АВВАЛИН РӮЙХАТИ ДАСТНАВИСҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, КИ ДАР МАЛАЙЗИЯ НИГАҲДОРӢ МЕШАВАНД, ТАРТИБ ДОДА ШУД

Олимони Ӯзбекистон ва Малайзия корро бинобар ҷустуҷӯ ва ба рӯйхатдарории осоре, ки ба Ӯзбекистон тааллуқ доранду нафақат дар Малайзия, балки дар кишварҳои Индонезия, Сингапур, Бруней, Филиппин, Ветнам, Камбоҷа ва Таиланд нигаҳдорӣ мешаванд, идома медиҳанд.

Дар Донишгоҳи байналхалқии исломии Малайзия (International Islamic University Malaysia – IIUM) рӯйхати дастнависҳои арабии олимони Ӯзбекистон ва Мовароуннаҳр, ки дар Китобхонаи Сайид Муҳаммад Нақиб Аттоси Малайзия нигаҳдорӣ мешаванд, созмон дода шуд. Рӯйхат дар бораи 150 осори дастнавис бинобар 20 самт, ки ба ҳуқуқи исломӣ, илмҳои динӣ, ҳадис, мантиқ ва саҳву наҳви забони арабӣ алоқаманданд, маълумот медиҳад.
Дар ин бора дар машварати онлайни вобаста ба мавзӯи «Дастнависҳои Ӯзбекистон ва Мовароуннаҳр, ки дар Малайзия нигаҳдорӣ мешаванд» сухан рафт, ки бо кумаки сафоратхонаи мамлакати мо дар Куала-Лумпур ташкил гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони илмии муассисаҳои илмиву тадқиқотии ду мамлакат ширкат варзиданд.
Дар машварат мудири кафедраи Донишгоҳи байналхалқии исломии Малайзия, профессор Муҳаммад Сайид, ки дар мавзӯи «Дастнависҳои олимони Ӯзбекистон ва Мовароуннаҳр», ки дар кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ қарор доранд, корҳои тадқиқотӣ мебарад, ба сифати иштирокдори барномаи байналхалқии стипендияи ба номи Имом Бухорӣ маърӯза кард.
Дар машварат ба чораҳои маҷмӯӣ оид ба омӯхтан, ҳифз кардан ва пешбурди мероси ғановатманди тамаддуни исломӣ, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, баҳои баланд дода шуд. Муҳаммад Сайид мероси ғановатманди зеҳнии олимон ва мутафаккирони Осиёи Марказиро, ки дар бисёр соҳаҳои дониши инсоният саҳми беқиёс гузоштаанд, махсус таъкид намуд. Аз ин ҷиҳат муҳимияти омӯхтан ва ба рӯйхат гирифтани дастнависҳои нодире, ки ба таърихи минтақа дахл доранд, таъкид гардид.
Бинобар натиҷаи чорабинӣ дар бораи татбиқ намудани тарҷумаи рӯйхати созмондодашуда ба забони ӯзбекӣ ва омӯхтани масъалаи ба роҳ мондани нусхаи факсимили маълумоти нодири нашрҳо ва тарҷумаи дастнависҳо ба забонҳои дигар муоҳида ба имзо расид.
Ҷонибҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки ба идома додани кор бобати ҷустуҷӯ кардан ва ба рӯйхат гирифтани дастнависҳои вобаста ба Ӯзбекистон дар китобхонаҳои дигари Малайзия ва кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ, аз ҷумла Индонезия, Сингапур, Бруней, Филиппин, Ветнам, Камбоҷа ва Таиланд идома медиҳанд.

АИ «Дунё»,
КУАЛА-ЛУМПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: