АВВАЛИН ҚАҲВАХОНАИ ОЛМОНӢ — РӮНАМОИ НАВИ БУХОРО

Сомонаи иттилоотии «UzbekistanOnline» (Мюнхен/Олмон) ошносозии хонандагони худро бо зиёратгоҳҳои сайёҳии Ӯзбекистон идома медиҳад.

Сомонаи иттилоотии «UzbekistanOnline» (Мюнхен/Олмон) ошносозии хонандагони худро бо зиёратгоҳҳои сайёҳии Ӯзбекистон идома медиҳад.
Мақолаи навбатии пурмуҳтаво, ки дар захираҳои навгониҳо чоп шудааст, дар бораи фаъолияти аввалин қаҳвахонаи олмонии «Wishbone» дар Бухоро ҳикоя мекунад. Онро рассом ва веб-ороишгари Олмон, хонум Гертруда Шренк кушодааст. 
Дар матолиб хонуми ҷавони соҳаи тиҷорат дар бораи лоиҳаи нодири хеш нақл мекунад. 
Бинобар суханони Гертруда Шренк ӯро меҳру муҳаббаташ ба табиати Ӯзбекистон ба Бухоро овардааст, дилгармӣ ба қаҳваи табиӣ бошад, боиси кушодани қаҳвахонаи нахустин дар ин шаҳри бостонӣ гардид. Тӯли шаш соли охир вай дар Ӯзбекистон бо ин тиҷорат машғул мебошад. 
Қаҳвахона бо рангу ороишоти анъанавии Бухоро зебу зиннат ёфтааст. Дар он ҳамчунин гӯшаи олмонӣ низ ҳаст, ки ба ин ҷо донишҷӯёни факултаи филологияи немисӣ барои он ки сайёҳон бо забони модарии худ нафақат бо роҳбалад, балки бо ҷавонони шаҳр низ суҳбат кунанд, меоянд. 
«Wishbone» – айнан маънои «устухони орзу»-ро дошта, устухони сари синаи парранда мебошад, ки рамзи омад шумурда мешавад. Онро бояд дукаса шикаст ва чизеро орзу кард, агар дар дасте қисмати дарозтари устухон монад, орзу амалӣ мегардад. Ин вожа танҳо дар забони англисӣ мавҷуд мебошад, ман мехостам, ки сайёҳоне, ки орзу мепарваранд, қаҳваи хубро дар муҳити мусоид бинӯшанд ва орзуи худро дар қаҳвахонаи мо амалӣ карда тавонанд», – мегӯяд Гертруда Шренк. – Қаҳвахона дар қисмати шаҳри куҳнаи Бухоро, дар иморати асри XVI, ки иқлими махсус дорад, ҷойгир шудааст. Ин ҷо дар рӯзҳои гармтарин низ салқин аст. Ҳудуди васеъ дорад, яъне меҳмонон метавонанд баҳузур ҷойгузин шаванд ва аз қаҳваи хушбӯ лаззат бубаранд. 
Бо назардошти имкониятҳои зиёди сайёҳии шаҳр, асосгузор ва соҳибаи қаҳвахонаи олмонӣ муътақид аст, ки тиҷорати ӯ дар Бухоро муддати мадид идома хоҳад ёфт.
«Роҳбаладон ва меҳмонони шаҳр барои нӯшидани қаҳва омада, миҷозони доимии мо мегарданд. Ман барои он ки меҳмонони ҳарчи бештарро ҷалб намоям, ба фирмаҳои сайёҳӣ нома ирсол кардам, дар бораи қаҳвахонаи худ маълумот додам. Коргузорони сайёҳӣ ва роҳбаладҳо чун пай бурданд, ки ба миҷозонашон қаҳва писанд аст, бинобар ин дар барномаҳои худ боздид аз қаҳвахонаро ворид намуданд. Қаҳвахона ин шуғли дӯстдошта ва кори писандидаи ман мебошад. Дар ҳаёт пул чизи муҳим нест. Ба Wishbone одамони гуногун аз тамоми ҷаҳон меоянд, дар байни онҳо рассомон, шоиру нависандагон, тоҷирон ва ғайра ҳастанд. Ҳар кадоми онҳо шахсияти нодир мебошанд, мулоқот бо эшон ба ман қаноатмандии бузург мебахшад. Онҳоро муҳаббат ба қаҳваи ҳақиқӣ ва меҳр Бухорои зебо муттаҳид менамояд. Барои ман ин хеле муҳим аст, таъкид мекунад «олмонии бухороӣ». 
Минбаъд Гертруда Шренк ният дорад фаъолияти худро дар Ӯзбекистон вусъат диҳад, дар Самарқанд ва дигар шаҳрҳои таърихии ҷумҳурӣ қаҳвахонаҳои худро боз намояд. 

АИ «Дунё».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: