АҲАМИЯТ ВА НАҚШИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ ДАР КАСБУ ҲУНАРОМӮЗИИ ХОНАНДАГОН

На ҳамаи хатмкунандагони мактабҳои миёна дар мактабҳои олӣ хондан мехоҳанд ё хоҳанд ҳам имконият надоранд.

На ҳамаи хатмкунандагони мактабҳои миёна дар мактабҳои олӣ хондан  мехоҳанд ё хоҳанд ҳам имконият надоранд. Мо омӯзгорони фанни технология бояд дар интихоби касбу ҳунар ба онҳо кӯмак расонем. Масалан, мо метавонем дар дарсҳои беруназсинфӣ доир ба касби пазандагӣ ва таърихи он суҳбат ташкил кунем. Бо ин роҳ ба ҷавононе, ки ба ошпазӣ ҳусни таваҷҷӯҳ доранд ё дар сари дуроҳаи интихоби ин касб истодаанд, ёрии амалӣ мерасонем. 
Пазандагӣ ба диди эстетикӣ, ахлоқӣ, расму русум, меҳмоннавозӣ, тарзи ҳаёт, дар маҷмӯъ, маданияти зиндагии ҳар як халқ иртиботи ногусастанӣ дорад. Пазанда, пазандагӣ, пухтупаз калимаҳои тоҷикӣ буда, дар забони ӯзбекӣ низ дар шакли «пазанда», «пазандачилик» кор фармуда мешаванд. Санъати пазандагӣ он аст, ки инсон аз растаниву гӯшти паррандаву ҳайвонот хӯрокҳои лазиз омода кунад. Хӯроку хӯришҳои тайёршударо рӯйи дасторхон батартиб гузоштан низ санъат аст.
Пазандагӣ низ мисли дигар навъҳои санъат «жанр»-ҳои худро, аз қабили ошпазӣ, палавпазӣ, нонвоӣ, қандолотпазӣ, мантупазӣ ва яхнитайёркунӣ дорад. Ҳар як пазанда таоми мавриди назарро бо усулу шеваи хоси худ тайёр мекунад. Пазандаҳои моҳир масолеҳи хӯрокворӣ табъи дил набошад ҳам, аз онҳо хӯрокҳои серғизою лазизу ширин тайёр карда метавонанд. 
Пазандагӣ ба оташ иртиботи ногусастанӣ дорад. Одамони ибтидоӣ аз он истифода мебурданд. Он, албатта, оташи табиӣ буд. Бар асари барқ бешазорон месӯхтанд, гудозҳои вулқон низ манбаи энергияи табиӣ буданд. Одамони ибтидоӣ, барои хомӯш нашудани оташ, ба рӯйи он шоху танаи дарахтонро партофта меистоданд ва вақте зарурат пайдо мешуд, аз оташ истифода мебурданд. Дар натиҷаи сӯхтор дар беша гӯшти танаи ҳайвонҳо дар оташи табиӣ мепухт. Нахустин одаме, ки лаззати гӯшти пухтаро ҳис кард, пазандаи аввалин буд.
Пӯст кандани сабзавот қоидаҳои худро дорад, мо сабзавотро ҳар қадар тунук пӯст канем, масолеҳи хӯрокворӣ ҳамон қадар сарфа мешавад. Сабзию бодирингро аз нӯг ба самти поён, картошкаю шалғамро аз қисми охир дар шакли спирал пӯст мекананд. Тунук пӯст кандани сабзавот ба маҳорати пазанда вобаста аст. Моддаи каротин, ки аз он витамини А ҳосил мешавад, дар қисми миёна ва банди сабзӣ бештар аст. Биноан, пӯсташро нигирифта истеъмол кардани он фоиданоктар аст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки пӯсти себ дерҳазм аст. Аз ин рӯ, онро пӯст канда истеъмол менамоянд. Дуруст, пӯсти себ дерҳазм аст, вале он ба зуд ҳазм шудани таомҳои дигар кӯмак мерасонад. Намак дар ҷараёнҳои физиологии инсон нақши муҳим дорад. Дар таркиби оби даҳон, шираи меъда, сафро, ҳуҷайраҳо ва хун намак мавҷуд аст. Намаки таркиби хун кори дилро муътадил мегардонад. Дар як рӯз, як моҳ, як сол одам чӣ миқдор намак истеъмол менамояд? Мо, ба ҳисоби миёна, тавассути хӯрок 20 гр. намак истеъмол мекунем. Ин миқдор дар як моҳ 600 грамм, дар як сол 7 килограммро ташкил медиҳад. Одамони ибтидоӣ намакро намедонистанд. То кашфи намак онҳо талаби ба намак доштаи организмро аз оби баҳр ва истеъмоли гиёҳҳои шӯр қонеъ мегардонданд. 
Бино ба нақли сайёҳи рус Маклухо Маклай папаусҳо барои ҳосил кардани намак дар оби шӯри баҳр ғӯлаҳоро як муддат нигоҳ медоштанд. Баъди намаки баҳрро ҷаббидан, чӯбро дар офтоб хушконда месӯхтанд. Хокистари чӯбро, ки ҷойи намакро мегирифтааст, ба хӯрок андохта истеъмол мекардаанд. Кашфи намак мисли кашфи оташ дар ҳаёти инсон ҳодисаи бузург буд.
Санъати пазандагӣ ва хӯроки болаззат ба намак вобастагии зиёд дорад. Як пеши назар оваред, ош агар бенамак бошад, хӯрдани кас намеояд, намакаш зиёд бошад ҳам намешавад.
Фикр мекунем, ки чунин нақлҳо дар дарсҳои беруназсинфӣ барои хонандагон мароқангез буда, иштиёқи онҳоро ба касби пазандагӣ зиёд мекунад.

Ҳафиза РАШИДОВА,
омӯзгори фанни технологияи 
мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 13-уми 
шаҳри Тирмиз.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: