АҲАМИЯТИ ФОРУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ САРМОЯВИИ ТОШКАНД

Дар ҷараёни амиқсозии ислоҳоти иқтисодӣ ва ба амал баровардани дигаргуниҳои таркибии озодгардонии иқтисодиёт, мусаллаҳсозии ҷараёни истеҳсолӣ ва афзунгардонии рақобатбардории иқтисодиёти миллӣ масъалаи ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон аҳамияти муҳим касб менамояд.

Бо ташаббуси Президенти мо Шавкат Мирзиёев 2-3 май  дар шаҳри Тошканд чорабинии васеъмиқёси соҳибкорӣ – Форуми III сармоявии байналхалқӣ баргузор гардид. Аз 93 мамлакат бештар 2,5 ҳазор нафар намоянда дар он ширкат  варзид ва ин чорабинӣ ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ дар соҳаи мулоқоти глобалӣ ва сармоявӣ, нишон додани имкониятҳои иқтисодии мамлакати мо ва мувофиқат дар қабули лоиҳаҳои ба ҷонибҳо манфиатбахш ба майдони қулай табдил ёфт.
Бо мақсади нишон додани салоҳияти сармоявии Ӯзбекистон дар доираи барнома бештар аз 40 чорабинӣ, аз ҷумла, сессияҳо, ки дар онҳо муҳимтарин ҷиҳатҳои рушди иқтисодӣ муҳокима шуданд, суҳбатҳои даврӣ, муҳокимаҳо ва тақдимот гузаронда шуданд. Дар дастгирии тиҷорати хурд ва миёна чӣ тавр нақш бозидани давлат, сармоядорҳо ва соҳибкорон мавзӯи асосӣ гашт. Барқарорсозии самтҳои нақлиётӣ-логистикӣ, инфрасохтор ва «иқтисодиёти сабз» ҷиҳати ба роҳ гузоштани робитаҳои соҳибкорӣ имконияти ноёб офарид.
Бо ҷамъбаст ёфтани форум шартномаҳои зиёд ба имзо расиданд, ки 26,6 миллиард доллар арзиш доранд. Ин аз ҷозибадории баланди сармоявии Ӯзбекистон ва бомуваффақият гузаштани форум далолат медиҳад. Бо муқоисаи он ки дар пештара Форуми байналхалқии Тошканд (соли 2022)  ҷамъ 167 ҳуҷҷат имзо шуда буду 11 миллиард доллар арзиш дошт, мебинем, ки таваҷҷуҳи сармоявӣ ба мамлакати мо ба дараҷаи ҳисшаванда боло рафтааст.
Ҳаҷми сармояҳои хориҷӣ ва суръати сабзиши он ба имкониятҳои иқтисодии мамлакат, яклухтии омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву экологӣ ва самаранокии ин омилҳо – ташаккули муҳити сармоявӣ вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ташаккул додани муҳити қулайи сармоявии Ӯзбекистон яке аз шартҳои муҳими  ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва сабзиши иқтисодии мамлакат ҳисоб меёбад. Аз ин боис дар форуми навбатӣ масъалаҳои долузарб оид ба беҳсозии муҳити сармоявӣ ва ба амал баровардани лоиҳаҳои истиқболнок дида баромада шуданд.
Тавассути ин форум Ӯзбекистон дар майдони байналхалқӣ нақши худро ба сифати ҳамкори стратегӣ боз як бор тасдиқ намуд  ва эътибори сармоядорони ҷаҳонро ба худ кашид, дар сабзиши иқтисодии минтақа ҳиссаи худро гузошт.

Фирӯза РАҲМАТУЛЛОЕВА, дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро.
Аслиддин АБДУЛЛОЕВ, мудири кафедраи иқтисодиёти ҳамин донишгоҳ.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: