Оғози соли таҳсил 30 ноябри соли 2020 ба тариқи онлайн ба нақша гирифта шудааст.
АИ «Дунё»,
КУАЛА ЛУМПУР.