Коршиносони хориҷӣ дар бораи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ
Сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Арабистони Саудӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалии соҳибкорӣ ва коршиносӣ қарор дорад. Аксари шореҳон бо он ҳамақидаанд, ки ду давлат барои рушди ҳамкориҳо имконоти бузурги истифоданашуда доранд ва тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафар ҳосил шудаанд, аз иродаи баланди сиёсии сарони ду давлат барои ҳамаҷониба густариш додан ва таҳкими ҳамкориҳо шаҳодат медиҳанд.
Профессори Донишкадаи илмҳои сиёсии Полша Станислав СУЛОВСКИЙ:
– Ба назари мо сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон аз нигоҳи стратегӣ муҳим аст. Самти осиёӣ ва шарқии сиёсати хориҷӣ, ки махсусан вақтҳои охир ба мушоҳида мерасанд, барои Ӯзбекистон мисли самти аврупоӣ ва ғарбӣ муҳим аст. Мувозинати бомуваффақияти Ӯзбекистон дар асоси сиёсати хориҷии гуногунҷанба, хусусан дар ин айёми аз нуқтаи назари геосиёсӣ мураккаб аллакай натиҷаҳои мусбат мебахшад.
Ӯзбекистон тайи солҳои охир рушди хуби иқтисодӣ нишон медиҳад ва кишвар метавонад дар рӯзҳои наздик муваффақиятҳои як қатор кишварҳои Осиёро, ки иқтисодиёташон феълан дар қатори 50 кишвари беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, такрор кунад.
Мо саъю кӯшишҳои бомуваффақияти Президент Шавкат Мирзиёевро барои нигоҳ доштани қудрат ва устувории Ӯзбекистон, то ки кишвар бехавф бошад, мушоҳида менамоем. Арабистони Саудӣ дар ҷанбаи геосиёсӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ натанҳо аз лиҳози энергетикӣ, балки аз нигоҳи таҳкими субот дар минтақаи дар ҷаҳон муҳим ҷойи хеле намоёнро ишғол мекунад.
Илова бар ин, раҳбарони ду кишвар тавонистанд ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳо дар як қатор самтҳои муҳим ноил шаванд. Аз ҷиҳати молиявиву сармоягузорӣ Арабистони Саудӣ чи хеле, ки ҷамъбасти аввали сафар тасдиқ менамояд, аз иштироки фаъол дар бозори Ӯзбекистон манфиатдор аст. Имзои бастаи лоиҳаҳои сармоягузории чандмиллиарддолларӣ барои татбиқ дар Ӯзбекистон муваффақияти бесобиқа барои Тошканд аст.
Иқтидори ҳамкории ду кишвар хеле қавӣ аст. Ҳамкорӣ метавонад дар дигар соҳаҳои сохтмони саноатӣ, металлургия, энергетика, технологияҳои олӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва сайёҳӣ инкишоф ёбад.
Ӯзбекистонро бо натиҷаҳои ин сафари таърихӣ ва умуман муваффақиятҳои назаррас дар сиёсати хориҷӣ муборакбод менамоянд.
Корманди илмии Донишкадаи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Ли ҶУЙСИ:
– Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ташаккули шароити мусоидтарини беруна барои татбиқи босамари ислоҳоти ҷорӣ дар кишвар ва равандҳои динамикии навсозии ҷомеа ва иқтисодиёт мебошад.
Дар ин росто сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ ба густариши минбаъдаи уфуқҳои ҳамкории байни Тошканд ва минтақаи Шарқи Наздик, ки дар он ҷо Арабистони Саудӣ нақши муҳим мебозад, хидмат мекунад.
Дар навбати худ рушди ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон, ки имрӯз ба иштирокчии фаъоли равандҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил меёбад, яке аз давлатҳои калидӣ дар минтақаи Авруосиё маҳсуб ёфта, ба манфиатҳои дарозмуддати Ар-Риёз ҷавобгӯ аст.
Равобити чандинасраи таърихӣ, наздикии фарҳангӣ, арзишҳои муштарак ва урфу одатҳои шабеҳи ду кишвар низ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистони Саудӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Далели дар тӯли панҷ соли охир то ба 38 адад афзудани миқдори корхонаҳо бо иштироки сармояи Саудӣ дар Ӯзбекистон ва 4,2 баробар афзоишро нишон додани он дар бораи мавҷуд будани тамоми шароит барои фаъолгардонии минбаъдаи ҳамкории амалӣ далолат медиҳад.
Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ имкониятҳои васеъ доранд. Пурра истифода бурдан аз ин иқтидор, афзудани мубодилаи сайёҳӣ самараи калони иқтисодӣ мебахшад. Сода гардондани расмиёти раводид барои шаҳрвандони шоҳигарӣ аз ҷониби Ӯзбекистон қадами муҳим дар ин самт буд, ки боиси афзоиши чандинкаратаи гардиши сайёҳӣ мегардад.
Ҳуҷҷатҳои муҳими дар доираи сафар имзошуда ба рушди ҳамкории бисёрҷанба байни ду давлат, амиқсозии муносибатҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Арабистони Саудӣ таҳрики нав мебахшад.
Раиси гурӯҳи ширкати «Pairstech/Aleph Finance/Chapterhouse Capital London UK Ваҳид ҚАЙСАР» (Британияи Кабир):
– Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ имконияти хубест барои баррасии имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияҳои олӣ, инноватсия, соҳибкорӣ ва иқтисодиёти сабз.
Муттаҳид намудани саъю кӯшиши ҳар ду давлат дар стратегияи ягона метавонад натанҳо барои Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ нафъи назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварад.
Умедворам, ки ҷонибҳо инчунин метавонанд дар бораи талошҳои муштарак барои ҳалли мушкилот, аз қабили тағйирёбии иқлим, саломатии аҳолӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ба мувофиқа расанд. Ин самтҳо натанҳо равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоягузории кишварҳои мусулмониро таҳким мебахшад, балки имкон медиҳад, ки дар бораи мушкилоти исломофобия, ки ҷомеаҳои мусулмон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон рӯ ба рӯ ҳастанд, табодули назар кунанд.
Барои вусъат додани равобит дар кишоварзӣ, аз он ҷумла тавассути таъсиси ҷойҳои зиёди корӣ имконияти зиёд мавҷуд аст. Ӯзбекистон бо меваҳои тару тоза, сабзавот ва меваҳои хушки аълосифаташ дар тамоми ҷаҳон машҳур аст ва албатта, сокинони Арабистони Саудӣ мехоҳанд тамоми сол маҳсулоти Ӯзбекистонро дар рафҳои мағозаҳои худ бубинанд.
Боз як самти муҳим роҳандозии сайёҳии зиёратӣ аз Арабистони Саудӣ дар Ӯзбекистон, ки олимони ба ҷаҳон машҳур – Имом ал-Бухорӣ, Имом Мотурудӣ, Ибни Сино ва дигарон истиқомат кардаанд, метавонад гардад. Ба ғайр аз ин, Ӯзбекистон омода аст барои сармояи бевоситаи хориҷии Арабистони Саудӣ бо пешниҳоди имтиёзҳои қулайи андоз шароити мусоид фароҳам оварад.
Аввалин сафари роҳбари Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ дар тӯли сӣ соли охир бешубҳа барои Тошканд ва Ар-Риёз дар тамоми соҳаҳои муносибатҳои дуҷониба уфуқҳои нави ҳамкориро мекушояд.
Директори иҷроияи ширкати «AlphaGroup» асосгузори намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон дар Малайзия Далия АЛКАТИРӣ:
– Сафари аввалини давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Арабистони Саудӣ бешубҳа ба боз намудани имкониятҳои нави васеъ барои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба байни Тошканд ва Ар-Риёз мусоидат менамояд. Ҷамъбасти музокирот дар сатҳи олӣ, ки муштаракоти нуқтаи назар ва саъю кӯшишҳоро намоиш доданд, инчунин Изҳороти муштарак дар бораи минбаъд васеъ гардондани муносибатҳои шарикии васеъмиқёс байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ин далолат медиҳанд. Дар баробари ин бояд таъкид кард, ки ҳар ду мамлакат барои роҳандозии алоқаҳои байни доираҳои тиҷоратӣ, зиёд гардондани ҳаҷм ва диверсификатсияи сохтори савдои байниҳамдигарӣ имкониятҳои калон доранд. Шартномаҳо ба беш аз 14 миллиард доллар дар соҳаҳои энергетикӣ, кимё, электротехникӣ, оид ба рушди инфрасохтор, кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, ки бинобар ҷамъбасти ҷамъомади навбатии Шӯрои соҳибкории Ӯзбекистону Арабистони Саудӣ ба имзо расиданд, мисоли равшани ин мебошанд. Дар ҷанбаи мазкур бояд таъкид кард, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид барои вуруди шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба ин кишвар яке аз иқдомҳои муҳим барои фаъолсозии равобити тиҷоратии ду кишвар аст.
Боварӣ дорам, ки созишномаҳое, ки дар натиҷаи сафари давлатии раҳбари Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ ҳосил шудаанд, ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд ба манфиати халқҳои ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Муовини раис, директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии нафти Ҷопон, собиқ сафири Ҷопон дар Ӯзбекистон Фумихико КАТО:
– Мустаҳкам кардан ва васеъ гардондани ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ барои истиқрори сулҳ, таъмини субот ва рушди иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим буда, аҳамияти хоса дорад.
Ҳар ду кишвар ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Шарқи Наздик дар масъалаҳои сиёсати минтақавӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла танзими ба истилоҳ «мушкилоти Афғонистон» нақши муҳими пешбаранда мебозанд.
Қобили зикр аст, ки ҳар ду кишвар барои Ҷопон шарикони хеле муҳим ба шумор мераванд, зеро бо Ӯзбекистон шарикии стратегӣ барқарор шуда бошад, чил дар сади ҳаҷми умумии нафти аз хориҷӣ харидоришаванда аз Арабистони Саудӣ ворид карда мешавад.
Ҷопон якҷоя бо ҳукуматҳои ин кишварҳо ба Афғонистон кумак мерасонад. Ба рушди соҳаи кишоварзӣ, такмил додани сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани трансафғонӣ, инчунин дар соҳаи захираҳои табиӣ ва энергия кумак мерасонад.
Изҳори умедворӣ мекунам, ки натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони ду кишвар як навъи пойдевор барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ хоҳад буд.
АИ «Дунё».