Аввалин зоирони мавсими Умра-2022 аз Тошканд ба Ҷидда парвоз карданд

22 январи соли равон ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» бо нахустин зоирон – 241 нафар аз Тошканд ба Ҷидда (Арабистони Саудӣ) парвоз кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, ду парвози дигар рӯзҳои 25 ва 28 январ дар назар аст.

Бинобар иттилои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, ба рӯйхати ҳоҷиён ӯзбекистониёне шомил шудаанд, ки дар давраи пандемия ба ҳаҷ рафта натавонистанд ва маблағи сафарро то охири моҳи феврали соли 2020 пардохт кардаанд.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба Ҳаҷ мераванд, бояд аз доруҳои “AstraZeneca”, “Moderna”, “Pfizer” ё “Johnson & Johnson” пурра эм карда шуда, инчунин шаҳодатномаи дахлдор дошта бошанд.

Ҳоҷиён аз Ӯзбекистон низ бояд бо худ як бастаи ниқоби тиббӣ дошта бошанд. Ниқобҳо бояд дар ҳар чор соат иваз карда шаванд. Барои риоя накардани низоми ниқоб дар Арабистони Саудӣ ҷарима пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад “Uzbekistan Airports”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: