Аввалин шумораи рӯзнома таҳти унвони «Овози тоҷики камбағал» 25 августи соли 1924 бо ташаббуси Кумитаи марказии фирқа ҳамчун «ҷаридаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва адабӣ»-и Фирқаи вилояти Самарқанд чоп шуд.
Аввалин муҳаррири масъули рӯзнома шоир, журналист, ходими фаъоли сиёсии фирқаи коммунистӣ ва ҷамъиятӣ Абдулқайюми Қурбии Самарқандӣ буд.
***
Аввалин котиби масъули рӯзнома Саидризо Ализода ва тарҷумони идора Ғуломалӣ Козимзода буданд.
***
Аввалин бонуе, ки дар идораи «Овози тоҷик» ба сифати корманди эҷодӣ кор кардаву ба дараҷаи мудир (муҳаррир)-и шуъба расида, сазовори унвони Журналисти шоистаи Ӯзбекистон гардидааст, Муайяна Хоҷаеваи самарқандӣ мебошад.
***
Шавкат Ниёзов аз ҳама бештар – 36 сол сармуҳаррир буд.
***
Муҳаммадҷон Ҳасанов аз ҳама камтар – як солу ду моҳ дар ин вазифа кор кардааст.
***
Рӯзнома охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта бо теъдоди аз ҳама бештар — 30-35 ҳазор нусха чоп шудааст.