АВВАЛИН КИТОБҲО АЗ ҲАЗОР КИТОБ БАРОИ ҶАВОНОН

Охири соли гузашта қарори Президент «Дар бораи чораҳои ба амал баровардани лоиҳаи «Ҳазор китоб барои ҷавонон» ба имзо расида буд.

Мувофиқи он беҳтарин ҳазор китоби дунё бояд интихоб ва ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда  шавад.


Рӯйихати китобҳо аз ҷониби Шӯрои экспертҳо иборат аз олимони варзидаи  соҳаҳои илму фан, маданият, санъат ва адабиёт, ҳамчунин мутахассисони пешбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ва Кумитаи корҳои динӣ давра ба давра мураттаб гардонда мешаванд. Дар интихоби беҳтарин китобҳо аҳолӣ низ бо роҳи овоздиҳӣ метавонад иштирок намояд. Ҳуқуқ доир ба тарҷима ва чопи асарҳо ба тасарруфи Агентии кор бо ҷавонон дода шудааст. Нусхаҳои электронии китобҳое, ки ба нашр расидаанд, дар вазъи  созиш бо ҳуқуқи муаллифӣ ба  Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва китобхонаҳои сохтори Академияи фанҳо беғаразона тақдим карда мешавад.
Инак, аввалин китобҳо аз ҷониби нашриётҳои гуногун аз чоп баромаданд ва ба дасти ҷавонон расиданд. Онҳо асосан асарҳои илмӣ-оммавии эътирофшуда мебошанд.

 

САНҶИШҲОИ АТТЕСТАТСИОНӢ БАРОИ ПЕДАГОГҲОИ ЛИТСЕЙ ВА ТАЪЛИМИ КАСБ

Барои омӯзгорони литсейҳои академӣ ва муассисаҳои таълими касбӣ санҷишҳои аттестатсионӣ оғоз ёфт. 

Санҷишҳо рӯзе дар ду баст (аз соати  10 то 12 ва аз соати 14 то 16) гузаронида мешаванд. Маълумотҳо доири объектҳое, ки дар онҳо санҷиш мегузарад, дар сайтҳои сохтор ҷойгир сохта шудаанд. Рафти санҷишҳоро, ки пурра таҳти видеоназорат буда, ба тарзи онлайн транслатсия мешавад, ба тарзи онлайн назорат кардан мумкин.
Санҷишҳо то 24 май давом мекунанд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: