Аввалин рейси мустақими чартерӣ бо сайёҳон аз Тель-Авив ба Самарқанд парвоз кард

Имрӯз дар таърихи равобити ҳавоии байни Ӯзбекистон ва Исроил дар масири Тел-Авив — Самарқанд парвози чартерӣ кушода шуд, хабар медихад мухбири АИ «Дунё».

Парвозро ширкати хусусии ҳавопаймоии «Qanot Sharq» анҷом медиҳад. Лайнер бо 150 мусофир соати 10:10 ба вақти Тел-Авив (12:10-и Тошканд) парвоз карда, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ба Самарқанд мерасад.

Ширкати ҳавопаймоӣ фаъолияти худро соли 1998 оғоз кардааст. Дар тамоми ин солҳо ширкати ҳавопаймоӣ пай дар пай инкишоф ёфт — садҳо рейси ҳавоии боркашонӣ ва мусофиркашониро бомуваффақият ба ҷо овард.

Имрўз ширкати ҳавопаймоии «Qanot Sharq» соҳиби чор ҳавопаймо мебошад, ки на танҳо парвозҳои дохилӣ, балки байналмилалиро низ амалӣ мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи парвоз Сафири Ӯзбекистон дар Исроил Ферӯза Маҳмудова, инчунин намояндагони доираҳои расмии Исроил, доираҳои ҷамъиятӣ ва   тиҷоратии ин кишвар ширкат доштанд.

Аз моҳи феврали соли 2018 Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Исроил ба муддати то 30 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст. Дар соли 2022 ба кишвари мо тақрибан 12 ҳазор сайёҳи исроилӣ ташриф оварданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: