АҲАМИЯТИ ИНШООТҲОИ ОБТОЗАКУНӢ ДАР РОҲИ БА АҲОЛӢ РАСОНИДАНИ ОБИ ТОЗАИ ОШОМИДАНӢ

«Лоиҳаи беҳ намудани оби вилояти Ҷиззах аз ҳавзаи оби Зарафшон» калонтарин ва аҳамиятноктарин лоиҳа дар ин қаламрав ба шумор меравад.

«Лоиҳаи беҳ намудани оби вилояти Ҷиззах аз ҳавзаи оби Зарафшон» калонтарин ва аҳамиятноктарин лоиҳа дар ин қаламрав ба шумор меравад.Тавассути ба кор андохтани ин лоиҳа аҳолии ноҳияҳои Ғаллаарал, Пахтакор, Дӯстлик, Мирзочӯл ва шаҳри Ҷиззах бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд. Қимати умумии лоиҳа 576 миллиард сӯм мебошад. Ҳавзаи калоне, ки дар марҳилаи аввал об ғун меоваранд, 56 гектарро ташкил медиҳад. Аввал дар ҳавзи калон обро ҷамъ оварда, сипас ҷараёни софкунии онро ба иҷро мерасонанд. Бо ёрии лӯлаҳои об то манзили даркорӣ расонида мешавад. Масофаи миёни маҳаллаи Узунбулоқи ноҳияи Бахмал (ҷое, ки ин иншооти бузург сохта шудааст) ва ноҳияи Мирзочӯл 182 километр  мебошад. Назар ба гуфти мутахассисони соҳа танҳо барои иҷрои як қисми корҳо, ки навад фоизро ташкил медиҳад, ҳамагӣ беш аз 84 миллиард сӯм маблағ аз худ гардид.
Иншооти дигаре, ки дар бораи он сухан хоҳем гуфт, низ аҳамиятнок аст. Дар ин фасли гармои сол эҳтиёҷи аҳолиро нисбат ба оби тозаи ошомиданӣ қонеъ мегардонад. Ин иншооти обтозакунии Зомин мебошад.
– Ин иншооти обро аз соли 2014 инҷониб ҳар сол мониторинг мекунанд, – мегӯяд роҳбари дафтари матбуоти Садорати экология ва ҳифзи муҳити зисти вилоят Замира Абдуллоева. – Ҳаҷми ғунҷоиши об дар иншоот мувофиқи лоиҳа 250 метри мукааб буда айни ҳол 242 метри мукааб оби равонро ғунҷонидааст. Дар ин ҷо низ дар марҳилаи аввал об ҷамъ оварда мешавад, сипас аз панҷараҳои оҳанин гузаронида мешавад. Баъде, ки ба ду аэротенк рехт, ҷараёни софкунӣ шурӯъ меёбад. Дар он ҷо обҳои нотоза бо оксиген ва баъдтар бо омехтаи хлор безарар гардонида мешавад.
Агар солҳои пеш самаранокии ин иншооти об 65 фоизро ташкил дода бошад, айни замон ба 70-72 фоиз расидааст.
Ҳамаи ин корҳо ва пиёда гардонидани лоиҳаҳое, ки маблағи зиёдро талаб мекунад, танҳо ба хотири қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ нисбат ба оби тоза мебошад. Одамонро низ зарур аст, ки ба қадри ин неъмати табиӣ бирасанд ва беҳуда сарф нанамоянд, балки оқилона истифода баранд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: