АВВАЛИН СВЕТОФОРИ САДОДИҲАНДА ДАР САМАРҚАНД

Бори аввал дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд барои фароҳам овардани шароити мусоид ба пиёдагардони нобино «светофори садодиҳанда» гузошта шуд.

Бори аввал дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд барои фароҳам овардани шароити мусоид ба пиёдагардони нобино «светофори садодиҳанда» гузошта шуд.
– Гурӯҳи корие, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст, ҷиҳати расонидани кумак ба мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино ва хирабин нақшаи чорабиниҳоро таҳия кардаааст, – гуфт сардори хидмати ахбори Вазорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд Ҷ.Саъдуллоев. – Дар ин асос дар вилоятамон корҳои муайян ба ҷо оварда мешаванд. Чанде пеш сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят бо фаъолияти мактаб-интернати 59-уми махсусгардонидашудаи кӯдакони нобинои шаҳри Самарқанд ошно гардида, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат кард. Зимни суҳбат онҳо дар бораи душвориҳое, ки ҳангоми аз роҳи сермошин гузаштан пеш меояд, сухан ба миён оварда, дархости кумак карданд.
«Светофор»-и садодор, ки аз ҷониби раёсати корҳои дохилии ҳаракати роҳ гузошта шудааст, пиёдагардҳоро огоҳ мекунад, ки кадоме аз чароғакҳо фурӯзон аст ва онҳо метавонанд ҳаракат кунанд ё накунанд.
–Аз назди мактабамон гузаштан барои мо осон набуд, – мегӯяд муаллими мактаб-интернат Зокир Маҳаматов. –Зеро то ин дам садои мошинҳоро шунида, наздик ё дур будани онҳоро тахмин карда, аз роҳ мегузаштем. Ин светофор барои мо ва хонандагон дари имкониятҳоро кушод.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: